САЛОМАТИИ МАРДУМРО ЗЕРИ ХАТАР НАГУЗОРЕД! Дар шаҳри Турсунзода 137 000 кг орди гандуми навъи дуюми пастсифат мусодира карда шуд

Август 3, 2019 12:30

ТУРСУНЗОДА, 03.08.2019./АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзии  Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Турсунзода  дар шаш моҳ  28 ҳазору 350 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзиро аз ташхис  гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 383 ҳолат  зиёд мебошад. Дар натиҷаи гузаронидани ташхис  138 тонна маҳсулоти хӯрокии ғайристандартӣ муайян гардид, ки аз он 137 000 кг орди гандуми навъи дуюми воридотӣ аз Қазоқистон мебошад. Ин миқдор орд дар асоси хулосаи комиссия  барои хӯроки чорво равон карда шуд.

Директори Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Турсунзода Пулод Мирализода изҳор дошт, ки мутахассисон дар асоси супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати  нуқтаҳои хизматрасонӣ ва савдои мамлакат ҷиҳати таъмини  либоси ягонаи махсус ва нишони сарисинагии ҳайати хизматрасон ва бо талаботи моддаи 624-и КҲМ ҶТ дар 74 ҳолат соҳибкоронеро, ки аз иҷрои ин қоида сарпечӣ намудаанд, ба маблағи 18 975 сомонӣ ҷарима карданд.

Ҳамчунин дар ин давра бахши шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонии Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт»  505 адад нуқтаҳои хизматрасониро бо шаҳодатномаи хизматрасонӣ таъмин карда, бахши баҳодиҳии мутобиқати марказ дар асоси дархости соҳибкорон 321 адад сертификати мутобиқат барои маҳсулоти дохилӣ додааст.

Август 3, 2019 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд