Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фермаи парвариши чорвои хурди шохдор ва корхонаи панир дар ноҳияи Зафаробод боздид намуданд

Август 22, 2019 10:14

ДУШАНБЕ, 22.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод бо фаъолияти фермаи инноватсионии парвариши чорвои хурди шохдор-бузҳои зоти аврупоӣ ва корхонаи коркарди ширу истеҳсоли панир шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки фермаи чорвопарварии чорвои хурди шохдор соли 2015 дар ҳудуди иншооти фермаи хусусигардидаи соҳибкори маҳаллӣ Назар Ғоибназаров дар ҳамкорӣ бо шаҳрванди Австралия Ҷеври Диллон таъсис ёфта, дар ибтидо 10 сар бузи ширдеҳ парвариш меёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин иқдоми соҳибкорону мутахассисонро дар ташкили чунин фермаи инноватсионӣ барои парвариши бузҳои зоти ширдеҳ муҳим арзёбӣ намуданд. Ин амал саҳмгузорӣ дар иҷрои “Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” барои афзун намудани саршумору маҳсулнокии чорво, таъмини бозори истеъмолӣ бо ғизои манфиатбахшу фоиданок мебошад.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шахсони алоҳида аз хориҷи мамлакат бузҳои зотҳои ширдеҳи аврупоӣ, русӣ ва қамарӣ – покистони ворид намуда, барои эҳтиёҷоти оила ва бозор шири буз истеҳсол менамоянд.

Ташкили фермаи махсуси инноватсионии бузпарварӣ нахустин дар минтақа аст.

Соҳибкорон бо мақсади афзун намудани саршумор, ба шароиту иқлими минтақа мутобиқ намудану ба вуҷуд овардани гурӯҳи бузҳои сермаҳсули самти ширӣ ва ташкил намудани фермаи махсус аз давлатҳои Швейтсария ва Франсия нутфаҳои (тухмии) такаҳои зоти алпинии бузҳои ширдеҳ ворид намудаанд.

Чорабиниҳои афзун намудани бузҳои сершир ва ба вуҷуд овардану такмили рамаи бузҳо дар ду марҳила гузаронида шуданд.

Бо роҳи бордоркунии сунъӣ аввал аз зотҳои аврупоӣ нуфтаҳои такаҳои ҷойдорӣ истифода гардида, дар марҳилаи дуюм нуфтаҳои аз ҳисоби истифодаи такаҳои зоти алпинӣ ва қисман зоти бузи қамарии Покистон ин бузҳои ширдеҳ ба вуҷуд омадаанд.

Ин тадбирҳо дар ҳамкорӣ бо гузаронидани корҳои селексионии олимону мутахассисони филиали Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гирифтани наслҳо, баланд бардоштани маҳсулнокии шир ва равғаннокии он ва мутобиқ намудани бузҳои зоти ширдеҳ ба иқлими ноҳияи Зафаробод натиҷа доданд.

Давоми солҳои 2016-2019 саршумор ҳар сол аз 25 то 40 сар зиёд гардида, ҳоло ба 240 сар расонида шудааст. Аз ин миқдор 100 сар модарбузҳои ширдеҳанд.

Ширҷӯшӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар дар як шабонарӯз 2,5-3 литрро ташкил медиҳад.

Дар натиҷа дар 1 шабонарӯз 200-220 литр, дар як моҳ 6-6,5 тонна шири буз истеҳсол карда мешавад.

Фермаи махсуси бузпарварӣ бо таҷҳизоти технологии пешрафтаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Инҳо таҷҳизоти технологии обу ғизодиҳӣ, профилактикию тарбияи бадани чорво, таҷҳизоти тозакунии иншоот ва таҷҳизоти ширҷӯшӣ мебошанд, ки истеҳсоли давлатҳои Швейтсарияю Германияанд.

Тавассути хатти технологии обу ғизодиҳии тақсимоти хошоку консентрат ва об ба таври автоматӣ мувофиқи талаботи зооинженерӣ суръат мегирад.

Истеҳсоли шири буз ва ҷурғоту маҳсулоти дигар аз шири буз бино ба хулосаҳои илмию тиббӣ ба организми одам манфиатбахшу шифобахшанд.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо фермаи инноватсионӣ, суҳбатҳо бо муассисони ферма ва мутахассисони соҳа таъкид доштанд, ки таъмину дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифату табиӣ омили асосии солимии ҷомеа мебошад. Ҳамчунин таъкид ёфт, ки ҳарчи бештар ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти чорво, хусусан шири чорво ва аз он истеҳсол намудани маҳсулоти ширӣ аз имкониятҳои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии табиии худӣ мебошад.

Муассисони фермаи инноватсионии бузпарварӣ дар ҳудуди ферма бо таъсиси коргоҳи коркарди шири буз истеҳсоли панирро аз шири буз дар асоси усулу анъанаҳои аврупоӣ ба роҳ мондаанд.

Иқдоми соҳибкорони ватанию хориҷӣ оид ба ташкили фермаи бузҳои зотҳои аврупоию маҳаллии ширдеҳ қобили пайравӣ ва паҳн кардани ин таҷриба дар дигар минтақаҳои мамлакат мебошад.

Боздид аз фермаи парвариши чорвои хурди шохдор ва корхонаи панир дар ноҳияи Зафаробод 22.08.2019

Август 22, 2019 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд