Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагиҳои деҳқонии «Ҷурабеки Яхтан» ва «Ҳоҷӣ Абдуворис»-и ноҳияи Деваштич боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии “Ҷурабеки Яхтан” ва Ҳоҷӣ Абдуворис” шинос шуда, бо мардони рӯзгордида, деҳқонони асил суҳбат намуданд.
Дар ҳар ду хоҷагӣ деҳқонон ба кишти полезӣ, парвариши ангур ва каду машғул мебошанд.
Аз рӯи иттилои деҳқони ботаҷрибаи Хоҷагии деҳқонии “Ҷурабеки Яхтан” Ҷурабек Ахмедов хоҷагӣ дар ихтиёри худ 11 гектар, аз ҷумла 3,40 гектар замини корам ва 1,50 га майдони токзори нав дошта, дар он асосан парвариши полезӣ ва ангури навъи “ҳусейнӣ”-ро ба роҳ мондаанд.
Зимни суҳбат бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди рӯзгордида, роҳбари Хоҷагии деҳқонии “Ҷурабеки Яхтан” Абдуворис Орифов таъкид намуд, ки аз рӯи нақли аҷдодон ва мушоҳидаҳо заминҳои ин мавзеъ садсолаҳо боз бекор хобида буданду дар онҳо гулу гиёҳе намерӯид. Бо ташаббус, дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат ҳазорҳо гектар замин обёрӣ гардид. Акнун заминҳо ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, мардум аз он барои рӯзгузаронӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ васеъ истифода мебаранд.
Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Абдуворис” дар ихтиёри худ қариб 17 гектар замин, аз ҷумла 8,19 га замини корам, 6,25 га замини обӣ, 1 га боғ ва 1,40 га майдони токи навъи “тоифӣ” дорад.
Тавре мушоҳида гардид, деҳқонон аз заминҳои худ ба таври самаранок истифода мебаранд ва натиҷаи кор ҳамин аст, ки аллакай дар соли аввали кишти зироат ҳосили фаровон парвариш кардаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор аҳолиро ба истифода доданд






