«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар вақте аз мо мепурсанд, ки Истиқлоли давлатӣ ба мо, мардуми тоҷик чӣ дод, аввалин посухе, ки ба забонам меояд, ин аст, ки истиқлол аввалан ба мо худи моро дод, Ватанамонро дод, таърихамонро дод. Мо, пеш аз ҳама, худро шинохтем, соҳиби номи худ, таърихи худ, ҳувияти худ, озодии худ гардидем. Ва ин кам чизе нест барои як халқ, як миллат. Бисёр қавмҳое ҳастанд, ки ин армони миллиро асрҳо боз мепарваранду ба он намерасанд. Аммо расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ҳанӯз оғози кор буд, мо бояд ба ҷаҳониён нишон медодем, ки миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо бо дастовардҳои беназири таърихияш сазовори ин озодист. Ин озодиро дар қӯраи ҷони худ, дар фурӯғи дидагони худ парваридааст. Миллате, ки бо гуфтори нек, пиндори нек ва кирдои нек танҳо ба манфиати башрият ва хушбахтии одамизод дар рӯи Замин зистааст.
— Истиқлоли давлатӣ на танҳо мамлакати моро эҳёи тоза бахшид, балки дар қатори дастовардҳои бебаҳои дигар бузургони моро ба мо баргардонд. Қаноатманд аз онем, ки дар радифи эҳёи дубораи Наврӯз, Садаву Тиргону Меҳргон, ҳунарҳои мардумӣ, симои миллӣ бузургони номдор, нобиғагони илму адаби гузаштаи мо як-як ба Тоҷикистони мо омаданд, бо чеҳраҳои мунаввар ва қаду қомати зебо дар кӯчаҳои пойтахтамон қомат афрохтанд.
Имрӯзҳо танҳо дар ҷумҳурии мост, ки Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Мавлоно ҳамасола ҷашн гирифта мешавад, танҳо дар мамлакати мост, ки ба ҳар хонадон китоб тақдим мегардад ва танҳо дар кишвари мост, ки шоҳкитоби адабиёти ҷаҳон: «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ чун ҳуҷҷати аслу насаби халқи мо муаррифӣ мегардад.
Мо ҳама шоҳиди бозгашти Устод Рӯдакӣ бо шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба сарзамини куҳанбунёдамон ҳастем. Устод Рӯдакӣ на танҳо дар Рӯзи Рӯдакӣ, балки ҳамарӯзаву ҳамасола бо мост. Чуноне ки Мавлоно бо мост, чуноне, ки Фирдавсии бузургвор бо мост ва ҳама фарзандони дигари нобиғаи миллатамон. Зеро ин сиёсати фарҳангдӯстона, ҳадафҳои баланди маънавии Пешвои миллати мо ва Ҳукумати мост.
Мо, ворисони воқеии Устод Рӯдакӣ бояд бо номи ин абарустод ифтихор дошта бошем. Ифтихор аз он дошта бошем, ки ӯ зодаи ҳамин миллату ҳамин халқу ҳамин табиатест, ки имрӯз мо аз он нафас мекашем.
Он унвонҳои баланду ифтихорие, ки Устод Рӯдакӣ барҳақ ба он шарафёб шудааст, каси дигар дар таърихи адабиёти форсизабон шарафёби он нагардидааст. Аз ҷумла, ду унвонро бо ифтихор мехоҳам ёдовар шавам ва аввалини он унвони Одамушшуарост. Танҳо устод Рӯдакист, ки шоистаи ин унвони баланду нотакрор будааст. Одамушшуаро, яъне, нахустшоири ҷаҳон. Яъне Худованд нахустин инсонро бо номи Одам офардааст. Ва дар шеър ҳамон нахустин одам фарзанди миллати мо Устод Рӯдакист.
Унвони дигаре, ки низ танҳо шоиста ба номи Рӯдакӣ шудааст, вожаи “Устод”, яъне, дар шеъри аҷам танҳо Рӯдакӣ бо ин унвон сазовор гардидаву ном бурда мешавад, Устод Рӯдакӣ ва ӯ ягонаву нотакрор аст. Акнун шояд хонанда эҳсос кунад ин шараф — шарафи ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ буданро доштан низ шарафи бузург аст.
Табиист, ки ин унвонҳои баланд дар паси худ хидматҳои баланду бесобиқаи Устод Рӯдакиро маҳфуз доштаанд.
Устод Рӯдакӣ ҳамон нахустшоири эътирофшудаест, ки чун аввалин бунёдгузори забони адабии тоҷикӣ-форсӣ, чун аввалин бунёдгузори шеъри форсӣ ва навъҳои асосии он қасидаву ғазалу маснавиву рубоӣ ва ғайра, чун устоди “саҳли мумтанеъ” эътироф гардидааст. Зиёда аз он, ҳамон қадаре, ки шоҳони сомонӣ дар бунёди давлатдории миллии мардуми ориёинажод саҳми бузург ва мондагор доранд, Устод Рӯдакӣ дар бунёди забону адабиёт ва маънавиёти бузурги ин давраи миллатамон саҳмгузор аст. Маънавиёте, ки баъдан дар зербуни он як адабиёт ва фарҳанги бузург ва оламшумули форсӣ -эронӣ қомат афрохт.
Эъҷози шеъри Рӯдакӣ дар он аст, ки баъд аз гуштани садсолаҳо боз ҳам тару тозаву имрӯзист ва ҳаргиз кӯҳнагӣ намепазирад. Бо шеъри ӯ метавон имрӯз зист, онро чун раҳнамову раҳкушои ҳамешагии зиндагии худ истифода бурд.
Он киштие, ки Устод Рӯдакӣ ҳазору анд сол пеш дар шеъри худ аз накӯкорӣ сохта буд, имрӯз ҳам одамонро наҷот мебахшад:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм к-андар ӯ нигарӣ,
Ҳамчу дарёст, в-аз накӯкорӣ
Киштие соз то бад-он гузарӣ.
Ин магар эъҷози шеъри Рӯдакӣ нест, ки баъд аз ҳазору анд сол ин суханҳо ҳанӯз фаҳмову дастрасанд, балки кӯҳнагӣ намепазиранд ва ман аминам, боз садсолаҳои дигар таровати имрӯзӣ будани худро аз даст нахоҳанд дод.
Ё бубинед ин суханони одиву содаву фаҳмо, аммо пур аз эъҷозро, ки ягон хонандаро бетараф намегузоранд ва ҳар нафар онро моли диди худ меҳисобад:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯи дӯстон!
Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
Ҳазорон нафар шоирони мумтоз дар сифати дӯстиву дӯстон шеърҳое гуфтаанд волову арзанда, аммо гули сари сабади ҳама дидорҳои дӯстона боз ҳам ҳамин мисраъҳои пурэъҷози Устод Рӯдакист.
Шеъри Устод Рӯдакӣ асрҳо боз дар байни мардум кор мебарад, бештару беҳтар аз мумтозтарин таблиғотгар раҳнамои мардум аст. Ҳар инсоне, ки ин рубоии Устод Рӯдакиро боре хондаву дар ёд гирифтааст, ҳаргиз онро аз ёд намебарорад ва ин рубоӣ мисли чароғи дурахшоне аз ҳофизаи ӯ, аз сиришти ӯ зиндагияшро мунаввар медорад ва намегузорад ӯ дар зиндагӣ номард бошад:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ,
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Шоири дигареро намешиносам, ки то ҳадди Устод Рӯдакӣ имрӯз фаъол бошаду шеъраш ба наҷоти мардум доимо дасти дароз дошта бошад. Зиндагӣ борҳо ба мо нишон дод, ки боз ҳам дар ҳассостарин рӯзгори халқи мо шеъри муъҷизаофари Устод Рӯдакӣ наҷотбахши халқи мост. Дур намеравем, рӯзгори мудҳиши ҷанги бародаркуши шаҳрвандиро ба хотир меорем. Маҳз шеъри Устод Рӯдакӣ, сатрҳои пурэҳтироси баланди ӯ буданд, ки дар ростои силоҳбадастон бештар аз як сипари наҷотбахшу ҳаётбахш хидмат карданд:
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фармӯш,
Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,
Ангур на аз баҳри набид аст ба чархушт…
Дар идома Устод Рӯдакӣ далелҳоеро меорад, ки дар пеши он ҳар силоҳбадасте таслим хоҳад шуд:
Исо ба раҳаш дид яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.
Гуфто, ки киро куштӣ, то кушта шудӣ боз,
То боз кӣ ӯро бикушад, он ки туро кушт.
Чӣ гуна одӣ, расанда ва таъсирбахш аст ва ин як тири Рӯдакӣ ба муқобили ҳама он тирҳои силаҳбадастон нишонрастарин тири суханвари мумтоз ва пирӯз буд:
Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа бар дар кӯфтанат мушт.
Чӣ ҷамъбасте нишонрас ва чӣ тире, ки бе чуну чаро ба ҳадаф расидааст. Чунин ҳассосияти шеър наметавонад бе таъсир бошад барои одами зинда. Ва ин аст эъҷози каломи адолатофару ҷонбахшои устод Рӯдакӣ.
Оё бо ин намунаҳои ашъор Устод Рӯдакӣ имрӯзитар аз мо нест?
Бале, Устод Рӯдакӣ бори дигар моро сабақ дод, ки шеър бояд чӣ гуна ва кай гуфта шавад.
Дар мавриди ҳунари шоирӣ ва тозагӯиҳо низ Устод Рӯдакӣ асрҳост, ки намунаи ибрати мо буд ва имрӯз ҳам ҳаст.
Дареғо, ки мо на ҳамеша аз шеъри бузургонамон истифода мебарем, лоақал барои сабук кардани зиндагии худ.
Устод Рӯдакӣ рубоие дорад, ки ба андешаи ман ҳар нафаре, ки мехоҳад хушбахт бошад, бояд онро дар болои бистари худ навишта гузорад, то рӯзе як бор бихонад ва дарк кунад, ки бо иҷрои ин гуфтаҳои устод хушбахт ва бениёз хоҳад буд:
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав озод бизӣ,
Дар беҳ зи худӣ назар макун, ғусса махур,
Дар кам зи худӣ назар куну шод бизӣ.
Дар мавриди тозагӯиву навовариву бадеияти баланд боз ҳам Устод Рӯдакӣ беҳтарин сабақомӯзи имрӯз аст.
Ман боре гуфта будам, ки шоирони мо як замоне дар суроғи тозаҷӯӣ ва гуфтани шеъри модерн ҷустуҷӯҳо доштанд ва яке гӯё кашфиёте карда буд ва мегуфт ”гиряҳоям ханда дорад, хандаҳоям гиряе”, аммо ман ин тасвири модерни он шоирро дар шеъри ҳазору анд сол пеш навиштаи устод Рӯдакӣ пайдо кардам, ки хеле зеботару шоиронатар гуфтааст:
Аҷаб ояд маро зи кардаи хеш,
К-аз дари гиряам ҳамехандам.
Бубинед, “хандаҳоям гиря дорад” не, балки байте, ки аз бадеияти воло ва тасвирҳои ноби тозаи зебо низ саршор асту хеле шоирона барҷаста аст.
Барои нишон додани ҳунари шоирии устод Рӯдакӣ ҳамин як байт кофист:
Бунафшаҳои тарӣ хел-хел сар бар кард,
Чу оташе, ки ба гӯгирд бардавад кабуд.
Ин мушоҳидаи ноб шабоҳати оташи гӯгирд ба ранги бунафша аз барҷастатарин тасвир ва мушоҳидаи шоиронаи Устод Рӯдакист.
Бадеияти баланд, ҳусни баланди тасвир ва ҳунари шеъри Устод Рӯдакӣ ҳанӯз пажӯҳиши шоиста надидааст ва мунтазири пажӯҳишгарон донишманди муосир аст.
Мо мухтасар дар бораи имрӯзӣ будани шеъри абарустод Рӯдакӣ сухан кардем ва ин сухани кӯтоҳро бо як қитъае ки дар ҳамин маврид гуфтаам, ҳусни хотима мебахшем:
Бар алайҳи обу оташ, хокбоди асрҳо,
Дар ҷаҳон чизе ба ҷуз руҳи сухан поянда нест.
Асри бисту як, зи баъди қарнҳои бешумор
Пештоқат боз ҳам муҳтоҷи шеъри Рӯдакист!
ОХИРСУХАН.
«Бозгашти Рӯдакӣ» унвони манзумаест, ки ба истиқболи Рӯзи Рӯдакӣ навишта шуда буд. Дар Рӯзи Рӯдакӣ ба хонандагони арҷманд – ҳаводорони шеъри ноби Устод Рӯдакӣ тақдим мегардад.
БОЗГАШТИ РӮДАКӢ
Бо тулӯъи озарин аз домани Вақту Фазо,
Бо фурӯғе офтобӣ аз фаросӯи Бақо,
Озарахши васл дар дидор,
Офтоби ишқ дар рухсор,
Рӯдакӣ баъд аз ҳазору анд сол
Боз меояд падидор…
Боз меояд…
То ба мифтоҳи дуруди хеш
То ба эъҷози суруди хеш,
Боз бикшояд ба рӯйи мо дари накшодаҳоро…
Рӯдакӣ баъд аз ҳазору анд сол
Мерасад бо пайки армони дигар.
То дар ин хоки куҳанбунёд боз
Миллаташ хезад ба сомони дигар.
Рӯдакӣ баъд аз ҳазору анд сол
Боз меояд…
Дар нигоҳи пандрезаш муждаи бахт аст.
Бозгашти ӯ далели бозгашти Оли Сомонӣ
Боз бар он тоҷу тахт аст!
В-андар ин сурат, ки акси родмардиҳост,
Сирати Вақт аст.
Боз бояд гашт..,
Бояд бозгашт…
Боз бояд гашт бар ояндаи худ,
Боз бар он ҳастии пояндаи худ.
Боз бояд гашт бар он ҳолаи армони худ,
Боз бар ҷисму тавону ҷони худ.
Боз бояд гашт аз баъди ҳазору анд сол,
Ҳамчу акси бениёзиҳо
Бар ҳамон оинаи покӣ,
Ҳамчу уммеди худовандӣ
Бар ҳамон эҳёи афлокӣ,
Ҳамчу нанги рафта аз каф
Бар ҳамон мардӣ,
Бар ҳамон ойини бебокӣ.
Ин даме, ки бо вағо дарёи Вақт
Мекунад таҳдиди тӯфони аҷалхез,
Боз бояд гашт бар он киштии неки наҷобат,
Киштии амну наҷотат,
Киштии рӯзи наҷот,
Киштие, ки аз накӯкорист,
Дар кафи амвоҷи дастони Худост,
Нохудояш Рӯдакист,
Бегазанди ҷумла офатҳост!
Ҳуҷҷати миллӣ ба номи Рӯдакӣ бояд гирифт,
Бояд аз ин марзҳои беҳадӣ бигзашт,
Бояд аз макру фиребу аз бадӣ бигзашт,
Аз шаби торику аз бими дадӣ бигзашт,
Бо фурӯғи эзадӣ бигзашт…
Боз бояд гашт бар он қуллаҳои дастнорас,
К-аз футувват, пояҳои илму ҳикмат
Баҳрамон пиронамон афрохтанд.
Оҳ дар ин рӯзгори пуршигифт
Ҳуҷҷати миллӣ ба номи Рӯдакӣ бояд гирифт!
Баҳри бигзаштан зи кулли марзҳои ноумедӣ
Баҳри бигзаштан зи марзи обу оташ чун навиде
Бар диёристони бемаргӣ….
Боз бояд гашт бар дунёи худ,
Боз бояд гашт бар симои худ.
Боз бар он маъбади маънои худ.
Бар диёре, ки дар он вожа
Ҳамчу гул дар шохаи лаб мешукуфад,
Рӯзгораш мактаби ҳикмат,
Зиндагӣ – омӯзгор,
Дар замини некмардӣ
Нахли матлаб мешукуфад.
Бар диёри Рӯдакӣ,
Бар он диёри панду ишқу родмардиву саховат,
Фитрату ҳикмат,
Боз бояд гашт бар он остон,
Остони ростон.
Бар ҷаҳоне, ки дар он ҷо
Родмардӣ ифтихор асту футувват ёр,
Хайру эҳсону адолат – дидаи бедор.
Бар ҷаҳони чангу рӯду барбати дерин,
Бар диёри аз дурахши ҳикмати воло зарогин.
Бар диёре, ки дар он ҳастӣ
Рӯди шодоби суруд аст,
Марзҳои ишқ он ҷо беҳудуд аст.
Боз бояд гашт бар он кишваре, ки вожаҳояш
Чун чароғон раҳнамоянд,
Ояҳои шоиронаш чун тилисми раҳкушоянд.
Саҳфаи авроқашон – оинаи дунёнамоянд,
Сокинонаш бо худанду бо Худоянд.
Ҳуҷҷати миллӣ ба номи Рӯдакӣ бояд гирифт.
Ҳуҷҷате, ки мекушояд роҳи моро то тамаддунҳо,
Аз фарози кӯҳу ҳомун
То фарози ҳафт гардун.
Ҳуҷҷате, ки дар ҳама олам
Эътибороти гузаштан аз тамоми марзҳо дорад,
Рухсати арзи само дорад.
Ҳуҷҷати миллӣ ба номи Рӯдакӣ бояд гирифт,
Бояд аз нав хест бо рӯҳи ҷавонмардӣ,
Сарфароз аз бениёзиҳои худ,
Ҳамчу оғози нави оғози худ,
Бо наво, бо соз, бо овози худ,
То садомонро шиносанду ҷавоб ояд
Аз азизони балогардонамон,
З-он ҳама пирони пурэъҷози худ.
Ҳуҷҷати миллӣ ба номи Рӯдакӣ дорӣ?!
Марҳабо бар кишвари Сино!
Марҳабо бар кохи Фирдавсӣ!
Марҳабо бо нардбони Мавлавӣ бар гунбади мино..!
Бар «Гулистон» марҳабову марҳабо бар «Бӯстон»
Ҳам ба ишқистони Ҳофиз…Марҳабо..!
Ҳуҷҷати миллӣ ба номи Рӯдакӣ бояд гирифт,
Он, ки шеъраш то ба гардунҳо саломи мост,
Он, ки шеъраш ҷониби Ҳақ раҳнамост,
Он, ки аз баъди ҳазору анд сол
Бо ҳазору сад забона дар забон аст,
Созу овозаш ҳамоҳанги замон аст.
Он, ки дар тӯли ҳазору анд сол
Шеъри волояш шиори насли инсон аст,
Зеби минбарҳои волои ҷаҳон аст,
Раҳнамои чархи гардон,
Раҳнамо то ҷовидон аст!
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»








РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид
ҲИФЗУ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛОТИИ КӮДАКОН ДАР ДУНЁИ РАҚАМӢ. Чӣ гуна амнияти иттилоотии онҳоро таъмин намоем?
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Истифодаи оқилонаи он барои рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон имконоти нав фароҳам меорад






