ШОИРИ ТОҶИК БАРАНДАИ МЕДАЛИ НУҚРАИ «ЛИФФТ-2019» ГАРДИД. Дар Тюмен IV Фестивали фестивалхои адабии умумироссиягӣ хотима ёфт

Август 13, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 13.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоири тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим барандаи  медали  нуқраи IV Фестивали фестивалҳои  адабии умумироссиягӣ  «ЛиФФт-2019» гардид.  Маросими ҷамъбасти  фестивал 28 июл дар Тюмен баргузор шуд.

Барои иштирок дар Чаҳоруми Фестивали фестивалхои  адабии умумироссиягии   «ЛиФФт-2019», ки ба 75-солагии вилояти Тюмен ва Соли байналмилалии забонҳои маҳаллӣ бахшида шуда буд, зиёда аз ҳазор дархост ворид гардид.

Ин ташаббуси оммавӣ ва лоиҳаи байналмилалии таълимист, ки аз соли 2016 инҷониб ҳамасола баргузор мешавад. Тюмен бори аввал мизбони ин фестивал гардид.  Фестивалро ба ин шаҳр ғолиби ҷоизаи тиллои «ЛиФФт-2018» дар Сочи нависанда Николай Шамсутдинов овард. Аз соли 2018 инҷониб фестивал дар якҷоягӣ бо Ассамблеяи халқҳои Россия гузаронида мешавад.

«Мо пешоҳангони  ин фестивал ҳастем. Фестивал сол аз сол пурнуфуз ва сатҳаш баланд мегардад. Шоирон, нависандагон, драматургҳо, ноширон, мунаққидон, ходимони фарҳанг аз панҷ кишвари сайёра ва зиёда аз 50 минтақаи Россия барои унвони лауреати фестивал рақобат  мекунанд. Озмуни адабӣ дар 16 категория баргузор гардид: шеър дар техникаи авангард, шеъри «Анъанаҳои асри нуқра», шеъри «Овозҳои гуногун», шеъри «Ашъори миллӣ», тарҷумаи манзум, шеър барои кӯдакон, насри хурд, хурдтарин достон, фантастика, детектив, драматургия,  афсона, эссе, мақолаи танқидӣ, ҳаҷвия, тарҷумаҳо»,-гуфт Маргарита Ал, президенти Фестивали фестивалҳои авруосиёии «ЛиФФТ» дар нишасти матбуотӣ.

Маросими пӯшидашавии фестивал 28 июл баргузор шуд.  Дорандаи медали тиллои фестивал ин дафъа шоир-сароянда Виктор Пеленягрэ гардид. Ҳакамон саҳми ӯро дар шеър ва шоу-бизнес қадр карданд. Ҳамин тавр фестивали  навбатии V умумироссиягии «ЛиФФт» дар Москва баргузор мешавад.

Шоири тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим бо медали нуқра сарфароз гашт.

Ғолибон аъзои ҳайати Россия дар чорумин фестивали фестивалҳои адабии АвруОсиё «ЛиФФт-2019», ки моҳи сентябр дар пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон — Боку баргузор мешавад ва адибони 55 кишвари ҷаҳонро ҷамъ меорад,  ширкат хоҳанд намуд.

Ёдовар мешавем, шоир Абдуқаҳҳори Қосим 27 январи соли 1965 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон таваллуд шуда, ҳоло дар шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекунад. Дорои маълумоти олӣ – педагогӣ мебошад. Солҳои 1983 — 1985 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС хидмат кардааст. Ӯ муассис ва роҳбари клуби адабии «Ворисони Турсунзода» ва филиали Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода буда, ҳамчунин сардабирии рӯзномаи маҳаллии «Ҳидоят»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бар дӯш дорад.

Абдуқаҳҳори Қосим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ шеър менависад. Ӯ муаллифи китобҳои «Алифбои шавқовар», «Бешаи анбӯҳи андеша», «Садои Дил», «Ворисон», «Сарзамини сабзи хотира» ва дигарон мебошад. Намунаи ашъораш ҳамчунин дар маҷмӯаҳои «Номҳои нав дар адабиёт» («Новые имена в литературе»), «Маҷмӯаи финалистони озмуни байналмилалии ба номи Ф. Тютчев» («Сборник финалистов Международного конкурса имени Ф. Тютчева»), «Маҷмӯаи Ялос-2017» («Сборник Ялос-2017»), «Автограф», «Россияи ман-2016» («Русь моя-2016»), «Зангӯлаи русӣ» («Российский колокол»), «Дебют-2016» чоп   шудааст.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳамоҳангсози Шӯрои байналмилалии Иттифоқи байналмилалии нависандагон, номзад ба ҷоизаи миллии адабии «Шоири сол – 2016», номзад ба ҷоизаи адабии ба номи Сергей Есенин-2016, номзад ба ҷоизаи «Мерос»-2017-и Озмуни байналмилалии ба номи Ф. Тютчев, дорандаи дипломи Фестивали байналмилалии кушоди мусиқӣ ва адабии «Ялос-2017-2018» ба номи Лев Болдов» мебошад.

Ӯ инчунин дорои мукофотҳои зерин мебошад: «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали ҷашнии 20-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, медали «Барои кӯмак ва мусоидат ба ҳаракати ветеранҳо».

ДАР АКС: дар маросими тантанавии пӯшидашавии Фестивали чоруми адабии умумироссиягии фестивалҳо «ЛиФФт-2019». Тюмен, қасри фарҳанги Нефтяник.

 

 

Август 13, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд
ҶАШНИ САДА НИЗ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШАВАД. Пешниҳоди академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
«САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ». Дар Душанбе ҷашни Сада бо намоиши тухмии зироати кишоварзӣ оғоз гардид
«САДА-ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба он конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
ҶАШНИ САДА ДАР ДЕВАШТИЧ. Он бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил шуд
Пагоҳ дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мурғоб ҷашни Садаро бо шукуҳ таҷлил намуданд
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
ДАСТАРХОНИ ҶАШНИ САДА. Мумина Шовалиева: «Дар он таомҳои зимистона ва меваҳои хушк гузошта мешаванд»
Дар Хатлон барои ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ 1 миллиону 858 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ вобаста ба пешбурди ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 ҳамоиш доир шуд
Соли 2024 сафи довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 860 нафар зиёд гардид