«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 31.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар шаҳри Норак бо иштироки занону духтарони фаъол даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Либоси миллӣ – нишони тамаддун ва фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.
Фестивали ҷумҳуриявии «Либоси миллӣ – нишони тамаддун ва фарҳанги миллӣ» бо мақсади арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ, расму оинҳои миллию мардумӣ ва тақвияти ҳисси зебоишиносии ҷавонон гузаронида шуд.
Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат буда, ҳамчун ёдгории беназир аз гузаштагон дар тӯли қарнҳо ҷаззобияту зебогиашро аз даст надодааст. Зан – модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, навъҳои гуногуни либосҳои миллиро дар ҷаҳон муаррифӣ намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳо вобаста ба ҳувияти миллӣ ва дигар арзишҳои миллат суханронӣ намуда, ба занони ҷумҳурӣ чунин муроҷиат намуда буданд: «Мо бояд сидқан, фақат бо забон не, аз сидқи дил Ватанамонро дӯст дорем. Забону фарҳанги худро, анъанаҳои миллии худро дӯст дорем. Сару либосҳои миллиамонро дӯст дорем. Дӯстони азиз, модарону хоҳарони меҳрубон, бинед, чӣ хел рангоранг, чӣ қадар зебоянд либосҳои миллии мо. Бе ҳамин ҳам мардуми ориёитабор, мо – тоҷикон мардуми зебо ҳастем. Лекин либосҳои миллӣ моро боз ҳам зеботар мекунанд. Бас кунед, бегонапарастиро!»
Арҷгузорӣ ба фарҳангу анъанаҳои миллии тоҷикӣ, хусусан эҳёи либоси миллӣ — атласу адрас ва чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва коҳиши майли бегонапарастӣ аз ҳадафҳои асосии иқдоми«Либоси миллӣ – нишони тамаддун ва фарҳанги миллӣ» мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид






