Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро тамошо карданд
ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон, намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба тамошои Осорхонаи миллии адабиёти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба номи Низомии Ганҷавӣ рафта, бо осори адибони Озарбойҷон аз наздик шинос шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Меҳмононро муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон, директори Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷон ба номи Низомии Ганҷавӣ, академик Рафаэл Ҳусейнов истиқбол намуд. Академик Рафаэл Ҳусейнов зимни мулоқот роҷеъ ба равобити таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар изҳори назар намуда, таъкид дошт, ки дӯстии мардумони Тоҷикистон ва Озарбойҷон решаҳои амиқи таърихӣ доранд.
Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили муҳимми соҳаи осорхонашиносӣ, аз ҷумла таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ, ташкили намоишҳои муваққатӣ, тармиму таҳкими осори таърихӣ, ташкили давраҳои бозомӯзии кормандони осорхонаҳои ҳарду кишвар ва густариши робитаҳои касбиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин барои намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ дар толорҳои Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷон сайри осорхонавӣ ташкил гардид. Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ ҳайати Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо намунаҳои гуногуни мероси таърихию фарҳангии ин кишвар, аз қабили нусхаҳои дастнавис, китобҳои чопи сангӣ, мусаввараҳо, пайкараҳо, қолинҳо, минётураҳо ва дигар осори илмиву адабии адибону олимони маъруфи Озарбойҷон шинос шуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






