Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
20.08.2019, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
Ҳамдиёрони азиз!
Тамоми сокинони заҳматпешаву шарафманди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, аз ҷумла шумо, ҳозирини арҷмандро бо рӯйдоди бузурги таърихи навини халқи тоҷик — Рӯзи истиқлолияти давлатӣ, ки имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар айёми омодагӣ ба таҷлили он қарор доранд, табрик гуфта, ба ҳар яки шумо сиҳатмандӣ, хонаи обод ва ба хотири ободии ин диёри кӯҳистони тоҷикон барори кору муваффақият орзу менамоям.
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон мебошад ва маҳз ба туфайли истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам омад, ки ин гӯшаи биҳиштосои сарзамини аҷдодиамон эҳё гардида, ба яке аз мавзеъҳои муҳимми кишоварзии мамлакат табдил ёбад.
Ноҳия ҳамеша таҳти назорат ва ғамхории давлат қарор дошта, Ҳукумати мамлакат набзи ин гӯшаи дурдаст ва зебои диёрамонро хуб эҳсос менамояд ва аз зиндагии мардуми он огоҳ мебошад.
Ва ҳар вақте, ки ман бо сафари корӣ ба Кӯҳистони Мастчоҳ меоям, ободиҳои баамаломадаро дида, аз натиҷаҳои заҳмати дастони мардуми сарбаланду заҳматқарини ин диёри кӯҳистони тоҷикон қаноатманд мегардам.
Дар як муддати хеле кӯтоҳ, яъне тайи се-чор соли охир дар деҳоти ноҳия ба шарофати таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат иншооти иҷтимоӣ, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, намояндагии бонкҳо, нерӯгоҳҳои барқи обии хурд ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шудаанд, ки ҳоло фаъолияти муназзам доранд ва боиси хеле беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ гардидаанд.
Дар ин муддат, инчунин, аз баракати заҳмати сокинони ватандӯсти ноҳия дар шароити кӯҳистони камзамин боғҳои нав бунёд шуда, майдони заминҳои корам васеъ ва роҳҳои байни деҳот тахту ҳамвор гардида, маркази ноҳия бо қомат афрохтани иншооти муосири маъмуриву хизматрасонӣ ва бунёди хиёбону гулгаштҳо ҳусни тоза гирифтааст.
Яъне хуб мушоҳида мегардад, ки истиқлолияти давлатӣ ба ин гӯшаи диёрамон, дар ҳақиқат, умри дубора бахшида, роҳи онро равшану мунаввар кардааст.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ қариб 170 миллион сомонӣ, аз ҷумла 81 миллион сомонӣ мусоидати молиявӣ ва аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо 35 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Дар раванди омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқолияти давлатӣ нақшаи корҳои ободониву бунёдкории ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ беш аз 100 иншооти таъиноти гуногунро фаро мегирад, ки аз он то ба имрӯз 35 иншоот бунёд ва таъмиру азнавсозӣ карда шудааст.
Дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашн мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои сари вақту босифат ба охир расонидани корҳои сохтмону ободкорӣ азму талош варзанд.
Бояд зикр намуд, ки Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2016-2020 аз 171 лоиҳа иборат буда, дар сеюним соли охир 52 лоиҳа дар ҳаҷми беш аз 102 миллион сомонӣ амалӣ шудааст, ки қариб 60 фоизи маблағи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Зарур аст, ки лоиҳаҳои боқимонда барномаи мазкур сари вақт ва бо сифати баланд иҷро карда шаванд, ки ин масъала аз ҷидду ҷаҳд ва қобилияти ташкилотчигии роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вобаста мебошад.
Ҳангоми сафари қаблӣ масъулонро вазифадор карда будам, ки бо дарназардошти эҳтиёҷоти кишоварзони ноҳия ба заминҳои обӣ ва дар ин асос афзоиш додани майдони кишти картошка ва боғҳо барои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои бекорхобидаи Дашти Фалахмон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҷиҳати иҷрои ин супориш соли ҷорӣ ба маблағи қариб як миллион сомонӣ марҳалаи дуюми хатти оби полезии Дашти Фалахмон ба анҷом расида, он ба истифода дода шудааст, ки дар натиҷа 240 гектар заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд.
Дар марҳалаи аввал садҳо нафар сокинони ноҳия соҳиби ҷойи кор мешаванд. Баробари сероб шудани ин дашти ташналаб садҳо нафари дигар барои худ шуғли муносиб пайдо мекунанд ва он рӯз дур нест, ки дар ин мавзеъ киштзору боғҳои сарсабз бунёд хоҳанд шуд.
Ҳамчунин, дар доираи нақшаи корҳои ободонӣ соли ҷорӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Ҳадишаҳр, Пастиғав ва Ғузн сохтмони биноҳои ёрирасон анҷом ёфта, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ба фаъолият оғоз кардааст.
Ҳоло сохтмони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар деҳаҳои Дашт ва Эсизи Поён барои 570 нафар хонанда, бинои муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ дар деҳаи Деҳавз бо 110 ҷойи нишаст, мактаб дар деҳаи Хайробод, муассисаи томактабӣ барои 72 нафар кӯдак дар деҳаи Дашт ба тариқи ҳашар, беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Роғ, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Табушн, варзишгоҳ барои 3000 ҷойи нишаст дар маркази ноҳия, майдончаи варзишӣ дар деҳаи Оббурдон ва дигар иншооти таъиноти иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохтори зарурӣ босуръат идома дорад.
Танҳо номгӯи иншооти навбунёд ва вусъати бесобиқаи корҳои бунёдкорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ҷонибдорӣ аз даъвату ҳидоятҳои Роҳбари давлат барои истиқболи шоистаи ҷашни истиқлолу озодии Ватан бо эҳсоси баланди ватандорӣ заҳмат кашида истодаанд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро зарур аст, ки ҷиҳати сари вақт ва босифат бунёд гардидани ҳамаи иншооти ба нақша гирифташуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар доираи сафари имрӯзаи мо як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла дар маркази ноҳия — шаҳраки Меҳрон беморхона ва маркази саломатӣ ба истифода супорида шуд, ки онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва ташхисгоҳҳо таъмин буда, сокинон метавонанд минбаъд ба маркази вилоят ва пойтахти мамлакат нарафта, дар муддати кӯтоҳ аз ташхис гузаранд ва саломатии худро барқарор намоянд.
Ҳамчунин, мо имрӯз дар маркази ноҳия биноҳои нави шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ҳолатҳои фавқулода ва судро ифтитоҳ кардем.
Дар иншооти мазкур барои фаъолияти самарабахши хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва мақомоти дигар тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Дар маркази ноҳия қомат афрохтани Парчам ва Нишони давлатӣ боиси ифтихору сарбаландӣ ва фараҳу шодмонии кулли сокинон гардид.
Бовар дорам, ки қомат афрохтан ва парафшон гардидани рамзҳои муқаддаси миллиамон дар тарбияи ватандӯстӣ, тақвияти ҳувияти миллӣ ва худшиносии насли муосир нақши муассир бозида, майдони Парчам ва Нишони давлатӣ макони сайругашти мардуми ноҳия ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ мегардад.
Ҳозирини муҳтарам!
Дар ноҳия соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 2330 гектар кишти картошка гузаронида шуда, тибқи нақша истеҳсоли ин намуди маҳсулот то 75 ҳазор тонна расонида мешавад.
Мувофиқи таҳлилҳо кишоварзони ноҳия майдони кишти картошкаро аз 1280 гектари соли 2008 ба 2300 гектар дар соли 2018 расонида, истеҳсоли онро дар ин давра аз 46 ҳазору 200 тонна ба 73 ҳазору 600 тонна афзоиш дода, ҳаҷми истеҳсолро дар даҳ сол 27 ҳазору 400 тонна зиёд кардаанд. Аммо ҳосилнокӣ дар ин давра аз ҳар гектар 41 сентнер кам гардидааст.
Кишоварзони ноҳия соли ҷорӣ дар майдони 2330 гектар картошка кишт намуда, мувофиқи ҳисоби пешакӣ мақсад доранд, ки ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба 322 — сентнерӣ расонида, ҳаҷми истеҳсолро ба 75 ҳазор тонна расонанд.
Вобаста ба ин масъала ва бо дарназардошти имкониятҳои зиёди ноҳия роҳбарону мутахассисони вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ вазифадор карда мешаванд, ки истеҳсоли картошкаро то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне соли 2021 ба 100 ҳазор тонна расонанд.
Масалан, кишоварзони шаҳри Панҷакент имсол дар майдони 7 000 гектар кишти картошка гузаронидаанд (5000 гектар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 2000 гектар аҳолӣ) ва ният доранд, ки 120 ҳазор тонна ҳосил гиранд.
Ҳамзамон бо ин, дар солҳои 2008 — 2019 саршумори чорвои калон 4 ҳазору 800 сар, моли майда 46 ҳазор сар ва саршумори қутос 670 сар афзоиш ёфта, истеҳсоли гӯшт дар соли 2018 нисбат ба соли 2008-ум 700 тонна зиёд шудааст.
Аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ ва чарогоҳ дар ин давра 24 гектар боғ бунёд гардидааст, ки 2,4 гектари он боғҳои интенсивӣ мебошад.
Муҳим аст, ки ҷиҳати содироти меваи тару тоза ва хушк тадбирҳо андешида, бо мақсади ба роҳ мондани коркарди онҳо коргоҳҳо ва корхонаҳо бунёд карда шаванд, то ки садҳо нафар бо ҷои корӣ таъмин гардад.
Бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи чорводорӣ дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзиро зарур аст, ки ҷиҳати беҳтар кардани зоти чорво, рушди соҳаи қутоспарварӣ ва зиёд намудани саршумори он корро тақвият бахшанд.
Ҳангоми сафари гузашта мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карда будам, ки ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ аҳаммияти махсус зоҳир намоянд.
Мувофиқи маълумот, шумораи оилаҳои занбӯри асал имсол ба зиёда аз 2000 оила расидааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 800 оила зиёд мебошад.
Ҳарчанд ки истеҳсоли асал дар соли 2018 40 тонна ва дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ба 9,6 тонна расонида шуда, афзоиш ба назар мерасад, вале ин нишондиҳанда бо дарназардошти имкониятҳои зиёди ноҳия дар ин самт ҳоло ҳам нокифоя мебошад.
Бинобар ин, бояд дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд, то ки асали истеҳсолшуда на танҳо ба бозори дохилӣ, балки ба хориҷи кишвар низ ба фурӯш бароварда шавад. Зеро талабот ба ин намуди маҳсулоти шифобахш, махсусан, аз Тоҷикистон сол то сол афзоиш ёфта истодааст.
Бо вуҷуди он, ки Кӯҳистони Мастчоҳ ноҳияи кишоварзӣ аст, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат зарур аст, ки бо истифода аз иқтидорҳои ноҳия дар самти ривоҷ додани соҳаи саноат, махсусан, саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истихроҷи ангишт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Барои ин доир ба афзоиш додани ҳаҷми карздиҳӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ бояд чораҳои иловагӣ андешида шаванд. Тибқи маълумот дар нимсолаи якуми соли 2019 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба ноҳия 1 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 6 фоиз камтар аст.
Бонки миллӣ ва Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”-ро зарур аст, ки барои дастгирӣ намудани соҳаҳои иқтисодии ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ, алалхусус, Кӯҳистони Мастчоҳ ҳаҷми қарздиҳиро зиёд намуда, дастрасии соҳибкорону аҳолиро ба воситаҳои молиявӣ таъмин намоянд.
Дӯстони азиз!
Боиси қаноатмандист, ки ҳоло кишварамон аз файзу баракати истиқлолияти давлатӣ, суботу оромӣ ва ваҳдати комили миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанонамон торафт таҳкиму густариш меёбад.
Ёдовар мешавам, ки дар қаламрави ноҳия ёдгориҳои зиёди таърихӣ мавҷуданд, ки бозгӯи гузаштаи пурифтихори ин сарзамини аҷдодӣ мебошанд. Инчунин, иқлими барои истироҳату фароғат мусоиди ноҳия ва обҳои ҷонбахши чашмасорони он барои сайёҳон хеле ҷолиб буда, дар оянда метавонанд ба яке аз мавзеъҳои тамошобоб табдил ёбанд.
Пирони барнодил, ҷавонони ояндасози ин марзи аҷдодӣ бо рӯҳияи баланди миллӣ ва заҳмати софдилонаву аҳлонаи хеш бори дигар собит намуданд, ки онҳо қодиранд барои фарзандони худ ин гӯшаи таърихии диёрро ҳамчун мулки ободи абармардони Мастчоҳи куҳан, ки таърихан ободкору созанда ва табиатан шоиру тарбиятгар ҳастанд, ба мерос гузоранд.
Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат бо иқдомҳои тозаи бунёдкорӣ барои пешрафту ободии ноҳия, таъмини зиндагии шоистаи сокинон ва бо дастовардҳои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.
Дар охир ба ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарам ва тамоми сокинони ноҳия дар роҳи ноил шудан ба орзуву ниятҳои некатон саломативу сарбаландӣ, хонаи обод ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!