ТААССУРОТИ МЕҲМОНОН: «Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои муваффақ дар бахши сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт»

Август 8, 2019 18:15

ДУШАНБЕ, 08.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Тоҷикистон солҳои наздик  ба рушди ҳарчи бештари сайёҳӣ муваффақ гардида, ба яке аз давлатҳои пешрафтаи  сайёҳӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубаддал хоҳад гардид.   Ин нуктаро имрӯз дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси шуъбаи рушди стратегии туризми Департаменти туризми назди Вазорати фарҳанг, иттилоот ва туризми Ҷумҳурии  Қирғизистон  Айсулуу Абакирова, ки ҷиҳати иштирок дар нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии  «Тоҷикистон -2019» ба Тоҷикистон ташриф овардааст, иброз дошт.

Бояд тазаккур дод, ки  як қисм аз меҳмонон-иштирокдорони Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон -2019», ки аз намояндагони  давлатҳои гуногуни ҷаҳон, аз қабили  Чин, Ҳиндустон, Фаронса, Украина, Ӯзбекистон ва Қирғизистон  иборат буданд,  имрӯз ба  минтақаи сайёҳии Варзоб ташриф оварда, аз инфрасохтори сайёҳии ин минтақаи сайёҳии Тоҷикистон, назири «Кохи Малика» ва Осоишгоҳи   «Хоҷа Обигарм» дидан намуданд. Меҳмонон бо шароит ва сатҳи хизматрасонӣ дар иншооти сайёҳӣ шинос гардида, бо масъулини онҳо мулоқот анҷом доданд.

«Ман  бо итминон гуфта метавонам, ки  Тоҷикистон солҳои наздик  ба рушди ҳарчи бештари сайёҳӣ муваффақ гардида, ба яке аз давлатҳои пешрафтаи  сайёҳӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубаддал хоҳад гардид, зеро  сарзамини  Тоҷикистон дорои  захираҳои бои табиӣ буда,  бо табиати дилфиребу нотакрораш таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро бештар ҷалб  месозад. Ман инро зимни нахустин сафарам ба Тоҷикистон мушоҳида кардам», — иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигор АМИТ «Ховар» сармутахассиси шуъбаи рушди стратегии туризми Департаменти туризми назди Вазорати фарҳанг, иттилоот ва туризми Ҷумҳурии  Қирғизистон  Айсулуу Абакирова.

Меҳмонон баъди бозгашт аз минтақаи сайёҳии Варзоб аз имкониятҳои сайёҳӣ ва бузургтарин марказҳои фарҳангии пойтахти Ҷумҳурии  Тоҷикистон –шаҳри Душанбе –«Кохи Наврӯз», «Осорхонаи миллии Тоҷикистон», «Боғи Парчами Тоҷикистон» боздид намуда, бо тамаддун ва фарҳанги бостонии тоҷикон, ки таърихи куҳан дорад, шинос гардиданд.

Шоми имрӯз  дар боғи «Куруши Кабир»  дар доираи баргузории нахустин Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019»  намоиши имкониятҳои  сайёҳӣ ва ҳунармандӣ бо пешниҳоди маҳсулот аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ  доир мегардад, ки аз он иштирокдорони нахустин Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019»  дидан менамоянд.

Баргузории  нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019», ки пагоҳ оғоз меёбад, дар ҳолест, ки се соли оянда-солҳои 2019-2021  дар Чумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст.

                                                         Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

Август 8, 2019 18:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд