Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии иттилоотии Саудӣ «S.P.A»-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ёддошти тафоҳум дар шаҳри Ар-Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ҷониби директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси Агентии иттилоотии Саудӣ «S.P.A» Ҳасан ибни Муҳаммад Ал-Асмарӣ ба имзо расид.
Ин санад ба таҳкими ҳамкории касбӣ дар соҳаи табодули иттилоот бо назардошти усулҳои баробарӣ, эҳтироми мутақобил ва эътимод ба манфиатҳои муштарак равона гардидааст. Он дар асоси қонунгузориҳои миллӣ амалӣ гардида, табодули иттилоотро густариш медиҳад.
Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода иброз намуд, ки «ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот метавонад дар оянда ҷузъи муҳими таҳкими робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ гардад ва ба муаррифии боз ҳам бештари мақому манзалат ва дастоварду музаффарияти ду мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд. Мо боварӣ дорем, ки ин Ёддошти ҳамкорӣ на танҳо ба ду агентии иттилоотӣ, балки барои тамоми воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва Саудӣ манфиат меорад».
Ин санади дуюми ҳамкории Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон бо яке аз давлатҳои пешрафтаи Арабӣ мебошад. Соли 2024 чунин санади ҳамкорӣ бо Давлати Кувайт низ ба имзо расида буд.
Тибқи ин санади ҳамкорӣ тарафҳо ҳуқуқ доранд, ки маълумоти дастрастшударо дар давлатҳои худ бо истифода аз тамоми имконият ва бо уҳдадории нишон додани манбаи иттилоъ паҳн намоянд. Ҳамчунин дар доираи ин санад чорабиниҳои марбут ба сафарҳои Сарони давлатҳо, ҳайатҳои расмии ҳукуматҳо, инчунин дигар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд, сари вақт инъикос карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид






