Дар Эрон Фестивали байналмилалии «Фаҷр» баргузор гардид

Декабрь 4, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 ноябр то 4 декабр дар шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон Фестивали 43-юми байналмилалии «Фаҷр» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ин фестивал аз Ҷумҳурии Тоҷикистон филми «Зиндагӣ зебост»-и коргардон Далер Раҳматов ва «Моҳӣ дар шаст»-и коргардон Муҳиддини Музаффар намоиш дода шуд.

Дар доираи ин фестивали бонуфуз инчунин Форуми байналмилалии синамогарон оид ба рушди соҳаи кино баргузор гардид.

Фестивали байналмилалии филмҳо таҳти унвони «Фаҷр» аз соли 1982 таъсис ёфтааст. Он яке аз бузургтарин ҷашнвораи солонаи соҳаи синамо дониста мешавад.

Ҳадафи баргузории фестивал табодули таҷриба,  муаррифии  дастовардҳои эҷодии синамогарон ва шиносоӣ бо фаъолияти эҷодкорон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Фестивали 42-юми  байналмилалии «Фаҷр» барои намоиши «Зол ва Рудоба» бо Сипоснома ва дипломи махсус қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 4, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад