Варзишгарони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук дар Тошканд сазовори 4 медал гардиданд

Август 26, 2019 16:20

ДУШАНБЕ, 26.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони шинохтаи  тоҷик дар 2-юмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба ёдбуди Мураббии хизматнишондодаи Ӯзбекистон Г. Орзуманов 4 медал ба даст оварданд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ САФАРАЛӢ  ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур 24-25 август  дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии   Ӯзбекистон  доир гардид. Дар қувваозмоиҳо варзишгарон аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Малайзия ва дигар давлатҳо иштирок карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар ширкат намуда, ба гирифтани 4 медал – 2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ мушарраф гардид. Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеа (бо натиҷаи 1:00.07), Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр (1:53.68) медали тилло ба даст оварданд. Абдурауф Мусоев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 59.79 метр сазовори  медали нуқра ва Ҳусниддин Зарифов дар ҷаҳиш ба баландӣ (2.05) сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки  17-18 августи соли  2019  варзишгарони  шинохтаи  тоҷик дар Ҷоми кушоди Ӯзбекистон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Тошканд  сазовори 12 медал гардида буданд. Дар мусобиқа дар баробари дастаҳои минтақаҳои Ӯзбекистон, варзишгарон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Австралия, Арабистони Саудӣ ва  Малайзия иштирок карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 26 нафар иштирок карда, ба гирифтани 12 медал – 5 тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ даст ёфт. Гулсунбӣ Шарифова дар дав ба масофаи 400 метр (бо натиҷаи 53.88), 400 метр бо монеа (1:00,66), эстафетаи 4х400 метр (3:57.40) ҳамроҳ бо Лолахон Ҷумъаева, Нодира Мирзоева, Кристина Пронженко се медали тилло ба даст овард. Ӯ ҳамчунин дар масофаи 200 метр (23.80) сазовори медали нуқра гардид.

Ду медали дигари тиллоро Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр (1:54.94) ва Нодира Мирзоева дар масофаи 3000 метр бо монеа (12:14.28) сазовор шуданд.

Абдурауф Мусоев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 58.40 метр, дастаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4х100 метр (Илдар Аҳмадиев, Алишер Пулотов, Даврон Атабоев, Александр Пронженко) бо натиҷаи 42.51 ва 4х400 метр (Григорий Дерипаскин, Даврон Атабоев, Леонид Пронженко, Ислом Холиқов) бо натиҷаи 3:21.80 ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардиданд.

Медалҳои биринҷиро Кристина Пронженко дар дав ба масофаи 100 метр бо монеа (14.62), Алишер Пулотов дар дав ба масофаи 400 метр бо монеа (53.61) ва Ҳусниддин Зарифов дар ҷаҳиш ба дарозӣ (2.05) ба даст оварданд.

                                                                           Меҳрони ҚУРБОН,
                                                        шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

 

Август 26, 2019 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд