Парвиз Давлатзода: «Маҳаки асосии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин иртиботи дӯстонаи роҳбарони ду давлат аст»

Сентябрь 30, 2019 09:01

ДУШАНБЕ, 30.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ ба раванди густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин назар намуда, метавон хулоса кард, ки эътимоди сиёсӣ ва ҳамкории мутақобила миёни ҳарду кишвар ба сатҳи бесобиқа олӣ расидаанд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз ДАВЛАТЗОДА дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки солҳои охир иртиботи шахсӣ ва муносибатҳои дӯстона миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба ин раванд таъсири мусбати ҷиддӣ мерасонанд.

     Ин омил ҳамчун маҳаки асосӣ, ки фазои барои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин хос, яъне фазои ҳусни тафоҳум ва дӯстии самимонаро фароҳам овадааст,  барои мо- дипломатҳо имкониятҳои беҳтареро ҷиҳати вусъати рушди муносибатҳо байни Тоҷикистону Чин,  иҷрои вазифаҳои дарпешистода барои тақвияти шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ нерӯи тоза мебахшад. Ин ҷост, ки имрӯзҳо баҳри амиқ намудани шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ – сиёсат, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, мудофиа ва амният, фарҳанг ва маориф ва рушди муносибатҳои байниминтақавӣ равона шудаанд, дипломатияи тоҷику чинӣ дар якҷоягӣ талош меварзанд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳанӯз 4 январи соли соли 1992 истиқрор шудаанд. Зимни ин марҳилаи таърихӣ то ба имрӯз таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Чин яке аз самтҳои калидии сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ин муносибатҳо  дар ҳошияи муколамаи фаъоли ҷонибҳо дар ҳама сатҳҳо, пеш аз ҳама дар сатҳи олӣ сурат гирифта, дар заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ-шартномавӣ, ки  зиёда аз 200 ҳуҷҷати дуҷониба иборат буда, ҳама соҳаҳои ҳамкориро дар бар мегиранд, асос ёфтаанд.

Поя ва шоҳсутуни мустаҳками ҳуқуқӣ-шартномавии ҳамкориҳои дуҷонибаро шаш ҳуҷҷати муҳими байнидавлатӣ ташкил медиҳанд, ки марҳилаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро аз сатҳи дӯстонаю ҳамсоягии нек то ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ, ки дар Чин зинаи баланди муносибатҳо бо кишварҳои хориҷӣ ба ҳисоб меравад, муайян менамоянд.

Сафарҳои мунтазам ва мутақобилаи ҷонибҳо дар сатҳи олӣ, ки аз соли 1993 то соли 2019 ҳамасола ҳатто якчанд маротиба дар як сол дар сатҳи дуҷониба ва ё дар доираи чорабиниҳои бисёрҷониба сурат мегиранд, нишонаи равобити ниҳоят фаъоли миёни кишварҳо мебошад.

Мувофиқаҳои дар рафти вохӯрию музокироти сатҳи олӣ бадастомада самтҳо ва вазифаҳои минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро муайян намуданд, аз ҷумла зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин моҳи августи соли 2017 25 ҳуҷҷати нави дуҷонибаи ҳамкорӣ ва зимни сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон моҳи июни соли 2019 18 ҳуҷҷати нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд, ки сатҳи муносибатҳои дуҷонибаро ба зинаи сифатан нав бароварда, баҳри иҷрои ҳадафу мақсадҳои гузошташуда шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварданд.

Тоҷикистон ва Чин дар тули 27 соли муносибатҳои дипломатӣ ҳамсояҳои нек, дӯстони боваринок ва самимӣ, шарикони боэътимоди ҳамкориҳои мутақобилан муфид ва бародарони якдигарро дастгирикунанда гардида, ҳамдигарро дар масъалаҳои манфиатҳои калидии ду кишвар, аз ҷумла истиқлоли давлатӣ, амният ва тамомияти арзӣ ҷонибдорӣ мекунанд, роҳи пешгирифтаи рушди якдигарро дастгирӣ менамоянд. Роҷеъ ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар мекунанд.

Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Чин низ фаъолона рушд доранд. Ҳайатҳои ҳарду давлат дар сатҳҳои гуногун ба кишварҳои якдигар сафар намуда, вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва байниҳукуматӣ дар соҳаҳои гуногун ва тақвияти онҳоро муҳокима менамоянд. Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин бо ҳам робитаҳои хуб ва фаъоли ҳамкорӣ доранд. Натиҷаҳои чунин робитаҳо дар таҳким ва рушди муносибатҳои дуҷониба саҳми арзанда доранд ва барои пешбурди ҳамкориҳои амалии дуҷониба мусоидат менамоянд.

Миёни ду кишвар робитаҳо ва ҳамкориҳои хуби вазоратҳои корҳои хориҷӣ, ки яке аз мақомотҳои муҳим ва калидӣ дар таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба ҳисоб мераванд, роҳандозӣ гардидааст. Ҳамчунин дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ машваратҳои сиёсӣ баргузор шуда, дар рафти онҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ баррасӣ мегарданд.

Тоҷикистон ҳамкории самарабахши худро бо Чин дар соҳаи амният муҳим медонад ва дар ин арса Чинро шарики боэътимод меҳисобад. Байни ҳарду кишвар ҳамкорӣ ба хотири мубориза бо «се шар (бадӣ)» — терроризм, ифротгарӣ ва ҷудоихоҳӣ, ҳамчунин, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо, ҳамкориҳо дар доираи механизмҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо иштироки кишварҳои минтақа густариш меёбанд.

Барои мубориза ба ин хатарҳо ва бартараф намудани онҳо ҳамкориҳо байни вазоратҳои мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муколамаю муносибатҳои корӣ байни идораҳои дахлдор пайваста амиқ мегарданд. Дар ин самт ҷиҳати тақвият додани имкониятҳо ва иқтидори онҳо, аз ҷумла омода намудани кадрҳо, баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ба муқобили терроризми байналмилалӣ ва дигар хатарҳои минтақавӣ мунтазам лоиҳаҳо татбиқ мегарданд.

Асоси муносибатҳои иқтисодиро ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, энергетика, инфрасохтор ва нақлиёт, саноати металлгудозӣ, мошинсозӣ, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, аз ҷумла маъданҳои кӯҳӣ, саноати кимиёвӣ, сабук ва хурокворӣ, истеҳсоли маводи сохтмон, комплекси агросаноатӣ ва туризм ташкил медиҳад.

Чор минтақаи озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имзои Барномаи ҳамкории миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳамчунин тақвияти тадбирҳо дар роҳи бунёди минтақаи саноатии Тоҷикистону Чин аз имкониятҳои дигари тақвиятбахши муносибатҳои дуҷонибаи доираи тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистон ва Чин маънидод мегардад.

Чин омода аст роҳи пешгирифтаи рушди Тоҷикистон гузаштан аз модели аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграриро дастгирӣ намояд ва дар сохтмони инфрасохторӣ дар Тоҷикистон иштирок намояд.

Чин ба сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон шомил мебошад. Табодули мол байни ду давлат батадриҷ афзоиш меёбад. Агар дар соли 1993 ҳаҷми муомилоти мол байни ду кишвар 8,9 млн доллари ИМА ва дар соли 2003 38, 8 млн. доллари ИМАро ташкил дода бошад, солҳои охир ин нишондиҳанда ба 2 млрд. доллари ИМА расидааст.

Дар ин равандҳо нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва Зеркомиссия оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Ноҳияи Мухтори Синдзян-Уйғури Чин ҳамчун василаҳои доимоамалкунандаи пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ низ муҳим мебошад.

Таваҷҷуҳи ширкату корхонаҳои чинӣ низ барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон тамоюли афзоишёбӣ дорад. Агар аввали соли 2014 дар Тоҷикистон 100 корхона бо капитали чинӣ кору фаъолият мекард, пас айни замон онҳо зиёда аз 350 адад ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷониби онҳо татбиқи лоиҳаҳо оид ба сохтмони хатҳои интиқоли барқ, паркҳои нассоҷӣ ва аграрӣ, корхонаҳои коркарди нафт ва коргоҳҳои истихроҷи кӯҳӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.

Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2007-2018 аз 61 кишвари ҷаҳон воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон 9 млрд. 258 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки аз ин 2,6 млрд. доллар ё 28% ба Чин рост меояд.

Аз ин ҳаҷм ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ҳаҷми воридоти умумии сармоя 1 млрд. 100 млн доллари ИМА аз он 47,3% ба сармояи Чин ва дар соли 2018 ҳаҷми умумии сармоя 644,5 млн. доллари ИМА аз он 51,3% ё 330,5 млн. доллари ИМА ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рост меояд. Сармояи Чин асосан ба соҳаҳои хизматрасонии молиявӣ, алоқа, сохтмон, омӯзиши геологӣ ва истихроҷ, саноати сохтмонӣ, истиҳроҷ ва истеҳсоли маҳсулоти нафту газ, кишоварзии Тоҷикистон равона шудаанд. Иқдомоти мазкур барои бартараф кардани монеаҳои истеҳсолӣ ва кумак намудан ба Тоҷикистон ҷиҳати аз роҳи рушди аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ мусоидат менамоянд.

Cохтмони биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе, ки дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин  амалӣ карда мешавад, нишонаи беҳтарини равобити дӯстонаю ҳамсоядории нек мебошад.

Дар назар аст, ки ин биноҳо бо дастгирии дӯстони чинӣ, вале бо унсурҳои миллӣ бо санъати баланди меъмории муосир таҳия шуда, бо услуби хос, бо нақшу нигори миллии тоҷикӣ сохта мешавад.

Мавриди зикр аст, ки ҳарду кишвар мувофиқа кардаанд, ки ҳамкориҳои молиявиро густариш диҳанд, муассисаҳои мутақобилаи бонкӣ таъсис диҳанд ва тасфияи ҳисобҳоро ба арзҳои миллӣ дар тиҷорати дуҷониба ва сармоягузорӣ тавсеа бахшанд.

Яке аз самтҳои муҳими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин, хусусан дар соҳаи иқтисод ва фарҳангӣ, ин ҳамкориҳо дар доираи ташаббуси Чин “Як  камарбанд, як роҳ” мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҳамаи давлатҳои ҷаҳон аввалин кишваре ба ҳисоб меравад, ки бо Чин ҷиҳати бунёди муштараки “Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим” Ёддошти тафоҳуми дахлдор имзо намудааст. Дар ин ҷода ҳамчунин соли 2017 дар рафти сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи ҳамкории Тоҷикистон ва Чин ба имзо расидааст, ки мисли Ёддошти тафоҳуми номбурда якумин чунин ҳуҷҷати дуҷониба дар доираи бунёди муштараки ташаббуси “Камарбанд ва Роҳ” ба ҳисоб меравад.

Ин иқдоми Тоҷикистонро Чин баланд арзёбӣ намуда, ҳарду кишвар барои татбиқи Барномаи ҳамкории номбурда, пешбурди баҳамории амиқи ташаббуси “Камарбанд ва Роҳ” ва «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», дар ин росто татбиқи ҳамаҷонибаи созишномаҳои мавҷуда ва лоиҳаҳои муштарак тадбирандешӣ доранд.

Иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 апрели соли 2019 дар вохӯрии сатҳи олӣ ва мизҳои мудаввари Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Камарбанд ва Роҳ” дар шаҳри Пекин нишонаи ҳавасандии зиёди кишвари мо ба ҳамкори дар ҳошияи ин лоиҳаи байналмилалӣ мебошад.

Дар ин ҷода ҳамчунин ташкили абзорҳои самарабахш ва иҷрошавандаи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо барои татбиқи мувофиқаҳои бадастомада ва санадҳои баимзорасондашуда, инчунин таъсис додани Шӯрои ҳамкорӣ оид ба рушди муштараки Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим мавриди баррасии ҳарду ҷониб қарор доранд.

Дар асоси санадҳои баимзорасонидашудаи дуҷониба, инчунин дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гурӯҳи кории дуҷонибаи нақлиётии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти нақлиёти Ноҳияи Мухтори Синдзян-Уйғури Чин ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия ба хотири эҷоди шароити мусоид барои боркашониҳои нақлиётиву транзитӣ, инчунин, бунёду азнавсозии роҳҳои оҳану мошингард ва дигар навъҳои зерсохтори нақлиётӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар давраи истиқлолият дар Тоҷикистон бо кумаки молиявӣ ва қарзҳои Чин садҳо километр роҳҳои автомобилгарди дохилию байналмилалӣ ва даҳҳо километр роҳи оҳан сохта ба истифода дода шудаанд ва ё сохтмони лоиҳаҳои нав идома доранд.

Дар ин самт, бо мақсади баҳрабардорӣ аз имкониятҳои транзитии Тоҷикистон, ки барои он кишвари мо маблағу меҳнати зиёде сарф дорад, истифода шудани хатсайрҳои автомобилгарди “Чин-Тоҷикистон-Ӯзбекистон” ва “Чин-Тоҷикистон-Афғонистон” барои Тоҷикистон муҳим мебошад.

Энергетика яке аз самтҳои стратегӣ дар муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин ба ҳисоб меравад. Дар ин самт нисбат ба солҳои қаблӣ пешравиҳои муайян мушоҳида мегарданд. Бо пешниҳоди кишвари мо миёни Тоҷикистон ва Чин гурӯҳи кории дуҷониба оид ба масъалаҳои энергетика таъсис дода шудааст, ки дар доираи он тамоми масъалаҳои ҳамкории соҳа муҳокима мегарданд. Қобили ёдоварист, ки дар ин самт низ бо истифода аз капитали Чин якчанд лоиҳаҳои хурду калони инфорасохторӣ сохта ба истифода дода шудаанд ва ё сохтмони баъзе аз онҳо идома доранд.

Дар ин ҷода азму талоши ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин барои татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика бо истифода аз манбаъҳои маблағузории Чин, аз ҷумла имкониятҳои “Бунёди Роҳи абрешим” равона карда шудааст.

Вобаста ба соҳаи аграрӣ дар мадди назар тарғибу ташвиқи молу маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои Тоҷикистон, мусоидат ба ворид намудани технологияи муосири соҳа, вусъат додани марҳилаи мувофиқасозӣ ва имзои ҳарчӣ зудтари санадҳои ҳамкорӣ оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва нӯшокиҳои спиртии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори кишвари иқомат, пурра ва самаранок истифода бурдани тамоми имкониятҳо ҷиҳати ба даст овардани роҳ ба бозори дохилии Чин барои содироти маҳсулоти изофаи кишоварзии ватанӣ, инчунин пурра ва самаранок истифода намудан аз имкониятҳои Намоиши байналмилалии воридотии ЕХРО-2019 дар шаҳри Шанхай қарор доранд.

Механизми ҳамкорӣ дар ин соҳа Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад.

20 августи соли 2019 дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид, ки дар он Вазири кишоварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, меҳмонон аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдори Чин, намояндагони доираҳои гуногуни ҷомеаи чинӣ, ширкатҳо ва воситаҳои ахбори оммаи Чин, ғурфаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Намоишгоҳ, сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ва Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

Қобили қайд аст, ки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 таҳти шиори «Боғдорӣ дар рушди деҳот» ширкат дошта, беш аз 30 навъи маҳсулоти боғу токпарвариро дар шакли хушк ва тару тоза ба меҳмонон ва шаҳрвандони Чин пешниҳод намудааст. То имруз Намоишгоҳро ба ҳисоби миёна наздики 8 миллион нафар тамошо намуда, бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос гардида, дар бораи имкониятҳои саноатию кишоварзӣ, энергетикӣ ва сайёҳии Тоҷикистон маълумот пайдо карданд.

Дар навбати худ роҳбарияти Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз кишварҳои муҳими минтақа, хусусан дар масири «Камарбанд ва Роҳ» арзёбӣ намуда, ба иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳ баҳои баланд дод.

Ёдовар мешавем, ки 28 апрели соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Чин ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Камарбанд ва Роҳ» ҳамроҳ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва роҳбарони давлатҳои дигари хориҷӣ дар маросими ботантанаи ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 иштирок намуда, аз ғурфаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳ дидан карда буданд.

Тоҷикистон ва Чин ҳамчунин ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии паёмадҳои он, тайёр кардани кадрҳо ва беҳбуди имкониятҳои амалиётӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар самти табодули иттилооти офатҳои табиӣ, табодули таҷриба дар мавриди вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва таъсиси абзори табодули итттилооти моҳвораҳои ҳавошинос таваҷҷуҳи калон медиҳанд.

Дар доираи тақвияти робитаҳои байниминтақавӣ бошад, бо инобати таҷрибаи рушди шаҳру музофотҳои Чин, афзоиши таваҷҷуҳи онҳо ба Тоҷикистон ва ба роҳ мондани табодули таҷриба бо шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон, дар баробари истиқрор шудани муносибатҳои бародарӣ миёни шаҳру минтақаҳои гуногуни ду кишвар, ҳамчунин мавзӯи истиқрор намудани муносибатҳои бародарона бо дигар шаҳру музофотҳои Чин, ки чунин майл доранд, мавриди кору фаъолият қарор доранд.

Бо мақсади мусоидат ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони чинӣ аз ҳама имкониятҳо истифода карда, дар пешбурди ин самт мусоидат карда мешавад. Бо дарназардошти афзудани таваҷҷуҳи сайёҳони чинӣ ба Тоҷикистон, инчунин бо мақсади истиқрори ҳарчӣ зудтари робитаю ҳамкориҳо байни ширкатҳои бонуфузи сайёҳии Тоҷикистон ва ширкатҳои бонуфузи сайёҳии Чин, ки имкониятҳо ва сармояи фарогир доранд, мувофиқа кардан ва ба имзо расондани санади байниҳукуматии дахлдор дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

Ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангу маориф яке аз самтҳои муҳими таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва ба роҳ мондани робитаҳои зич миёни мардумони ҳарду кишвар ба ҳисоб меравад. Дар асоси созишномаи дахлдор барои давраи ҳар се сол Барномаи мубодилаи фарҳангӣ миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳангӣ Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳия гардида, татбиқ мегардад.

Қобили қайд аст, ки Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин миллати дорои тамаддуни куҳан будани тоҷикон, иртиботи дӯстонаи беш аз дуҳазорсола доштани ин ду ҳамсоякишвар, омӯхтани таҷрибаи ҳамдигар, меҳмоннавозӣ ва фарҳанги баланди тоҷиконро ситоиш мекунанд. Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин дар мақолае, ки пеш аз сафар ба Тоҷикистон интишор намуда буд, таъкид дошт, ки мардуми Чин бо таърихи Сомонӣ, Рудакӣ ва дигар бузургворони миллати тоҷик ошноӣ доранд. Симои суғдиёни даврони куҳан дар осори эъҷозии мардуми чинӣ зиёд ба чашм мерасад.

Дар тасдиқи ин, ҷониби Тоҷикистон барои иштирок дар Намоиши «Ганҷинаҳо аз осорхонаҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим», ки моҳи апрели соли 2019 дар Осорхонаи миллии Чин доир гардида, 15 адад нигораҳои нодири таърихии Осорхонаи миллии Тоҷикистон марбут ба давраҳои гуногун, аз қабили санг бо навиштаҷоти суғдӣ (асрҳои VII-VIII), кӯзаҳои мунаққаши катибадори асрҳои X-XI, сипар бо тасвири фариштаҳо (асрҳои XVI-XVIII), коса, ҷом, лаълиҳои катибадори асри XIX ва рангдону қаламдони асрҳои XVIII-XIX ба маъраз гузошт.

Бо мақсади муаррифии шоистаи таърих ва фарҳанги миллӣ қисми якуми китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар шаҳри Пекин бо забони чинӣ ба табъ расонда шуд ва он 28 апрели соли ҷорӣ зимни боздиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин дар фазои ботантана рӯнамоӣ гардид.

Илова ба ин, дар карнавали байналмилалии Форуми «Гуфтугӯйи тамаддуни Осиё», ки 15 майи соли 2019 дар шаҳри Пекин доир гардид, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо 29 нафар нозаниндухтарони ансамблҳои рақсии Тоҷикистон- «Парасту» ва «Лола» бо рақси зебою миллии тоҷикӣ «Чакан»-ро хеле бошукӯҳу ботантана пешкаши ҳозирин намуданд.

Яке аз чорабиниҳои муҳими ин самт Рӯзҳои фарҳангии ҳарду кишвар мебошад, ки аз соли 2008 инҷониб дар ҳудуди ҳамдигар бонавбат баргузор карда мешаванд. Ин бор Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Пекин ва Сиани Чин моҳи майи соли 2019 баргузор шуданд.

Қобили қайд аст, ки дар ду шаҳри Чин баргузор намудани Рӯзҳои фарҳангӣ маротибаи якум сурат гирифт ва дар шаҳри Сиан низ, ки нуқтаи саршавии Роҳи бузурги абрешими таърихӣ баҳисоб меравад, чунин чорабинии калон бо барномаи консертӣ ва намоиши мусаввараю аксҳо маротибаи якум баргузор карда шудааст.

Дар маҷмӯъ, силсилаи чорабиниҳои  пайиҳами фарҳангӣ, ки дар Чин роҳандозӣ шуданд, баръало аз он шаҳодат медиҳанд, ки  соли 2019 — соли фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин буд.

Яке аз нишондиҳандаҳои назарраси ҳамкориҳо бо кишвари иқомат ин афзоиш ёфтани теъдоди бурсияҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Чин ҷудо мекунад, ба ҳисоб меравад.

Агар солҳои навадуми асри гузашта теъдоди донишҷуёни тоҷик дар музофотҳои гуногуни Чин 50 нафарро ташкил медод, пас айни замон теъдоди онҳо дар Чин зиёда аз 3500 нафар расидааст ва онҳо дар 112 муассисаҳои таҳсилоти олии Чин бо ихтиссосҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар баробари афзоиши бурсияҳо, ҳамчунин ба тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои талаботи ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ карда мешавад.

Қобили қайд аст, ки дар кишвари иқомат омӯзиши забони тоҷикӣ ва таъриху фарҳанги мардуми тоҷик тамоюли афзоишёбӣ дорад. Аллакай дар якчанд донишгоҳҳо ва муассисаи таҳсилоти касбӣ-техникии Чин омӯзиши забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, марказҳои омӯзиши таъриху фарҳанги мардуми тоҷик таъсис дода шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Маркази Конфутсия ба таври густурда фаъолият менамояд. Аксарияти донишҷуёни тоҷикистонӣ пеш аз таҳсил дар Чин дар ин Марказ таълими забон мегиранд.

Яке аз самтҳои дигари муҳими гуманитарӣ дар муносиботи дуҷониба ин робитаҳо ва ҳамкориҳои зичи доираҳои олимону муҳаққиқони якдигар мебошад. Дар ин самт табодули онҳо, хусусан сафарҳои кории мутақобила байни онҳо ва иштироки бевоситаи онҳо дар семинару конфронсҳои якдигар муҳим арзёбӣ мегардад.

Тоҷикистону Чин дар ҷаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ менамоянд. Оид ба аксар масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ Тоҷикистон ва Чин мавқеъҳои монанд ё наздик доранд.

Имрӯзҳо Ҷумҳурии Мардумии Чин 70 — солагии таъсисёбиашро таҷлил менамояд ва вобаста ба ин, дар паёми табрикотии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари дӯсту ҳамсоя шукуфоии бештарро орзу намудаанд. Дар паёми табрикӣ аз ҷумла омадааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди таҳкиму тавсиаи анъанаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад».

Воқеан ҳам дӯстии халқҳои Тоҷикистону Чин аз гузаштаи дур маншаъ мегирад. Роҳи бузурги абрешим, ки ҳанӯз 2000 сол пеш нуқтаи ибтидоии муносибатҳои дӯстонаи тоҷикону чиниҳоро ифтитоҳ намуда буд, имрӯзҳо дубора эҳё шуда истодааст.

Дар маҷмӯъ, дар зарфи 27 соли истиқрор ва пешбурди муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Чин ҷонибҳо ба натиҷаҳои ниҳоят назаррас ва муҳим дастёб гардиданд, ки дар дипломатияи тоҷик нақши муассир дорад.

Яқин аст, ки равобити ҳарду кишвар дар шароити мураккаб ва вазъияти зудтағйирёбандаи байналмилалӣ имтиҳонҳои хеле сахту ҷиддиро паси сар намуда,  босубот ва самарабахш рушд ёфта истодаанд. Раванди таҳким ва густариши муносибатҳои ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин аз робитаҳои дӯстона ва шахсии роҳбарони ҳарду кишвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин вусъати бештар мегиранд.

Сентябрь 30, 2019 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд