Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштин дар Чемпионати ҷаҳон-2019 муайян гардид
ДУШАНБЕ, 05.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 22 сентябр дар пойтахти Қазоқистон–шаҳри Нур-Султон Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини озод, юнонӣ-римӣ ва гӯштини бонувон доир мегардад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар медиҳад.
Дар Чемпионати ҷаҳон дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар – 5 нафар аз рӯи намуди гӯштини юнонӣ-римӣ ва 6 нафар аз рӯи гӯштини озод бо роҳбарии сармураббиён Абдурозиқ Олимов ва Фаррух Беков иштирок мекунанд.
Бояд зикр кард, ки 3 сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини озод ба шаҳри Нур-Султон сафар кард ва то оғози чемпионат ба машғулиятҳои дастҷамъӣ фаро гирифта мешавад. Дастаи мунтахаби гӯштини юнонӣ-римӣ бо маблағгузории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳри Душанбе ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шудааст.
Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини варзишӣ аввалин мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба ҳисоб меравад. Варзишгароне, ки дар он дар вазнҳои олимпӣ то ҷои шашумро ишғол мекунанд, соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин аз рӯи 30 вазн – 10 вазн гӯштини озод, 10 вазн гӯштини юнонӣ-римӣ ва 10 вазн гӯштини бонувон сурат мегирад, вале дар ҳар се равия 6-вазнӣ ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид гардидааст.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштин ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2019. 13-22 сентябр, Нур-Султон, Қазоқистон
Гӯштини озод:
Икромов Муҳаммад (вазни 57кг)
Шарифов Ҷамшед (61кг)
Файзиев Абдулқосим (65кг)
Қодиров Баҳодур (86кг)
Искандари Рустам (97кг)
Анақулов Фарҳод (125кг)
Гӯштини юнонӣ-римӣ:
Мазитов Ислом (60кг)
Ахмедов Мубинҷон (67кг)
Зуҳуров Ҳабибҷон (72кг)
Исмоилов Муҳаммад (77кг)
Охонов Тоҳир (87кг)
Барнома
14 сентябр
Гӯштини юнонӣ-римӣ:
55кг, 63кг, 72кг, 82кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
15 сентябр
Гӯштини юнонӣ-римӣ:
67кг, 87кг, 97кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
55кг, 63кг, 72кг, 82кг – финал
16 сентябр
Гӯштини юнонӣ-римӣ:
60кг, 77кг, 130кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
67кг, 87кг, 97кг – финал
17 сентябр
Гӯштини бонувон
50кг, 53кг, 55кг, 72кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
Гӯштини юнонӣ-римӣ
60кг, 77кг, 130кг – финал
18 сентябр
Гӯштини бонувон:
57кг, 59кг, 65кг, 76кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
50кг, 53кг, 55кг, 72кг – финал
19 сентябр
Гӯштини бонувон
62кг, 68кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
57кг, 59кг, 65кг, 76кг – финал
20 сентябр
Гӯштини тарзи озод
70кг, 74кг, 92кг, 125кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
Гӯштини бонувон
57кг, 65кг – финал
21 сентябр
Гӯштини тарзи озод
61кг, 79кг, 86кг, 97кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
70кг, 74кг, 92кг, 125кг – финал
22 сентябр
Гӯштини тарзи озод
61кг, 79кг, 86кг, 97кг – финал








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






