Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштин дар Чемпионати ҷаҳон-2019 муайян гардид

Сентябрь 5, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 05.09.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Аз  14 то 22 сентябр  дар пойтахти Қазоқистон–шаҳри Нур-Султон Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини озод, юнонӣ-римӣ ва гӯштини бонувон доир мегардад. Дар ин бора  шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар»  Меҳрони ҚУРБОН хабар  медиҳад.

Дар Чемпионати ҷаҳон дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар – 5 нафар аз рӯи намуди гӯштини юнонӣ-римӣ ва 6 нафар аз рӯи гӯштини озод бо роҳбарии сармураббиён Абдурозиқ Олимов ва Фаррух Беков иштирок мекунанд.

Бояд зикр кард, ки 3 сентябр  дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини озод ба шаҳри Нур-Султон сафар кард ва то оғози чемпионат ба машғулиятҳои дастҷамъӣ фаро гирифта мешавад. Дастаи мунтахаби гӯштини юнонӣ-римӣ бо маблағгузории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳри Душанбе ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шудааст.

Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини варзишӣ аввалин мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба ҳисоб меравад. Варзишгароне, ки дар он дар вазнҳои олимпӣ то ҷои шашумро ишғол мекунанд, соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки  Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин аз рӯи 30 вазн – 10 вазн гӯштини озод, 10 вазн гӯштини юнонӣ-римӣ ва 10 вазн гӯштини бонувон сурат мегирад, вале дар ҳар се равия 6-вазнӣ ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид гардидааст.

 Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштин ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2019. 13-22 сентябр, Нур-Султон, Қазоқистон

Гӯштини озод:
Икромов Муҳаммад (вазни 57кг)
Шарифов Ҷамшед (61кг)
Файзиев Абдулқосим (65кг)
Қодиров Баҳодур (86кг)
Искандари Рустам (97кг)
Анақулов Фарҳод (125кг)

Гӯштини юнонӣ-римӣ:
Мазитов Ислом (60кг)
Ахмедов Мубинҷон (67кг)
Зуҳуров Ҳабибҷон (72кг)
Исмоилов Муҳаммад (77кг)
Охонов Тоҳир (87кг)

Барнома
14 сентябр
Гӯштини юнонӣ-римӣ:
55кг, 63кг, 72кг, 82кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал

15 сентябр
Гӯштини юнонӣ-римӣ:
67кг, 87кг, 97кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
55кг, 63кг, 72кг, 82кг – финал

16 сентябр
Гӯштини юнонӣ-римӣ:
60кг, 77кг, 130кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
67кг, 87кг, 97кг – финал

17 сентябр
Гӯштини бонувон
50кг, 53кг, 55кг, 72кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал

Гӯштини юнонӣ-римӣ
60кг, 77кг, 130кг – финал

18 сентябр
Гӯштини бонувон:
57кг, 59кг, 65кг, 76кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
50кг, 53кг, 55кг, 72кг – финал

19 сентябр
Гӯштини бонувон
62кг, 68кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
57кг, 59кг, 65кг, 76кг – финал

20 сентябр
Гӯштини тарзи озод
70кг, 74кг, 92кг, 125кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал

Гӯштини бонувон
57кг, 65кг – финал

21 сентябр
Гӯштини тарзи озод
61кг, 79кг, 86кг, 97кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
70кг, 74кг, 92кг, 125кг – финал

22 сентябр
Гӯштини тарзи озод
61кг, 79кг, 86кг, 97кг – финал

Сентябрь 5, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дуюмро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом дод
Дар Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Шоми имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Португалия оид ба футзал бозӣ мекунанд
ЛИГАИ ДУЮМИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. «Равшан» бозии якумро бо дастаи футболи «Моҳун Баган» доир намуд
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Равшан» дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё бозии якумашро анҷом медиҳад
Дар Минск мусобиқаи футбол ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Истиқлол» дар доираи даври аввали Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Шарҷа» бозӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал нахустин бозиро анҷом дод
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди таэквондо баргузор гардид
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими миллии Марокаш бозӣ мекунад
Дар Душанбе мусобиқаи футбол байни кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон оғоз ёфт
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон аз Тоҷикистон 17 варзишгар иштирок менамояд