Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Нурсултон сафар кард

Сентябрь 23, 2019 09:53

ДУШАНБЕ, 23.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи чоруми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё ба шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард.

Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари худ бо чанде аз раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё  масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ хоҳад кард.

«Дар назар аст, ки имрӯз Шукурҷон Зуҳуров бо раисони парлумонҳои Қирғизистон, Молдова ва Афғонистон мулоқот намояд», — афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар кори ҷаласаи чоруми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё намояндагони 67  давлат, аз ҷумла раисони парлумонҳои 46 мамлакати дунё иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати Парлумони Тоҷикистон ду рӯз идома ёфта, Шукурҷон Зуҳуровро вакилони мардумӣ Бахтовар Сафарзода, Аҳмадҷон  Қобилов, инчунин Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Муғулистон Хайрулло Ибодзода ҳамроҳӣ менамоянд.

 

Сентябрь 23, 2019 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардид
Қонунҳои марбут ба партовҳо ва хоҷагии ёрирасон дар кумитаи Маҷлиси миллӣ баррасӣ шуданд
Дар кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия якчанд қонун мавриди баррасӣ қарор гирифт