Ҷамшед Исоев дар Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот соҳиби медали тилло гардид
ДУШАНБЕ, 18.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоҳмотбози шинохтаи тоҷик, чемпиони Тоҷикистон дар соли 2019 Ҷамшед Исоев дар Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни калонсолон медали тилло ба даст овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни калонсолон дар ду синн–аз 50-сола ва аз 65-сола боло аз рӯи се равия – рапид, классикӣ ва блитс аз 8 то 18 сентябри соли равон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд. Дар мусобиқа 70 шоҳмотбоз аз 16 давлати қора иштирок карданд.
Ҷамшед Исоев, ягона намояндаи Тоҷикистон миёни иштирокчиёни аз 50-сола боло дар равияи блитс ҷои якумро ишғол кард. Ӯ аз 9 холи имконпазир 8 хол ба даст овард. Дар 7 бозӣ бар намояндагони Қазоқистон (4 нафар), Эрон, Сурия, Қирғизистон ғалаба карда, ду бозиро бо шоҳмотбозони Қазоқистон ва Қирғизистон мусовӣ анҷом дод. Дар ин равия Азиз Умарбеков аз Қирғизистон бо 8 хол ҷои дуюм, Серикбай Темирбаев аз Қазоқистон ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Ҷамшед дар равияҳои рапид ва классикӣ низ бозӣ намуд, вале бахт омад накард. Дар равияи рапид бо 4 хол дар ҷои 16-ум, дар шоҳмоти классикӣ бо 5 хол дар ҷои 9-ум мавқеъ ёфт. Ба варзишгароне, ки дар шоҳмоти классикӣ (аз 50-сола боло то ҷои 6-ум, аз 65-сола боло то ҷои 5-ум)-ро сазовор шуданд, ҷоизапулӣ дар ҳаҷми аз 100 то 500 доллари ИМА тақдим гардид.








Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд






