БА НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН» НОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ГУЗОШТА ШАВАД! Муроҷиатномаи ҷавонони шаҳри Кӯлоб ба Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати мамлакат

Сентябрь 25, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 25.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Ба Пешвои миллат содиқем» ҳамоиши ҷавонону варзишгарон ва сокинони маҳаллӣ бо иштироки беш аз 300 нафар баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре гуфта мешавад, ҳамоиши мазкур бахшида ба сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  11-12 сентябр ба истиқболи ҷашни 28- умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сурат гирифта буд, дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Ҳамоиш бо ташаббуси ҷавонон ва сокинони шаҳри Кӯлоб доир гардида, аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.

Зимни ҳамоиши мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки “мо ҷонибдори ташаббусҳои шоистаи ҷавонони Тоҷикистон ҳастем. Ҳар иқдоме, ки имрӯз ҷавонони тоҷик рӯи даст мегиранд, самараи сиёсати созандаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад”.

Гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2017 – 2018 Омина Рустамзода дар мавзӯи «Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва бунёдгузори давлати миллии тоҷикон»,  номзади илмҳои филологӣ Гадомад Зулфизода дар мавзӯи «Пешвои миллат – бунёдгузори Кохи нури Тоҷикистон»,  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Орзуи Ҳамидиён доир ба  «Мо ҷавонон омилҳои терроризм ва амалҳои бегонапарастиро маҳкум мекунем», роҳбари маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  Мафтуна Суярзода перомуни «Ба Пешвои миллат содиқем» маърӯза намуда, заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро воқеъбинона баён намуданд.

Ҳадафи ҷавонони шаҳри Кӯлоб- ин пешниҳоди   Муроҷиатномаи ҷавонони шаҳри Кӯлоб ва минтақаи он ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба номгузорӣ намудани бузургтарин иншооти асри Тоҷикистон- Неругоҳи барқи обии  «Роғун» ба номи Эмомалӣ Раҳмон ва бори дигар эълон доштани Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Қаҳрамони Тоҷикистон буд, ки ин иқдом дар ҳамоиш бо ҳамовозии кулли иштирокчиён қабул гардид.

Воқеан, заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати навини тоҷикон, барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст. Зеро  Сарвари давлат  дар муддати кӯтоҳ тавонистанд Тоҷикистонро  ба мамлакати пешрафта табдил диҳанд.

Қаҳрамониву ҷоннисориҳои ин фарзанди миллат дар дили миллионҳо нафар сокинони ҷумҳурӣ ва дигар халқиятҳои ҷаҳон  ҷой гирифтааст ва имрӯз корномаву зиндагии ин шахсияти таърихӣ барои дигарон намунаи ибрат аст.

Инак, матни Муроҷиатномаи ҷавонони шаҳри Кӯлоб ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳоди хонанда мегардонем.

МУРОҶИАТНОМАИ 

 ҷавонони шаҳри Кӯлоб ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонони саодатманди мамлакат таҳти унвони
«Мо ба Пешвои миллат содиқем»

Мо, ҷавонони сарбаланди шаҳри Кӯлоб бо дарки масъулиятшиносӣ, эҳсоси баланди ватандорӣ, ифтихори миллӣ ва садоқатмандию ҳамовозӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ изҳор намуда, эҳтиромона муроҷиат менамоем:

«Мо – ҷавонон, насли хушбахтем, ки дар фазои сулҳу субот ва ободу осудаи мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат зиндагӣ ва фаъолият дорем.

Мояи ифтихор ва сарбаландии мо, кулли сокинон ва ҷавонони шаҳри Кӯлоб аст, ки  зери сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти маҳбубамон имрӯз ин гӯшаи биҳиштосои диёр бо бунёди як қатор иншооти муҳим ва боғу гулгаштҳо ба шаҳри орзуҳо ва зебову замонавӣ мубаддал гардидааст.

Имрӯз Пешвои муаззами  миллат бо нури Раҳмонии худ,  иродаи мустаҳкаму нияту талошҳои нек баҳри ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ иншооти бузурги аср — Неругоҳи барқии обии “Роғун”-ро  бунёд намуда истодаанд. Ин ташаббуси созанда ва беназирашонро мо, ҷавонони тоҷик хуб дарк мекунем ва ҷонибдори сиёсати бунёдкоронаи онҳо ҳастем.

Маҳз бо шарофати сиёсати ваҳдатовари Сарвари давлат ва хоҳишу талошҳои шаҳрвандони мамлакат мо ба сулҳу субот ва пешравиҳои беназир дар ҳама самтҳои давлатдорӣ ноил гардидем.

Зимни суханронии хеш дар тантанаҳои 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Ҷаноби Олӣ аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни  пурғановати миллати тоҷик, махсусан корнамоиву хизматҳои шоистаи мардуми Кӯлобшаҳри бостонӣ дар барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ ёдрас гардиданд, ки ин таваҷҷуҳ мо, ҷавононро боз ҳам рӯҳбаланд намуда, масъулиятамонро баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва гиромидошти муқаддасоти миллӣ  боз ҳам дучанд менамояд.

Имрӯз сокинони шарафманду фарҳангпарвари минтақаи Кӯлоб аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар самти пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ ва пурра решакан намудани ин падидаи номатлуб дар байни ҷомеа бархӯрдор гардида, фаъолияти мунтазами хешро дар ин самт роҳандозӣ намуда истодаанд.

Мо ҷавонон  бо садоқатмандӣ ваъда медиҳем, ки ҳамчун ворисони арзандаи Ҷаноби Олӣ ба қадри суботи комили мамлакат  мерасем ва чун пайравони асил дар оянда мутахассисони баландихтисос гардида, ба халқ ва Тоҷикистони азиз содиқона хизмат менамоем!

Имрӯз мо, ҷавонони сарбаланду соҳибтамаддуни Кӯлоб бо ҷӯшу хурӯш, шаъну шавкат, қувва, ғуруру азамат бо ифодаи олии ғояҳои ватандориву худшиносии миллӣ пайрави содиқи Пешвои миллат ҳастем. Барои пойдорӣ, устуворӣ, абадият, бардавомӣ ва ҷовиду пояндагӣ, бахту саодати миллат ҳамчун фарзандони бовафо бо ифтихори миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ сиёсати хирадмандонаи Президентамонро ҷонибдорӣ менамоем.

Дар атрофи сиёсати дурбинонаи  Ҳукумати мамлакат ҳамеша муттаҳид буда, дар роҳи мубориза бо тамоми амалҳои номатлуб ва пешбурди тарзи ҳаёти солим содиқона заҳмат менамоем ва  барои шукӯҳу нусрати Парчами давлатиамон  ба хотири саодатмандии мардуми Тоҷикистон ба сӯи музаффариятҳо ба Пешвои муаззами миллат содиқ мемонем.

Мо, ҷавонони сарбаланди тоҷик аз фурсати муносиб истифода бурда, якдилона ва бо ҳамовозӣ пешниҳод менамоем, ки бо дарназардошти талошҳои пайваста ва сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди НБО  «Роғун» ва хизматҳои хастанопазирашон  дар ин майдони корзор ба ин иншооти бузурги аср  номи «Неругоҳи барқии обии Роғун ба номи Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон»  дода шавад.

Илова бар ин, хоҳиш менамоем ба Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои беназири таърихӣ, ки дар масири мавҷудияти халқи тоҷик қимати бебаҳо дорад, унвони дуввуми «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шавад.

Мо ҷовидон бо Пешвои миллатем! Мо Шуморо дӯст медорем, Пешвои миллат! Мо то лаҳзаи охири умр ба Шумо содиқ мемонем!

Боварии комил дорем, ки ин Муроҷиатнома аз тарафи кулли ҷавонони мамлакат, қишрҳои гуногуни ҷомеа ва коллективҳои меҳнатӣ ҳамовозӣ ёфта, ҷонибдории ҳамаҷониба пайдо менамояд.

Мо, ҷавонон ба Пешвои миллат содиқем!

Сентябрь 25, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ таъсис дода шавад»
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН САРПАРАСТИ БОЗ ЯК ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Озмуни «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 баргузор карда мешавад
«ДАҲСОЛАИ АМАЛ БАРОИ ИЛМҲОИ КРИОСФЕРА, СОЛҲОИ 2025-2034»: Талоши созанда барои ҷаҳонӣ гардонидани илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ
ТАНҲО МУТОБИҚШАВӢ БА ИҚЛИМ КОФӢ НЕСТ. Гармои тӯлонӣ ва шадид зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд
33 СОЛИ ПУРСАМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Дар роҳи ватансозӣ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем!»
ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек дар ин маврид
Президенти Тоҷикистон ҳушдор доданд: «Эҳтимолан чанд соли оянда мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордии вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво гардем»
БА ТАЪСИСИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН» 30 СОЛ ПУР ШУД. 72 фоизи боркашонӣ дар мамлакат тавассути роҳи оҳан амалӣ мегардад
ГАРМОИ ШАДИД ДАР САЙЁРА. Он раванди даврии табиат аст ва ё таъсири инсон ба муҳит?
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера ва ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ аз нишонаҳои он аст
Ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш меёбад
ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус