Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Душанбе Мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад

Сентябрь 12, 2019 15:33

ДУШАНБЕ, 12.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и  шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ва дар ҳамкорӣ  бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор  мегардад.

Дар мусобиқаи мазкур мухлисону ҳаводорони  сершумори варзиши тоҷик  ва  паҳлавонони шинохтаи мамлакат ширкат мекунанд. Дар ин  бора   шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН бо истинод ба   сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва инкишофи  варзиши   Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир БОЗОРОВ   хабар  медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур 10 даста- «Душанбе-1», «Душанбе-2», «Хатлон-1», «Хатлон-2», «Суғд-1»,  дастаҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияи Рашт дар ҳайати  калон    аз рӯи   чор вазн:  -65, -80, — 90 ва +90 кг байни ҳам рақобат  мекунанд.

Хотиррасон  менамоем, ки  гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз намудҳои маъмул буда, дигар намудҳо, чун дзюдо, самбо, кураш ва дигарҳо аз он сарчашма мегиранд. Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, ҷиҳати оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯштин рӯ ба инкишоф ниҳодааст.

Ёдовар мешавем, ки 17 сентябри соли  2016  ба муносибати 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардида буд. Дар он паҳлавонони вилояти Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе ширкат намуда, аз рӯи вазнҳои 65, -80, +90 байни ҳам рақобат  карда буданд.

Дар он  мусобиқа шоҳҷоиза- се мошини сабукрав барои паҳлавонон гузошта шуда буд. Паҳлавонони шинохта- Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 65 кило, Соҳиб Ҳакимов дар вазни 80 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни +90 кило ба ҳамаи рақибонашон ғолиб омада, сазовори медалҳои тилло ва шоҳҷоиза гардида буданд.

Сентябрь 12, 2019 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд