Беш аз 30 нафар намояндагони ВАО баъд аз иштирок дар машғулияти омӯзишӣ соҳиби гувоҳнома гардиданд
ДУШАНБЕ, 28.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 30 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, инчунин мудирони кафедра ва факултаҳои журналистикаи донишгоҳҳои мамлакат, роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ, ки дар бахши такмили дониш ва саводнокии ВАО фаъолият доранд, баъд аз иштирок дар машғулияти дурӯзаи омӯзишӣ «Оид ба саводнокии иттилоотӣ ва ВАО», ки 26-27 сентябр дар Душанбе доир шуд, соҳиби гувоҳнома гардиданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки машғулияти омӯзишӣ бо ибтикори Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар ҳамкорӣ бо Бюрои кластери ЮНЕСКО дар Алмаато оид ба Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон созмон дода шуд.
Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон дар ҷараёни машғулияти омӯзишӣ гуфт, ки «машғулияти омӯзишӣ бахшида ба Ҳафтаи байналмилалии саводнокии иттилоотии ВАО, ки аз ҷониби ЮНЕСКО аз 24 то 31 октябр дар саросари ҷаҳон доир мегардад, гузаронида мешавад». Ҳадафи асосии машғулияти омӯзишӣ фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таҳияи барномаҳои миллии омӯзишӣ дар ВАО ва саводнокии иттилоотӣ барои баланд бардоштани сифати журналистика, инчунин такмили касбияти намояндагони ВАО мебошад.
Ҳамзамон дар машғулияти омӯзишӣ ноиби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хайрулло Мирзамонзода гуфт, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар он факултаи журналистика фаъолият менамояд, дар омода намудани кадрҳои ҷавон ва мутахассисони бахши ВАО саҳми муноисб мегузорад. Мавсуф афзуд, ки баланд бардоштани касбият ва саводнокии иттилоотии намояндагони ВАО дар шароити пуртазоди ҷомеаи муосири байналмилалӣ, ки муборизаҳои иттилоотӣ пуршиддат гардидаанд, хеле муҳим аст.
Дар ҷараёни машғулияти омӯзишӣ мутахассис оид ба масъалаҳои коммуникатсия ва иттилооти Дафтари ЮНЕСКО дар Алмаато Сергей Карпов ва коршиноси бахши ВАО Ала Қувватова ба намояндагони ВАО доир ба масъалаҳои мубрами марбут ба саводнокии иттилоотӣ, баланд бардоштани касбияти намояндагони ВАО, эътимод ба ВАО, кор бо сарчашмаи иттилоот, одоби рӯзноманигорӣ, нозукиҳои таҳияи маводи иттилоотӣ ва таҳлилӣ бо такя ба масъалаҳои мубрами рӯз ва дигар паҳлуҳои саводнокии иттилоотию тақвияти касбияти рӯзноманигорон ибрози назар намуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»









Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






