Бозиҳои даври 16-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расиданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.
Бояд зикр кард, ки дар ин давр дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар майдони худ бар дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 4:0 ғалаба карда, бозии дастаҳои КМВА «Помир» бо «Куктош» бо ҳисоби мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Голҳои дастаи «Хатлон»-и Бохтарро Абдухалил Боронов (2 гол), Парвиз Охунов ва Умарҷон Шарифов ба ҳадаф расониданд. Ба голи задаи футболбози дастаи ноҳияи Рӯдакӣ Азизбек Султонов дар нимаи аввал артишиҳо тавассути Шодибек Ғаффоров дар нимаи дуюм ҷавоб доданд.
Нобарории дастаи «Куктош» сабаб шуд, ки дастаи «Хатлон» бо 22 хол аз 16 бозӣ ба ҷои сеюми ҷадвали чемпионат барояд.
Дар бозиҳои дигар дастаи футболи «Истиқлол» дар майдони худ ба дарвозаи дастаи «Истаравшан» 2 голи беҷавоб зад. Голҳоро Шериддин Бобоев ва Аҳтам Назаров ба ҳадаф расониданд. Дастаи «Хуҷанд» бар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Турсуналӣ Рустамов ба нишон расонид.
| ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | Х | |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 16 | 13 | 3 | 0 | 45-11 | 42 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 15 | 8 | 2 | 5 | 26-16 | 26 |
| 3 | «Хатлон» (Бохтар) | 16 | 6 | 4 | 6 | 22-21 | 22 |
| 4 | «Куктош» (Рӯдакӣ) | 16 | 5 | 5 | 6 | 23-23 | 20 |
| 5 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 16 | 5 | 4 | 7 | 22-26 | 19 |
| 6 | КМВА «Помир» (Душанбе) | 16 | 5 | 4 | 7 | 16-22 | 19 |
| 7 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 15 | 5 | 2 | 8 | 13-21 | 17 |
| 8 | «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) | 16 | 3 | 2 | 11 | 13-38 | 11 |








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






