Чемпионати Осиё-2020: Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат мекунад
ДУШАНБЕ, 27.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 19-сола дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат мекунад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи хабари манбаъ, мусобиқаи ин гурӯҳ аз 2 то 6 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов 2 октябр бо Молдив, 4 октябр бо Лубнон ва 6 октябр бо Сурия рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо бо ширкати футболбозони ҷавони тоҷик соати 19:00 шурӯъ мешаванд. Дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 19- сола 46 даста ширкат меварзанд, ки тибқи қуръакашӣ, ба 11 гурӯҳ тақсим шудаанд. Дар минтақаи Ғарб 6 гурӯҳ, дар минтақаи Шарқ 5 гурӯҳ таъсис ёфтааст. Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон роҳ пайдо мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки макони баргузории марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 19-сола ҳанӯз муайян нашудааст. Агар мизбони Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 19-сола дар мусобиқоти интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро соҳиб шавад ва ё ба қатори чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм шомил гардад, онгоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо мекунад.
Таркиби гурӯҳҳои қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола:
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: Ироқ (мизбон), Уммон, Фаластин, Кувайт, Покистон.
Гурӯҳи «В»: Қатар (мизбон), Яман, Туркманистон, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «С»: Тоҷикистон (мизбон), Сурия, Лубнон, Молдив.
Гурӯҳи «D»: Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Эрон (мизбон), Қирғизистон, Непал.
Гурӯҳи «Е»: Урдун, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Бутан.
Гурӯҳи «F»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Узбекистон, Ҳиндустон, Афғонистон.
Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «G»: Тайланд, Малайзия, Камбоҷа (мизбон), Бруней, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ.
Гурӯҳи «Н»: Австралия, Тайбэйи Чин (мизбон), Макао, Лаос.
Гурӯҳи «I»: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Мянмар (мизбон), Сингапур.
Гурӯҳи «J»: Ҷопон, Ветнам (мизбон), Муғулистон, Гуам.
Гурӯҳи «К»: Индонезия (мизбон), Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Тимори Шарқӣ.
Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола
Гурӯҳи «С»
Даври 1-ум
2-юми октябр (чоршанбе)
16:00 – Сурия – Лубнон
19:00 – Тоҷикистон – Молдив
Даври 2-юм
4-уми октябр (ҷумъа)
16:00 – Молдив – Сурия
19:00 – Лубнон – Тоҷикистон
Даври 3-юм
6-уми октябр (якшанбе)
16:00 – Лубнон – Молдив
19:00 – Тоҷикистон – Сурия








ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд






