Дар Душанбе барои дарёфти беҳтарин раиси Шӯрои кор бо занону духтарон озмун эълон гардид

Сентябрь 26, 2019 10:03

ДУШАНБЕ, 26.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   озмуни «Беҳтарин раиси Шӯрои кор бо занону духтарон»-ро  эълон менамояд.Дар ин робита,   бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 24 сентябри соли 2019 Низомнома ва ҳайати комиссияи озмуни  мазкур тасдиқ гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ин озмун  дар доираи  нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» роҳандозӣ мегардад.

Хотиррасон  менамоем, ки  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри баланд бурдани мақоми занон дар ҷомеа  пайваста  тадбирҳои самаранок меандешад.  Айни замон дар пойтахт  396 ҳазору  600 нафар  бонувон фаъолият доранд, ки  аз онҳо 110 нафар хизматчиёни давлатӣ буда, 28 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Аз ҳисоби занон  29 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, 58 нафар вакили Маҷлиси вакилони ноҳияҳои пойтахт буда, 1698 нафар бонувон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Илова бар ин, дар соҳаи тандурустӣ 6845 нафар, соҳаи маориф 8137 нафар занону духтарон фаъолият доранд.

Сентябрь 26, 2019 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд