Дар Душанбе барои дарёфти беҳтарин раиси Шӯрои кор бо занону духтарон озмун эълон гардид
ДУШАНБЕ, 26.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин раиси Шӯрои кор бо занону духтарон»-ро эълон менамояд.Дар ин робита, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 24 сентябри соли 2019 Низомнома ва ҳайати комиссияи озмуни мазкур тасдиқ гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин озмун дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» роҳандозӣ мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри баланд бурдани мақоми занон дар ҷомеа пайваста тадбирҳои самаранок меандешад. Айни замон дар пойтахт 396 ҳазору 600 нафар бонувон фаъолият доранд, ки аз онҳо 110 нафар хизматчиёни давлатӣ буда, 28 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Аз ҳисоби занон 29 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, 58 нафар вакили Маҷлиси вакилони ноҳияҳои пойтахт буда, 1698 нафар бонувон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Илова бар ин, дар соҳаи тандурустӣ 6845 нафар, соҳаи маориф 8137 нафар занону духтарон фаъолият доранд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






