Дар Душанбе дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ду ноболиғ ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 10.09.2019./АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр, тахминан соати 20:50, дар сероҳаи хиёбони Исмоили Сомонӣ ва кӯчаи Варзишгарони шаҳри Душанбе (назди Маркази исмоилия) садамаи нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷаи он пиёдагардони ноболиғ, хонандагони МТМУ №25 Сиёвуши Зафар, соли таваллудаш 2004 (синфи 9) ва Аюб Муҳиддинзода, соли таваллудаш 2001 (синфи 11) ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,
ронандаи мошини тамғаи «Хундай-Старекс» Ҷ. Эмомов ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи И.Сомонии пойтахт, аз тарафи кӯчаи Сино ба самти кӯчаи Н.Ганҷавӣ, дар сероҳаи кӯчаи И.Сомонӣ-Варзишгарон ба мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», ки таҳти идораи ронанда Фазлиддин Авлоқулови 29-сола қарор дошт, бархӯрдааст. Дар натиҷа мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» самти ҳаракаташро тағйир дода, пиёдагардони номбаршударо пахш намудааст.
Айни ҳол Фазлиддин Авлиёқулов дар Беморхонаи Қарияи болои шаҳри Душанбе дар ҳолати вазнин қарор дошта, бистарӣ аст.
Аз рӯи қазияи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтиши он идома дорад.
Хотиррасон менамоем, ки ноболиғони фавтида фарзандони кормандони радиои «Садои Душанбе» ва Шабакаи аввали Тоҷикистон буда, дар бинои истиқоматии кормандони Кумитаи телевизион ва радио, ки дар кӯчаи Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт воқеъ гардидааст, зиндагӣ мекарданд.
Боиси таассуф аст, ки бо вуҷуди пурзӯр намудани муҷозот барои ронандагони қоидавайронкун дар роҳҳо ва андешидани тадбирҳои муассир дар ин самт ҳанӯз ҳам ин масъала ташвишовар боқӣ мемонад. Дар роҳҳои мамлакат дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат расидани шаҳрвандон зиёд ба қайд гирифта мешаванд.
Тибқи маълумоти ба дастомада, тақрибан давоми ду соли охир бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз ду ҳазор каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Тибқи иттилои таҳлилгарон, аксар вақт садамаҳои нақлиётӣ аз ҷониби ронандагони ҷавон, ки мошинро бо суръати баланд меронанд, ба вуқӯъ мепайванданд.








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






