Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябри 2019 дар Душанбе нахустин даври машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия Амран Муҳаммад Зин баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайатҳои ду давлат вазъи кунунӣ ва самтҳои авлавиятноки муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима карда, перомуни масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти машваратҳои мунтазами сиёсиро чун абзори шиносоӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда таъкид сохтанд.
Баъд аз машваратҳои сиёсӣ ҳайати малайзӣ аз «Кохи Наврӯз» боздид намуд.








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






