ДАР МУҲОКИМА — БЕХАТАРИИ МАСОЛЕҲ ВА МАСНУОТИ СОХТМОНӢ. Дар «Тоҷикстандарт» бо истеҳсолкунандагони хишт машварат доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи баланд бардоштани сифати маҳсулоти корхонаҳои хиштистеҳсолкунанда ва рақобатпазирии он дар бозори дохилӣ зимни машварати корӣ, ки 5 сентябр дар Агентии стандартизатсия, метрология, сенртификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») доир гардид, баррасӣ шуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар «Тоҷикстандарт» иброз доштанд, ба низом даровардани фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ асосан тибқи санадҳои меъёрӣ- техникӣ ба роҳ монда мешавад. Вобаста ба ин дар Агентии «Тоҷикстандарт» таҳия ва қабули чунин ҳуҷҷатҳо дар мадди аввали фаъолият меистад ва имрӯз бо назардошти рушди соҳа ва талаботи замони муосир ба ин масъала аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Қабул шудани як қатор қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ ва техникӣ дар ин самт ва ба роҳ мондани фаъолият тибқи талаботи онҳо далели ин гуфтаҳо мебошад.
Дар ин замина, дар баробари дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ — техникӣ Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ» таҳия ва қабул шудааст, ки истеҳсол, ба муомилот баровардан, бехатарӣ, тамғагузорӣ, интиқол ва нигоҳдории масолеҳи сохтмониро ба танзим медарорад.
Вобаста ба риояи талаботи Регламенти техникии мазкур дар муҳлатҳои муқарраршуда, тибқи нақша дар корхонаҳои истеҳсоли хишт назорати давлатӣ гузаронида шуда, аз тарафи мутахассисон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд.
Дар машварат намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, роҳбарону масъулини корхонаҳои истеҳсоли хишти сафолии шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ иштирок намуданд. Дар ҳамоиш масъалаҳои вобаста ба риояи талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ», дар ин замина беҳтар намудани сифати хиштҳои сохтмонӣ ва ҷорӣ намудани менеҷменти сифат тибқи стандартҳои байналмилалӣ баррасӣ гардида, аз ҷониби мутахассисон ба соҳибкорон тавсияҳо дода шуд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳоло корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии мамлакат тамоми шароиту имкониятҳоро доранд, ки маҳсулоти босифат ва бехатар истеҳсол намуда, пешкаши истеъмолкунандагон намоянд.
Боварии комил дорем, ки соҳибкорони мо бо ҳиссаи баланди масъулиятшиносӣ ва нангу номуси ватандорӣ, барои рушди минбаъдаи истеҳсолот, бехатар намудани сифати маҳсулот камари ҳиммат мебанданд.
Дар баробари ин «Тоҷикстандарт» баҳри таъмини корхонаҳои ватанӣ бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ- техникӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, зеро ин омили муҳим ба корхонаҳои мо имконият медиҳад, ки маҳсулоти босифати рақобатпазир истеҳсол намоянд ва дар баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат низ саҳм гузоранд.









Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






