Дар ноҳияи Рашт биноҳои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва Ҷамоати деҳоти Тагоба ба истифода дода шуданд
РАШТ, 07.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 28-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар фазои тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Камолзода, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Тагоба мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бинои маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои ташхисгоҳи замонавиест, ки бо беҳтарин таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Рашт, соли 2019 дар ноҳия ба истифода додани 52 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Тагоба ва майдончаи варзишӣ аз ҷумлаи ин иншоот мебошанд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият мавриди истифода қарор дода шуданд.
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт сохтмони 206 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст. Инҳо 29 адад варзишгоҳ, 15 адад биноҳои маъмурӣ, 29 адад хатти об нӯшокӣ, 22 адад марказҳои савдо, 12 адад корхонаҳои истеҳсолӣ ва 74 иншоот дар соҳаҳои фарҳангу тандурустӣ ва маориф мебошанд, ки то фарорасии ин ҷашни миллӣ ба истифода дода мешаванд.








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






