Дар Ню-Йорк роҳҳои таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Булғористон баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо хонум Екатерина Заҳариева, муовини Сарвазир оид ба ислоҳоти судӣ ва Вазири корҳои хориҷии Булғористон мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо роҳҳои таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Булғористонро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, тиҷорат, фарҳанг ва маориф мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо инчунин дар мавриди самтҳои нави ҳамкорӣ дар ҳошияи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар робита ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва мубориза бо терроризм мубодилаи афкор анҷом доданд.








Дар Бейрут дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Лубнон баррасӣ шуданд
Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳии Лубнон мулоқот намуд
Дар Кувайт бахшида ба ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо Раиси раёсати ширкати «Agricore Group MMC» мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Полша густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алихонов мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Лубнон мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж консерти ҳунармандони Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Лубнон Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт






