Дар Рашт наҷотдиҳандагони зудамал кӯшиши суиқасд ба худкуширо пешгирӣ карданд

Сентябрь 17, 2019 10:55

ДУШАНБЕ, 17.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони наҷотдиҳии  зудамали  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт  бо истифода аз усулҳои самарабахши  кор  ба  ҷавоне, ки  қасди  худкушӣ дошт, кумак  расонида,  ҳаёти ӯро наҷот бахшиданд.

Тавре сардори маркази матбуоти Кумитаи мазкур Умеда Юсуфӣ зимни  шарҳи ин рӯйдод  ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод,  тавассути занги телефон  ба   қисми  навбатдории  ноҳияи Рашт хабар доданд, ки як сокини 25-солаи деҳаи Сари Шухони Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи мазкур  дар соҳили дарёи Сурхоб қарор дошта, қасди   худкушӣ дорад.

«Фавран ба ҷойи ҳодиса навбатдорони гурӯҳи зудамали наҷотдиҳандагон  фиристода шуд. Ҳангоми расидан ба  макони ҳодиса  маълум  гардид,  ки ҷавони  зикршуда  дар  баландие қарор дошта, кӯшиши   ба дарё ҷаҳидан  дорад. Наҷотдиҳандагони Кумита вазъияти мавҷударо  фавран  мавриди омӯзиш қарор дода,  баҳри наҷоти ӯ   тадбири  муассир  андешиданд», — афзуд манбаъ.

Ба итттилои У.Юсуфӣ, наҷотдиҳандагон бо истифода аз усулҳои озмудаи  касбӣ –  ёфтани калимаҳои дуруст,  ки   барои ором кардани одам ва пешгирии ваҳм истифода   бурда мешаванд,  ҷавонро аз ҳолати парешониву  рӯҳафтодагӣ  ба худ оварданд. Дар натиҷа  мард наҷот ёфта, ба кормандони милитсияи ноҳияи Рашт супорида шуд. Маълум шуд, ки сабаби ба ин кор даст задани ҷавон бемории рӯҳии ӯ будааст.

 

 

Сентябрь 17, 2019 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд