Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе маротибаи ҳаштум дар Лигаи олӣ чемпиони Тоҷикистон шуд

Сентябрь 30, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 30.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар  даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи  футболи  «Истиқлол»-и Душанбе  дар сафар  дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби  калони 6:1 мағлуб кард. Пас аз ин муваффақият дастаи «Истиқлол» маротибаи ҳаштум дар Лигаи олӣ  чемпион гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

Қаблан  дастаи  футболи «Истиқлол»-и  Душанбе  солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017 ва 2018 соҳиби медалҳои тиллоии чемпионати Тоҷикистон гардида буд. Бо ин пирӯзиаш дастаи  «Истиқлол»  дар шумораи ҷоизаҳо аз  дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода пеш гузашта, серҷоизатарин дастаи мамлакат гардид.

Бояд гуфт, ки дар ин даври мусобиқот  бозиҳои дастаҳои  футболи «Кӯктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ ва   «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби  1:6,    Панҷшер»-и  Ҷалолиддини Балхӣ бо дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо натиҷаи 0:5, «Истаравшан»-и Истаравшан бо «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби мусовӣ  1:1 анҷом ёфтанд. Дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»-и  Турсунзода   КМВА «Помир»-и  Душанберо  бо ҳисоби   2:1 мағлуб намуд.

Лигаи олӣ. Даври 17-ум.

«Кӯктош»  1-6 «Истиқлол»

«Панҷшер» 0-5 «Хуҷанд»

«Истаравшан» 1-1 «Хатлон»

«Регар-ТадАЗ» 2-1 КМВА «Помир»

Ёдовар  мешавем, ки   дар бозиҳои даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи  футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар майдони худ бар дастаи «Панҷшер»-и  Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 4:0 ғалаба карда, бозии дастаҳои  КМВА «Помир» бо «Кӯктош» бо ҳисоби  мусовӣ (1:1) анҷом ёфт.

Голҳои дастаи «Хатлон»-и Бохтарро Абдухалил Боронов (2 гол), Парвиз Охунов ва Умарҷон Шарифов ба ҳадаф расониданд. Ба голи задаи футболбози дастаи ноҳияи Рӯдакӣ Азизбек Султонов дар нимаи аввал артишиҳо тавассути Шодибек Ғаффоров дар нимаи дуюм ҷавоб доданд. Нобарории  дастаи «Кӯктош» сабаб шуд, ки  дастаи  «Хатлон» бо 22 хол аз 16 бозӣ ба ҷои сеюми ҷадвали чемпионат барояд.

Дар бозиҳои  дигар дастаи футболи «Истиқлол» дар майдони худ ба дарвозаи дастаи «Истаравшан» 2 голи беҷавоб зад. Голҳоро Шериддин Бобоев ва Аҳтам Назаров ба ҳадаф расониданд. Дастаи «Хуҷанд» бар дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Турсуналӣ Рустамов ба нишон расонид.

Сентябрь 30, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд