Дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷоми ҷаҳон-2022-ро бо ғалаба оғоз намуд

Сентябрь 6, 2019 08:06

ДУШАНБЕ, 06.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури   20 ҳазор   нафар тамошобинон  дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бар дастаи  мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:0  ғолиб омад. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон  шарҳ медиҳад.

Бозӣ бо ҳуҷумҳои меҳмонон шурӯъ шуд ва онҳо муддати 15 дақиқа бартарӣ доштанд. Баъдан ташаббусро мизбонон ба даст гирифтанд. Манучеҳр Ҷалилов имкони хуби голзаниро истифода карда натавонист ва тӯбро аз назди дарвозаи рақиб ба ҳадаф нарасонд.

Дар нимаи аввали дидор футболбозони қирғиз низ лаҳзаҳои мувофиқи голзаниро аз даст доданд. Тӯби аз ҷаримагоҳ задаи бозингари онҳо ба сутуни дарвоза бархӯрд.

Дар дақиқаи 42-юми бозӣ ба нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов, ки бори аввал дар ҳайати  дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба майдон омад, муяссар шуд, ки тӯбро аз ҷаримагоҳ ба дарвозаи меҳмонон ворид намояд. Дар нимаи дуюми  дидор ҳисоб тағйир наёфт. Голи ягона ба дастаи  мунтахаби Тоҷикистон пирӯзӣ ва се имтиёз овард.

Дар бозии аввалини гурӯҳи «F» дастаи  мунтахаби Муғулистон дар майдони худ бар дастаи мунтахаби Мянмар бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Ба ин тартиб, дар ин гурӯҳ дастаҳои Муғулистону Тоҷикистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд.

Ёдовар мешавем, ки  дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии дуюмашро   10  сентябр дар меҳмонӣ бо  дастаи мунтахаби Муғулистон анҷом медиҳад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои миллии Япония, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Сентябрь 6, 2019 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд