Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
РӮДАКӢ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ якчанд иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Бо иштироки меҳмонону сокинони ҷамоат дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №108-и деҳаи Дарёобод майдончаи варзишӣ, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58-и деҳоти Роҳатӣ Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 110-и Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ бинои нави муассисаи таълимӣ бо 16 синфхона ва дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-и деҳаи Теппаи самарқандӣ 2 синфхонаи нав ва майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бунёди майдончаҳои варзишӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои фароҳам овардани шароити муносиби гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, машғулияти варзишӣ ва ҷалби хонандагон ба тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҳамчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон бунёд гардид. Он аз 3 синфхона иборат буда, 150 нафар кӯдаконро дар ду баст ба таълиму тарбия фаро мегирад.
Саҳми соҳибкорон дар бунёди муассисаҳои таълимию тандурустӣ, мумфаршкунии роҳҳо ва дигар бунёдкорӣ назаррас аст. Бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №110-и Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ бо 16 синфхона бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардид. Ба ин восита хонандагон бо ҷойи нишаст таъмин ва барои таҳсили онҳо беҳтарин шароити замонавӣ муҳайё карда шуд.
Таъкид гардид, ки бунёду ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон ва майдончаҳои варзишӣ барои таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар гардидани шароити таҳсил замина мегузорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ













Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд






