«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Футбол – омили ваҳдат ва ҳамдилии ҷавонон» байни устодону кормандон мусобиқаи футболи хурд доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Ҳадаф аз ташкили чунин чорабиниҳои варзишӣ ҷалби устодону кормандон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими руҳияи дӯстию ҳамкорӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошад.
Дар натиҷаи рақобат дастаи «Истиқлол» бар дастаи «Ваҳдат» пирӯз шуда, сазовори Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид.
Варзиш на танҳо воситаи солимгардонӣ, балки яке аз омилҳои муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдилӣ, ҳамкорӣ ва руҳияи созанда дар ҷомеа мебошад.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон минбаъд низ ба рушди соҳаи варзиш, фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрин ва ҷалби устодону кормандон ва донишҷӯён ба чорабиниҳои варзишӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


















Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад






