Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026, ки дар Ҷопон идома доранд, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба варзишгароне, ки дар ин мусобиқа медали тилло мегиранд, 150 ҳазор сомонӣ ва ба мураббиёни онҳо 30 ҳазор сомонӣ дода мешавад. Ба варзишгароне, ки ҷойи дуюмро мегиранд, 100 ҳазор сомонӣ ва ба мураббиёни онҳо 20 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.
Инчунин ба варзишгароне, ки ҷойи сеюмро ба даст меоранд, 50 ҳазор сомонӣ дода шуда, ба мураббиёни онҳо 10 ҳазор сомонӣ мукофот дода мешавад.
Мақсади ин иқдом ҳавасмандгардонӣ ва қадршиносии дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ — 2026 мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






