Дилшод Назаров: «Ҳақиқат ба ҷониби ман аст»

Сентябрь 27, 2019 14:21

ДУШАНБЕ, 27.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Қаҳрамони олимпӣ оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаров, ки мебоист аз 27 сентябр то 6 октябр дар Давлати Қатар дар Чемпонати ҷаҳои оид ба варзиши сабук иштирок мекард, ба Тоҷикистон баргашт.

Пас аз бозгашт ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Дилшод Назаров дар саҳифаи худ дар Facebook навиштааст: «Дӯстони азиз, шумо шояд шунидед, ки ба ман намояндагӣ кардан аз давлати худ манъ шудааст. Ман дар Ҷоми ҷаҳон баромад карда наметавонам, зеро маро дар истифодаи доруҳои мамнӯъшуда (допинг) гунаҳкор карданд. Лутфан ба ман каме вақт диҳед, то ман фикрҳоямро ҷамъ карда тавонам. Ман намехоҳам эҳсосотро нишон диҳам, ман мехоҳам далелҳоро пешниҳод кунам. Ба қарибӣ изҳороти худро нашр мекунам. Ҳақиқат дар ҷониби ман аст».

Ёдовар мешавем, ки The Athletics Integrity Unit, ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук 24  сентябр дар сомонаи худ (https://www.athleticsintegrity.org) номи Дилшод Назаровро ба истифодаи допинг муттаҳам ва аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои минбаъда  маҳрум кард.

Ба навиштаи созмон, тафтиши дубораи допинг дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон дар соли 2011 дар Кореяи Ҷанубӣ «дар намунаи Дилшод Назаров маводи мамнӯи метаболити туринаболи даҳонӣ (metaboliteof oralturinabol)-ро ошкор кард.

Сентябрь 27, 2019 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд