Дилшод Назаров: «Ҳақиқат ба ҷониби ман аст»
ДУШАНБЕ, 27.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Қаҳрамони олимпӣ оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаров, ки мебоист аз 27 сентябр то 6 октябр дар Давлати Қатар дар Чемпонати ҷаҳои оид ба варзиши сабук иштирок мекард, ба Тоҷикистон баргашт.
Пас аз бозгашт ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Дилшод Назаров дар саҳифаи худ дар Facebook навиштааст: «Дӯстони азиз, шумо шояд шунидед, ки ба ман намояндагӣ кардан аз давлати худ манъ шудааст. Ман дар Ҷоми ҷаҳон баромад карда наметавонам, зеро маро дар истифодаи доруҳои мамнӯъшуда (допинг) гунаҳкор карданд. Лутфан ба ман каме вақт диҳед, то ман фикрҳоямро ҷамъ карда тавонам. Ман намехоҳам эҳсосотро нишон диҳам, ман мехоҳам далелҳоро пешниҳод кунам. Ба қарибӣ изҳороти худро нашр мекунам. Ҳақиқат дар ҷониби ман аст».
Ёдовар мешавем, ки The Athletics Integrity Unit, ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук 24 сентябр дар сомонаи худ (https://www.athleticsintegrity.org) номи Дилшод Назаровро ба истифодаи допинг муттаҳам ва аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои минбаъда маҳрум кард.
Ба навиштаи созмон, тафтиши дубораи допинг дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон дар соли 2011 дар Кореяи Ҷанубӣ «дар намунаи Дилшод Назаров маводи мамнӯи метаболити туринаболи даҳонӣ (metaboliteof oralturinabol)-ро ошкор кард.









ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






