Духтарони футболбози тоҷик дар Чемпионати CAFA-2019 соҳиби медали биринҷӣ гардиданд

Сентябрь 17, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 17.09.2019 /АМИТ «Ховар»/.  16 сентябр  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби   духтаронаи то 15-сола ба анҷом расид. Дар ин бора   шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур дастаи мунтахаби  Тоҷикистон ҷои сеюмро ишғол намуда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд. Футболбоздухтарони мо дар чемпионати мазкур се бозӣ анҷом дода, дар як бозӣ ба муқобили дастаи Ӯзбекистон ғалаба карданд (2:0), дар ду бозӣ аз ҳамсолонашон аз Эрон (0:4) ва Қирғизистон (1:6) мағлуб гардиданд.

Дастаи мунтахаби Эрон, ки дар ҳар се бозӣ пирӯз шуд, ғолиби Чемпионати CAFA-2019 гардид. Медалҳои нуқра насиби дастаи мунтахаби Қирғизистон шуд, ки 6 хол ба даст овард.

Чемпионати CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби духтарони то 15-сола

Даври 1-ум
Эрон – ТОҶИКИСТОН – 4:0
Ӯзбекистон – Қирғизистон – 2:6

Даври 2-юм
ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон – 2:0
Голҳо: Рухшона Файзуллоева, 2 (1:0). Рухшона Файзуллоева, 35+3 (2:0).
Қирғизистон – Эрон – 0:1

Даври  3-юм
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 1:6
Голи Тоҷикистон: Малика Қаюмова.
Ӯзбекистон – Эрон – 2:3

Сентябрь 17, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид