Файзулло Баротзода: «Маънои аслии мафҳуми Истиқлолият рафтори озодона, мустақилона ва бомантиқ доштан дар муҳити мамлакати обод мебошад»
ДУШАНБЕ, 06.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маънои аслии мафҳуми Истиқлолият ҳамчун истилоҳ рафтори озодона, мустақилона ва бомантиқ доштан дар муҳити мамлакати обод мебошад. Аз мавқеи муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ истиқлолияти давлат санади эътироф намудани он аз ҷониби кишварҳои дигар ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонист. Ин нуктаро имрӯз директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло БАРОТЗОДА зимни баргузории семинари илмӣ-назариявӣ, ки ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ниҳод доир шуд, баён дошт.
Андешаҳои Файзулло Баротзодаро оид ба омилҳои муҳими пойдории истиқлолият манзури хонандагон мегардонем.
Аз нуқтаи назари сиёсӣ, истиқлолият амалкарди фаъоли принсипҳои гуногун, идоракунии муназзами уфуқию амудии воҳидҳои маъмурӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ ва конститутсиониро ифода менамояд. Ҷанбаи муҳими соҳибихтиёрӣ барои ҳар як давлати соҳибистиқлол дар масъалаи муносибатҳои хориҷӣ субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ будан ва дар пешбурди умури дохилӣ ноил шудан ба тақсимоти муваффақонаи ваколатҳои ҳокимияти давлатиро ифода менамояд.
Мушарраф шудан ба ин рӯйдоди хотирмон ва тулӯи офтоби гарму форами санаи мубораки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик 9 сентябри соли 1991 мувофиқ омадааст. Чун ҳамасола дар ин рӯзи фараҳбахш тамоми мардуми шарифи ҷумҳурӣ – марду зан, хурду калон, пиру ҷавон, шаҳрванди қаторию масъул ва низомию ғайринизомӣ ҷашни 28-умин солгарди онро дар шароити сулҳу субот, ваҳдату оромӣ, бунёдкорию созандагӣ ва қадамҳои ҷиддӣ гузоштан дар роҳи рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёт ва тарҳи нав андохтани инфрасохтори Тоҷикистони азиз бо ҳазорон орзуву ҳавас, меҳру муҳаббат, қаноатмандию болидарӯҳӣ ва ифтихор аз ватану миллат ва давлату давлатдорӣ бо дастовардҳои беҳтар аз пештар таҷлил карда истодаанд.
Сазовори гуфтан аст, ки тибқи Амри махсус ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол ҷабҳаи бузурги созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон воқеан як раванди бесобиқа ва ифодакунандаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ пайдо намудааст. Бемуҳобо гуфтан мумкин аст, ки ҳамон анъанаи ҳасанаи дар арафаи Истиқлолияти давлатӣ – ҷашни арзишманду муқаддаси миллӣ аз ҷониби вазорату кумитаҳо, муассисаву корхонаҳои хусусию давлатӣ, шахсони саховатманду ватандӯст ва ниҳоду сохторҳои гуногун дар саросари давлати азизамон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани объектҳои дорои таъйиноти инфрасохторӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ имсол чандин маротиба зиёдтар шудааст. Албатта, ин муждаҳои ҷашнӣ барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ ва некӯаҳволии сокинони мамлакат, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ ба ваҷҳи писандида тағйир ёфтани имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ниҳоят бузург мерасонанд. Ҳоло аз баландиҳои кохи бегазанди ватани озоду обод бо чашми басират мушоҳида кардан мумкин аст, ки баробари сипарӣ шудани ҳар рӯзи баршумор то ин санаи фархунда чӣ гуна дарахти пурсамари Истиқлоли тоҷик шукӯҳу шаҳомати беназири худро афзун мегардонад. Илова бар ин, қудсияти ин ҷашн дар шинохти мардум бо гузашти ҳар сол қавитар мегардад.
Вақте ки дар бораи рушди мустақилона дар даврони истиқлолият сухан доир мешавад, бегумон самтҳои барозанда ва меҳварии ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии ҷумҳурӣ пеши назар ҷилвагар мешавад.
Муҳимтарин омили решадор кардани соҳибихтиёрӣ, пеш аз ҳама, соҳибӣ карда тавонистани истиқлолияти давлатӣ ва таъмини якпорчагии қаламрави он мебошад. Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта чун афтодани пардаи оҳанини низоми сиёсию идеологии Иттиҳоди Шӯравӣ наздик шудан гирифт, ҷумҳуриҳои миллӣ яке паси дигар ба қабули эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии кишварҳои худ оғоз карданд. Ин рӯйдоди муҳим барои аксари ҷумҳуриҳо асосан ба нимаи дуюми соли 1991 мувофиқ омад ва барои давлатҳои тоза ба истиқлол расида давраи пурмасъулият – марҳалаи гузариш ва қадам гузоштан ба ҳаёти мустақилона фаро расид. Вале дар як муддати муайяни таърихӣ ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ дар ин субъектҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии давлате идора карда мешуд, ки аллакай аз саҳнаи сиёсӣ берун омада буд. Ин вазъият то андозае боиси сар задани нооромӣ ва ҳолатҳои буҳронӣ гардид, зеро қонунҳои кӯҳна ба талаботи шароити нави сиёсӣ созгор намеафтоданд ва ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ тани танҳо дар муқобили мушкилоти сершумори худ монданд. Ҳамин воқеият ва далелҳои дигар таҳрик ёфтани низоъҳои сиёсӣ ва қудратхоҳиро дар дохили кишварҳои алоҳида ва гоҳо дар миёни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ба вуҷуд овард. Бисёр ҷойи таассуф аст, ки ҷумҳурии мо дар зери таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Вале дар муддати бештар аз панҷ сол роҳбарияти олии мамлакат тавонист, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми мушкилоти вобаста ба он ҳал ва бартараф намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона созад. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафти ҷомеа миллати тоҷикро ба рӯзи ваҳдат ва якдилии саросарӣ расонид.
Ҷамъбасти фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба мусолиҳаи миллӣ истеъдоди баланди роҳбарӣ ва сазовори унвони Пешвои миллат буданро ҳанӯз дар ҳамон муҳити ниҳоят сарбастаи ҳаёти сиёсӣ бозгӯ намуда буд. Ҳеҷ кас дар он вақт барои пешгӯӣ кардани ояндаи Тоҷикистон ҷуръат намекард. Вале иродаи дар муҳити хизмати неруҳои баҳрӣ обутобёфтаи Сарвари тоҷикон сифатҳои таҳаммулпазирӣ, мушкилнописандӣ, масъулиятшиносӣ ва таваккул бар Худо карданро гӯё барои уқдакушоии ҳамин муаммои таърихи навтарини миллат захира карда буд. Аз ин ҷиҳат, 27 июни соли 1997, ба назари мо, инчунин тасдиқи дигарбораи истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҳудудии ҷумҳурӣ ҳам буд. Сулҳи беназири тоҷикон миллатро монанди пӯлод обутоб дода, ба мисли гӯшту нохун муттаҳид кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид ва номи тоҷику Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон абадулобод ҷойгузин шуд. Ҳамин омили муҳим минбаъд расидан ба дастовардҳои дигарро дар соҳаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, энергетика ва логистика, саноат ва озуқаворӣ осон гардонид ва уфуқҳои тозаро ба рӯйи давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон боз намуд.