ФУТБОЛ: имрӯз бозии дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Непал доир мегардад

Сентябрь 20, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 20.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз,  20  сентябр, соати  22:00,  дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол  дар даври чоруми  марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020    бо дастаи мунтахаби наврасони  Непал рақобат мекунанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон   хабар медиҳад. 

Бояд  зикр кард, ки  чанде пеш  дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол  бори дигар исбот намуд, ки онҳо дар қораи Осиё рақиби арзанда надоранд. Дар бозии нахустини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2020 футболбозони навраси  тоҷик дастаи мунтахаби наврасони   Шри – Ланкаро бо ҳисоби  калони  8:0 шикаст дода буданд.   Дар бозии дуюм  дастаи  мунтахаби  наврасони  Кувайтро   бо ҳисоби  хеле калон-  9:0 мағлуб намуданд.

Ҳоло дастаи  мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо 6 хол пешсафи ҷадвали гурӯҳи «А» мебошад.

Имрӯз дар даври чорум  футболбозони навраси  тоҷик бо дастаи мунтахаби наврасони  Непал рақобат мекунанд. Мо боварӣ дорем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон  дар ин сабқат низ ғолиб меояд.

Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни наврасони то 16-сола
Гурӯҳи «А»

Бозиҳои даври  1-ум
Непал – Урдун – 0:7
Кувайт – Шри Ланка – 2:0

Бозиҳои  даври  2-юм

Шри Ланка – ТОҶИКИСТОН – 0:8
Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев, 17 (0:1). Хусрав Тоиров, 22 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 25 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 34 (0:4). Кабир Салимшоев, 40 (0:5). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (0:6). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 68 (0:7). Фахриддин Аҳтамов, 88 (0:8).

Кувайт – Непал – 1:1

Бозиҳои  даври  3-юм
ТОҶИКИСТОН – Кувайт – 9:0

Голҳо: Аҳмад Ал-Кандарӣ, 20 – автогол (1:0). Кабир Салимшоев, 42 (2:0). Кабир Салимшоев, 45+2 (3:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 45+4 (4:0). Муҳаммадворис Сайдалиев, 47 (5:0). Сунатулло Азизов, 68 (6:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 74 (7:0). Меҳрубон Каримов, 77 – аз пеналтӣ (8:0). Хусрав Тоиров, 90+1 (9:0).

Урдун – Шри Ланка – 7:0

Бозиҳои даври  4-ум
20 сентябр (ҷумъа)
19:00. Урдун – Кувайт
22:00. Непал – ТОҶИКИСТОН

Бозиҳои даври  5-ум
22 сентябр (якшанбе)
19:00. Шри Ланка – Непал
22:00. ТОҶИКИСТОН – Урдун

Эзоҳ: Оғози бозиҳо бо вақти Душанбе

Ёдовар мешавем, ки   дастаи мунтахаби наврасони  то 16- солаи  Тоҷикистон оид ба футбол  бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Президенти Қазоқистон, ки 28  август дар шаҳри Нурсултон ба анҷом расид, мақоми дуюм касб намуда, барандаи медалҳои нуқра гардида буд.

Ҳамчунин 1 августи соли 2019 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии панҷум ва ниҳоии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ- CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби футболи наврасони  то 16-солаи Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор шуда буд.

Ин вохӯрии ниҳоӣ пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи  дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Ҳамин тавр, дастаи  мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо касби 13 имтиёз пешсафи ҷадвал шуда, унвони чемпиони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро соҳиб шуда буд. Дастаи ғолиб аз Тоҷикистон бо Ҷоми мусобиқа ва медалҳои тилло сарфароз гардид. Дастаи   мунтахаби наврасони Ӯзбекистон барои ҷойи дуюм бо медалҳои нуқра ва дастаи мунтахаби наврасони  Эрон барои ҷойи сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуда буданд.

Сентябрь 20, 2019 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад