Имрӯз бозиҳои даври 17-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз мегарданд

Сентябрь 27, 2019 10:04

ДУШАНБЕ, 27.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 16:00, бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар ин даври мусобиқот  имрӯз дастаҳои футболи «Истаравшан»-и Истаравшан бо «Хатлон»-и Бохтар,  «Кӯктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ бо  «Истиқлол»-и Душанбе,  «Регар-ТадАЗ»-и  Турсунзода  бо  КМВА «Помир»-и  Душанбе  ва «Панҷшер»-и  Ҷалолиддини Балхӣ  бо «Худҷанд»-и Хуҷанд дар варзишгоҳҳои  мамлакат бо  ҳам вомехӯранд.

Ёдовар  мешавем, ки   дар бозиҳои даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи  футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар майдони худ бар дастаи «Панҷшер»-и  Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 4:0 ғалаба карда, бозии дастаҳои  КМВА «Помир» бо «Кӯктош» бо ҳисоби  мусовӣ (1:1) анҷом ёфт.

Голҳои дастаи «Хатлон»-и Бохтарро Абдухалил Боронов (2 гол), Парвиз Охунов ва Умарҷон Шарифов ба ҳадаф расониданд. Ба голи задаи футболбози дастаи ноҳияи Рӯдакӣ Азизбек Султонов дар нимаи аввал артишиҳо тавассути Шодибек Ғаффоров дар нимаи дуюм ҷавоб доданд. Нобарории  дастаи «Кӯктош» сабаб шуд, ки  дастаи  «Хатлон» бо 22 хол аз 16 бозӣ ба ҷои сеюми ҷадвали чемпионат барояд.

Дар бозиҳои  дигар дастаи футболи «Истиқлол» дар майдони худ ба дарвозаи дастаи «Истаравшан» 2 голи беҷавоб зад. Голҳоро Шериддин Бобоев ва Аҳтам Назаров ба ҳадаф расониданд. Дастаи «Хуҷанд» бар дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Турсуналӣ Рустамов ба нишон расонид.

 

ДАСТАҲО

 Б  Ғ  М  Б  Т/Т  Х
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  16  13  3  0  45-11  42
 2  «Хуҷанд» (Хуҷанд)  15  8  2  5  26-16  26
 3  «Хатлон» (Бохтар)  16  6  4  6  22-21  22
 4  «Кӯктош» (Рӯдакӣ)  16  5  5  6  23-23  20
 5  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)  16  5  4  7  22-26  19
 6  КМВА «Помир» (Душанбе)  16  5  4  7  16-22  19
 7  «Истаравшан» (Истаравшан)  15  5  2  8  13-21  17
 8  «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)  16  3  2  11  13-38  11
Сентябрь 27, 2019 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд