Имрӯз бозиҳои даври 17-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз мегарданд
ДУШАНБЕ, 27.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 16:00, бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар ин даври мусобиқот имрӯз дастаҳои футболи «Истаравшан»-и Истаравшан бо «Хатлон»-и Бохтар, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Истиқлол»-и Душанбе, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо КМВА «Помир»-и Душанбе ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо «Худҷанд»-и Хуҷанд дар варзишгоҳҳои мамлакат бо ҳам вомехӯранд.
Ёдовар мешавем, ки дар бозиҳои даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар майдони худ бар дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 4:0 ғалаба карда, бозии дастаҳои КМВА «Помир» бо «Кӯктош» бо ҳисоби мусовӣ (1:1) анҷом ёфт.
Голҳои дастаи «Хатлон»-и Бохтарро Абдухалил Боронов (2 гол), Парвиз Охунов ва Умарҷон Шарифов ба ҳадаф расониданд. Ба голи задаи футболбози дастаи ноҳияи Рӯдакӣ Азизбек Султонов дар нимаи аввал артишиҳо тавассути Шодибек Ғаффоров дар нимаи дуюм ҷавоб доданд. Нобарории дастаи «Кӯктош» сабаб шуд, ки дастаи «Хатлон» бо 22 хол аз 16 бозӣ ба ҷои сеюми ҷадвали чемпионат барояд.
Дар бозиҳои дигар дастаи футболи «Истиқлол» дар майдони худ ба дарвозаи дастаи «Истаравшан» 2 голи беҷавоб зад. Голҳоро Шериддин Бобоев ва Аҳтам Назаров ба ҳадаф расониданд. Дастаи «Хуҷанд» бар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Турсуналӣ Рустамов ба нишон расонид.
|
ДАСТАҲО |
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | Х | |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 16 | 13 | 3 | 0 | 45-11 | 42 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 15 | 8 | 2 | 5 | 26-16 | 26 |
| 3 | «Хатлон» (Бохтар) | 16 | 6 | 4 | 6 | 22-21 | 22 |
| 4 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 16 | 5 | 5 | 6 | 23-23 | 20 |
| 5 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 16 | 5 | 4 | 7 | 22-26 | 19 |
| 6 | КМВА «Помир» (Душанбе) | 16 | 5 | 4 | 7 | 16-22 | 19 |
| 7 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 15 | 5 | 2 | 8 | 13-21 | 17 |
| 8 | «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) | 16 | 3 | 2 | 11 | 13-38 | 11 |








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






