ИМРӮЗ – РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ. Дипломати тоҷик дар бораи рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия

Сентябрь 29, 2019 08:02

ДУШАНБЕ, 29.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон расман Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат мулоҳизаҳои Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ РАҶАБИЁН роҷеъ ба муносибатҳои ду кишвар пешниҳоди хонандагон мегардад. Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия 27 сол муқаддам маҳз дар ҳамин рӯз  — 29 сентябр барқарор гардидаанд.

 Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳз ба шарофати дипломатияи фаъоли хеш зимни татбиқи сиёсати созандаи дохилӣ ва хориҷӣ ба давлати воқеии соҳибистиқлол мубаддал гардидааст.

Эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати соҳибистиқлол, тақвияти мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ ва рушди муносибат ва ҳамкорӣ бо кишварҳои гуногуни олам натиҷаи сиёсати хориҷии ҳадафманд бо мақсади рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба буд.

Ташаккули муносибат ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо Ҷумҳурии Туркия дар ҳамин замина сурат гирифт. Муносибатҳои дипломатӣ миёни ду давлат  баъд аз эътирофи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷумҳурии Туркия ҳанӯз 29 январи соли 1992 барқарор  шуда буд.

Ду кишвар дар ин давра тавонистанд дар муносибатҳои дуҷониба фазои мусоиди эътимод, заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ ва абзорҳои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд фароҳам оваранд.

Дар раванди рушди ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст боздидҳои расмии роҳбарияти олии ду кишвар, мулоқоту гуфтушунидҳои пурмуҳтавои онҳо, ки то имрӯз дар фазои ҳусни тафоҳум ва созандагӣ сурат гирифтаанд, нақши калидӣ доштанд.

Боиси тазаккур аст, ки сафари охирини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия 17-18 декабри соли 2012 дар муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат мақоми муҳим касб намуда, барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Зимни ин сафар 12 санади дуҷониба ба имзо расид, ки дар ташаккули заминаҳои ҳуқуқии муносибат ва ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ мегардиданд.

ДАР АКС: мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Раиси Идораи рушд ва дастгирии соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Туркия (KOSGEB) Доктор Ҷеваҳир Узкурт 14 марти соли 2018.

Гузашта аз ин, ҷонибҳо бори аввал дар робита ба таъсиси Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар сатҳи олӣ ба мувофиқа расиданд, ки ба сифати абзори дигари муассири баррасии мавзӯоти ҳамкорӣ ва пайгирии рушди муносибатҳо метавонад арзи вуҷуд намояд. Имрӯзҳо баргузории нишасти нахустини ин Шӯро мавриди ҳамоҳангии ҷонибҳо қарор дорад.

Ахиран, дидору гуфтугӯҳои сарони ду давлат дар доираи иштирок дар кори Нишасти 13-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Исломобод (01.03.2017) ва зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли равон ба раванди рушди минбаъдаи муносибат ва ҳамкории ду мамлакат такони тоза бахшиданд.

Дар ҳошияи Нишасти сарони кишварҳои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (15 июни соли 2019) мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Р.Т.Эрдоган баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои вобаста ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ миёни ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мувофиқаҳои сарони ду мамлакат барои тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, сайёҳӣ, маориф, фарҳанг ва шарикии дарозмуддат ҳамчун самтҳои   афзалиятноки сиёсати хориҷии ду кишвар заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Дар тӯли як соли охир бо мақсади рушди бештари ҳамкорӣ миёни ду давлат тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд. Дар ин давра ҷонибҳо ҷиҳати баррасии мавзӯоти ҳамкорӣ ва баргузории ҷаласаҳои абзорҳои дуҷониба фаъол буданд. Ҳамин тартиб, дар ин давра сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин (22-23 апрели соли 2019) ба Ҷумҳурии Туркия сурат гирифт, ки зимни он имконияти фаъол гардонидани сафарҳои сатҳи олӣ ва баланд ба кишварҳои ҳамдигар, фаъолияти абзорҳои ҳамкории дуҷониба миёни ду давлат, густариши ҳамкории байнипарлумонӣ бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Туркия Фуад Октай (23 апрели соли 2019), Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафа Шентоп (22 апрели соли 2019), Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Мевлут Чавушоғлу (22 апрели соли 2019) ва Вазири саноати кишвари Туркия — ҳамраиси Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ (23 апрели соли 2019) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар баробари ин, дар робита ба масъалаҳои  вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар мулоқотҳо зимни сафари Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия (5 августи соли 2019), Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Туркия (6 августи соли 2019) ва ҳамзамон ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (5-6 августи соли 2019) табодули афкор сурат гирифт ва бо мақсади андешидани чораҳои амалӣ мувофиқаҳои алоҳида низ ҳосил гардиданд.

Доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркия зимни баргузории Машваратҳои сиёсӣ миёни ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии ду давлат (7 марти соли 2019) дар шаҳри Душанбе ва сафари ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон-Туркия дар шаҳри Анқара (10 апрели соли 2019) баррасӣ гардида буданд.

Масъалаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи муносибот ва ҳамкорӣ мунтазам зимни дидору гуфтушунидҳои масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Туркия бо мақомоти расмӣ ва доираи соҳибкорони ин кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ҳамин тартиб, ду ҷониб барои иҷрои мувофиқаҳое, ки зимни дидору гуфтушунидҳои Сарони ду давлат ҳосил гардида буд, талош хоҳанд кард.

Дар ин давра, робитаҳои байнипарлумонӣ миёни ду давлат, ки тӯли солҳои ҳамкорӣ таҳким ёфтаанд, заминаи мусоид барои ҳамкории созанда гардиданд. Мулоқотҳои солҳои охир миёни раисони парлумонҳои Тоҷикистон ва Туркия (дар соли 2013 дар Анқара ва дар соли 2014 дар шаҳри Теҳрон дар ҳошияи баргузории ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ) дар ин раванд нақши муҳим доштанд. Имрӯз ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар доираи Иттиҳодияҳои  байнипорлумонии байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Ассамблеяҳои байнипарлумонии Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҷараён доранд.

Айни замон имконияти сафари ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Туркия — Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди ҳамоҳангӣ қарор дорад, ки метавонад имконияти мусоид барои рушди бештари ҳамкории байнипарлумонӣ гардад.

То ба имрӯз миёни ду давлат заминаҳои мусоиди ҳуқуқии муносибат ва ҳамкорӣ ташаккул ёфтаанд. Дар ин давра зиёда аз 65 созишномаю ёддошти тафоҳум ва дигар санадҳои ҳамкорӣ (шартнома, созишнома, ёддоштҳои тафоҳум, эъломияҳои муштараки сарони давлатҳо, барномаҳо ва протоколҳо) байни ду кишвар ба имзо расидаанд. Маҳз дар заминаи ин санадҳо имконияти мусоиди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маорифу фарҳанг ва дигар бахшҳои иҷтимоию башарӣ фароҳам гардидаанд. Дар баррасии ҷонибҳо дар марҳалаи кунунӣ ҳудуди 30 тарҳи санадҳои дигари дуҷониба  қарор доранд.

Ҳамин тартиб, ду ҷониб дар ин давра тавонистанд дар ҳамкории хеш ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гарданд. Туркия, бо вуҷуди коҳиши нисбии ҳаҷми гардиши мол солҳои охир яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Таҳлили муқоисавӣ бо солҳои 2011-2013 нишон медиҳад (беш аз 650 млн. доллари ИМА), ки ду давлат дорои иқтидори бузург барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории тиҷоратӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар мебошанд. Ҳаҷми гардиши мол миёни ду мамлакат солҳои 2016-2018 аз раванди рушди дубораи он шаҳодат медиҳад. Дар соли 2018-ум ҳаҷми савдо дар муқоиса бо соли 2017-ум ба андозаи 23 фоиз зиёд гашт ва бештар аз 400 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Ҷумҳурии Туркия бо дарназардошти натиҷаҳои чанд соли охир шарики чоруми тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин кишвар дар содироти маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои аввал қарор дорад. Айни замон ҷонибҳо ба мақсади иҷрои мувофиқаи сарони ду давлат оид ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол то 1 млрд доллари ИМА тадбирҳо меандешанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия асосан пахта, алюминий ва дигар маҳсулоти саноатӣ содир намуда, аз Туркия молҳои саноатӣ, сохтмонӣ, технологӣ, хӯрокворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалиндараҷаи аҳолиро ворид менамояд.

Дар баробари ин, бояд зикр намуд, ки сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Туркия ба шумор меравад. Сармоягузориҳои Туркия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти тайёр солҳои охир аз раванди рушд бархурдоранд. Бо сармояи Туркия ва сармояи муштарак дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди 90 корхона дар иқтисодиёти Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки дар соҳаҳои гуногуни саноати кишвар фаъолият менамоянд. Ҳаҷми сармоягузории Туркия ба иқтисодиёти Тоҷикистон давоми солҳои 2007-2019 ҳудуди 200 млн. доллари ИМА — ро ташкил додааст.

Ду ҷониб дар доираи ҳамкорӣ бо Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон низ дар татбиқи тарҳҳои хурду миёна дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ-иқтисодӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондаанд.

Ҷонибҳо ҳамзамон дар раванди таҳкими робитаҳо дар соҳаи нақлиёту боркашонӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ ба дастовардҳои мушаххас ноил гардидаанд.

Ҳамкории фарҳангии ду давлат аз умқи таърих сарчашма мегиранд. Тоҷикистон ва Туркия дорои мероси фарҳангии муштарак мебошанд, ки ба номи мутафаккири бузург ва шахсияти ҷаҳонӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ вобастагии зич дорад. Муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии мардумони ду давлат заминаҳои мусоиди робитаҳои Тоҷикистон ва Туркияро фароҳам овардаанд.

Имрӯз ду давлат дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигарҳо ҳамкории босамар ва муваффақ ба роҳ мондаанд.

Тоҷикистон ва Туркия оид ба аксари масъалаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи ҳамсон ва монанд доранд. Дар арсаи байналмилалӣ аз ташаббусҳо ва мавқеи созандаи ҳамдигар ҷонибдорӣ менамоянд. Ду давлат дар робита ба аксари масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, таъмини амну субот дар кишварҳои ҷангзадаи минтақа ва ҷаҳон, ҳалли қазияи Афғонистон, муборизаи муштарак бар зидди терроризму тундгароӣ ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба ба роҳ мондаанд.

Мавриди зикр аст, ки айни замон имконияти сафари Президенти Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди ҳамоҳангӣ қарор дорад. Президенти ин кишвар зимни мусоҳиба бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Туркия ҳанӯз дар аснои бозгашт аз сафари кориаш аз Тоҷикистон, ки дар қаламрави ин кишвар тобиши зиёд пайдо кард, дар фурсати наздики имконпазир бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф бурдани худро таъкид намуд.

Раванди рушди муносибат ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркия дар сатҳҳо ва самтҳои гуногун аз ояндадор будани ҳамкорӣ миёни ду давлат шаҳодат медиҳад ва бо мақсади дастрасӣ ба сатҳи баланди ҳамкорӣ тадбирҳои амалии бештар андешида хоҳанд шуд.

Маҳмадалӣ РАҶАБИЁН,
Сафири Фавқулода ва
Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Ҷумҳурии Туркия

Сентябрь 29, 2019 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Нидерланд бахшида ба Конфронси оби СММ-2023 дар Ню-Йорк мизи мудаввари сатҳи баланд доир намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷаласаи 46-уми солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин иштирок кард
Тоҷикистон ва Туркия масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд
Дар Ню-Йорк мулоқоти муштараки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо муовини Дабири кулли СММ баргузор шуд
Дар Ню-Йорк тақсимоти оқилонаи обро ҷиҳати эҷод намудани амнияти озуқаворӣ дар ҷаҳон муҳокима карданд
Дар Ню-Йорк нишасти вазирони корҳои хориҷии қолаби «С5+1» баргузор гардид
Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии ғайрирасмии вазирони кишварҳои СҲИ оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ширкат варзид
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Абдуҷаббор Раҳмонзода: «Ҳама ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳӣ ёфтанд, ки аввал тирпаррониро қирғизҳо шуруъ намуданд ва баъд ҷанг сурат гирифт»
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти 21-уми солонаи Гурӯҳи кишварҳои тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ иштирок намуд
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Расонаи мустақили туркии «Orta Asiya» оид ба амалҳои мусаллаҳонаи Қирғизистон дар сарҳад маълумоти муфассал нашр намуд
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Сафири Тоҷикистон ба ҷониби Қатар оид ба идомаи иқдомҳои иғвогаронаи Қирғизистон дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ маълумот дод