«Истиқлолияти давлатӣ-арзиши муқаддаси миллӣ»-таҳти ин унвон дар Агентии хизмати давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ доир гардид

Сентябрь 5, 2019 14:23

ДУШАНБЕ, 05.09.2019/АМИТ «Ховар»/. «Истиқлолияти давлатӣ-арзиши муқаддаси миллӣ»-таҳти ин унвон дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа зикр шуд, ки ташкили ин ниҳод дар даврони соҳибистиқлолӣ боз як қадами устувор дар роҳи омода намудани кадрҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯ, таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва нуфузи хизмати давлатӣ маҳсуб мегардад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҷаласаро  директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов ифтитоҳ намуда, вобаста ба рушди соҳаи хизмати давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маърӯза намуд.

Зимни суханронии мавсуф  таъкид гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз баракати Истиқлолияти Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму талош дар марҳилаи навини давлатсозӣ қадамҳои устувор гузошта, давра ба давра нақшаҳои азими бунёдкориро татбиқ менамояд.

Зикр гардид, ки давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати созандаи Президенти мамлакат дар радифи дигаргунсозиҳои куллӣ такмили низоми идоракунии давлатӣ яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистон якчанд марҳилаи ислоҳоти идоракунии давлатиро амалӣ намуда, дар бунёди давлатдории муосир ва ташаккули соҳаи хизмати давлатии касбӣ таҷрибаи ғаниро соҳиб гардид.

Ҳамин аст, ки аввалин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 13 ноябри соли 1998 қабул гардида, асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти хизмати давлатии муосири Тоҷикистон бунёд гардиданд.

Бо мақсади ташкили низоми самараноки хизмати давлатӣ 25 январи соли 2001 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ-Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ташкили ин ниҳод боз як қадами устувор дар роҳи омода намудани кадрҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯ, таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва нуфузи хизмати давлатӣ маҳсуб мегардад.

Сарвари давлат дар робита ба ин мавзӯъ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2002 зикр намуданд: «Бо мақсади баланд бардоштани нақш ва мавқеи хизматчиёни давлатӣ дар ҷомеа, интизому савияи дониши онҳо, таҷрибаи кордонию касбиашон, интихоби кадрҳои боистеъдоду ба манфиатҳои мардум содиқ ва ба як низоми муайян овардани сохтори идораҳои мамлакат Идораи хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ба ин мақоми навтаъсис зарур аст, ки ҳарчи зудтар ба ҳалли проблемаҳои мавҷуда машғул шуда, тартибу низомро дар ин самт таъмин намояд».

Солҳои 2002-2019 дар робита ба татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ бо мақсади таҳким бахшидани иқтидори кадрии мақомоти давлатӣ тавассути истифодаи роҳу усулҳои интихобу ҷобаҷогузории дурусти ҳайат, муайян намудани самаранокии саҳми хизматчии давлатӣ дар татбиқи вазифаҳои мақоми давлатӣ аз тариқи иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчии давлатӣ, таъмини болоравии мансабии хизматчии давлатӣ, таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ, дигар ҳавасмандкунӣ ва дастгирии хизматчиёни давлатӣ зиёда аз 200 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва роҳандозӣ гардиданд.

Вазифаҳои асосии сиёсати давлатии кадрҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ, пеш аз ҳама, мутобиқсозии иқтидорҳои кадрӣ ба талаботи муосир ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии онҳо буда, дар ин раванд сиёсати кадрӣ бояд бар пояи донишҳои муосир дар бораи идоракунии захираҳои инсонӣ татбиқ гардад.

Масъалаи тарбияи кадрҳои болаёқату соҳибистеъдод аз ҳисоби ҷавонон аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун яке масъалаҳои калидии давлатсозӣ буда, пайваста дар меҳвари сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Агар ба раванди ташаккули ниҳоди хизмати давлатӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи таркибии идоракунии давлатӣ назар андозем, маҷмӯи тадбирҳоеро мебинем, ки ҳамагӣ барои фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷиҳати таҳкими саҳми ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ҷалб ва иштироки ҷавонон дар хизмати давлатӣ нигаронида шудаанд. Аз ҷониби Сарвари давлат ба ин мавзӯъ ҳамчун ба яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Дар ин замина дар доираи татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо масъалаҳои тарбия, интихоб, пешбарӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби ҷавонон, ҷавонгардонии ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда мавқеи муҳим касб мекунад.

Дар низоми хизмати давлатии шаҳрвандӣ ба ҳолати 1 июли соли 2019 шумораи ҷавонони то 35-сола ба 47 фоиз расида, дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди ҷавонони то 35-сола 1530 нафар ё 26,9 фоизро ташкил медиҳад.

Мувофиқи таҳлилҳои омории соҳаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ, то 1 июли соли 2019 аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 23,5 фоизро занон ташкил дода, ҳиссаи занон дар мансабҳои роҳбарикунанда 18,4 дар сад аст.

Бо назардошти ин, айни замон ҳамкории Агентии хизмати давлатӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ташкилоти таълимии соҳавии давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо мақомоти ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва мактабҳои олии идоракунии давлатии Россия, Қазоқистон, Беларус, Чин, Япония, Ҷумҳурии Корея ва ғайраҳо ҳамаҷониба вусъат меёбад.

Аз ҷумла, дар доираи татбиқи Лоиҳаи Ҳукумати Япония оид ба пешниҳоди стипендияҳо ҷиҳати омодасозии кадрҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Лоиҳаи JDS) аз соли 2009 то инҷониб 55 нафар намояндагони Тоҷикистон ба магистратура ва докторантураи Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан, Донишгоҳи байналмилалии Япония ва Донишгоҳи Хиросима барои таҳсил фиристода шуданд.

Аз ин теъдод 40 (зан-5) нафар магистратураи донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, дар сохторҳои гуногуни давлатӣ бомуваффақият фаъолият доранд. Айни замон таҳсили 15 нафар (12 нафар дар магистратура ва 3 нафар дар докторантура) идома дорад.

Инчунин дар ҷамъомад мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Абдуллои Раҳнамо дар мавзӯи «Ҷамъбасти марҳилаи барқарории давлатдории миллӣ ва оғози рушди устувори он», муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирхоҷаи Неру дар мавзӯи «Истиқлолият-арзиши муқаддаси миллӣ», муовини озоди Раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаи пурмуҳтаво намуданд.

Ҳамзамон дар ҳамоиш хизматчиёни давлатие, ки бори аввал ба кор  дар Агентии хизмати давлатӣ қабул карда шуданд, тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати ба халқу Ватан содиқона хизмат кардан ботантана савганд ёд намуданд.

Дар ҷамъбасти ҳамоиш ба ифтихори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 нафар хизматчиёни давлатии вазорату идораҳо, ки ба дастовардҳои назарраси хизматӣ ноил гардида, дар татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд, инчунин 15 нафар кормандони Агентии хизмати давлатӣ, ки софдилона ва бомасъулият уҳдадориҳои мансабии худро иҷро менамоянд, бо мукофотҳои идоравӣ, рутбаҳои тахассусӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Сентябрь 5, 2019 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент