Карим Каримзода, муовини Раиси Суди конститутсионӣ: «Истиқлолият ва худшиносию худогоҳӣ метавонанд моро аз ҳама гуна нобасомониҳои манфии геополитикӣ раҳоӣ бахшанд”
ДУШАНБЕ, 08.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Таърихи тоҷикон шурўъ аз давраи зуҳури ин халқ ва ташаккули он ба сифати нажоди ориёӣ ва баъдан тоҷик аз рўйдодҳои муҳими сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ саршор буда, як қисмати ноҳамвори таърихи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Раванди пайдоиш ва ташаккули ин нажод аз замонҳои хеле қадим, яъне ҷамоаи авлодӣ ва қабилавӣ шурўъ гашта, расидани он ба дараҷаи халқият ё миллат ба осонӣ ва якранг ҷараён нагирифтааст. Бунёди халқи мазкур дар як минтақаи ҷуғрофии алоҳида ба туфайли омезиши авлоду қабилаҳои гуногуни сарзамини ориёӣ, ташаккули муносибатҳои хешутаборчигӣ, пайдоиши забон ва расму оини ягона асос ёфтааст. Саҳифаҳои таърихи он аз муборизаҳои хунин барои мавҷудият, инчунин омезиши тамаддун, фарҳанг, забон ва нажодҳо низ орӣ нест.
Дар як сарзамини тулонӣ, аз Шимол — аз ҳавзаи рўдхонаи Волга то ба Ҳиндустони Марказӣ ва аз Шарқ — аз Чину Муғулистон то ба рўдхонаи Дунаю минтақаи Осиёи Хурд арзи ҳастӣ намудан, мубориза ва истодагарӣ дар назди табиати сангин, омўхтан ва истифодаи табиат ба мақсади баҳрабардорӣ ва беҳ намудани шароити зист, ром ва мутеи худ намудани ҳайвоноти ваҳшӣ, рў овардан ба чорводорӣ, даст задан ба заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозию давлатдорӣ аз ҷидду ҷаҳди ҳанўз бармаҳали онҳо барои ҳастӣ, мавҷудият ва рушду такомул шаҳодат медиҳад.
Бавуҷудоварандаи аввалин дин будан, доштани пайғамбари соҳибкитоб бо номи Зардушт ва китоби ў Авасто, аввалин алифбо ва империяи бузурги ҷаҳонӣ бунёд кардан, фарҳанги оламшумул, осори хаттӣ ва ёдгориҳои меъморӣ ба мерос гузоштани онҳо нишони худшиносию худогоҳии гузаштагони мо мебошад.
Миллате дар ҷаҳон чунин асари гаронбаҳои таърихӣ, ба монанди Авасто надорад ва он барҳақ сарчашмаи маънавиёти миллати мо ба шумор меравад. Дар ҳамон замон дар ду нусха дар 12 ҳазор пўсти гов ва бо оби тилло навишта шудани 1200 боб аз худшинос ва соҳибтамаддун будани халқи мо башорат медиҳад. Мувофиқи гуфтаи муаррихи юнонӣ Плинӣ, Авастои Зардушт китоби бузургтарин дар ҷаҳон буда, аз 2 миллион байт иборат буд.
Дар ин асари търихӣ аҷдодони мо мазмуни фаъолияти инсони муътақидро дар сегонаи зардуштӣ: ҳумата, ҳухта, ҳварита «рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек» муайян намуда, онро ба «рафтори бад, гуфтори бад ва пиндори бад»-и инсони ғайри мўътақид муқобил гузоштаанд.
Ин таълимот дар тамоми давраи мавҷудияти халқи тоҷик ҳамчун сарчашмаи рафтору амали онҳо боқӣ монд.
Ҳамин аст, ки 2500 сол пеш аз ин аҷдоди гузаштаи мо Куруши Кабир амали инсондўстонае содир намуд, ки мислаш дар таърихи давлатдорӣ дида нашуда буд. Ў эълон кард, ки «ҳар кас дар интихоби дин озод аст. Одамон метавонанд кадом мазҳаб ва динеро, ки ба он эътиқод доранд, қабул намоянд, инчунин барои худ касб интихоб намоянд, ба шарте, ки ҳуқуқи дигаронро поймол накунанд».
Ҳамаи яҳудиёнро аз асорат озод намуда, супориш медиҳад, ки тамоми тиллову нуқраи аз онҳо гирифташударо ба онҳо баргардонанд, барои онҳо ҳама чизи заруриро муҳайё сохта, онҳоро ба Замини Муқаддас гусел намоянд. Ў ба яҳудиён мефармояд, ки дар Байтулмуқаддас ибодатгоҳи дуюми ҳазрати Сулаймонро (шоҳи сеюми яҳудиҳо, ҳокими афсонавии шоҳии Исроил дар солҳои 965-928 то солшумории мо, давраи гулгулшукуфии шоҳии Исроил, писари шоҳ Довуд, ки дар замони подшоҳиаш ибодатгоҳи Байтулмуқаддасро сохта буд) бунёд намоянд. Барои ин амали олиҳимматона Куруши Кабир дар Китоби Эзра, ки соли 460 то солшумории мо дар Байтулмуқаддас навишта шудааст, Нузули Масеҳ (Мессия) зикр мешавад. Бо ин сабаб Куруши Кабир дар Аҳди Қадим (Таврот) 23 маротиба зикр шуда, чандин маротиба дар назар дошта шудааст.
Барои некўкорию олиҳимматӣ дар Инҷил Куруш абадзинда эълон гардида, аз тарафи худо ба ў дода шудани тахту тоҷи шоҳӣ қайд карда мешавад. Аз ин рў, яҳудиён дар тамоми давраи дуру дарози таърихӣ ба наслҳои Куруш ҳамчун ба дўстон ва ҳимоятгарони худ аз истисморгарони селевидҳо ва римиҳо муносибат мекарданд.
Дар Эъломия дарҷ гардидаст, ки ҳамаи аҳолӣ аз эътиқод ва одатҳои гузаштагони мо ифтихор ва қаноатмандӣ мекарданд. Ҳатто юнониҳо, ки душманони доимии форсҳо ба ҳисоб мерафтанд, Курушро «қонунгузор» меномиданд. Ўро, инчунин бо номи Куруш-адолатпарвар, Куруш-олиҳиммат, Куруш-фотеҳи тавоно, Куруш-подшоҳи ботаҳаммул ном мебурданд ва шахсе, ки дар дунёи қадим то ин дараҷа ба таҳсину офарини шоҳону императорон сазовор шуда бошад, чуноне ки Куруши Кабир сазовор шудааст, дигар вуҷуд надорад.
Соли 1971 «Силиндри Куруш» аз ҷониби СММ аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърих эълон карда шудааст. Нусхаи Эъломия ба ҳамаи забонҳои расмии СММ тарҷума ва дар СММ маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.
Бо ин назардошт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд:
«Гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист.
Бояд гуфт, ки санади мазкур нахустин маротиба дар таърихи башар ҳуқуқ ба озодии виҷдон, ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзилро эътироф ва татбиқ кардааст.
Ба андешаи мо, аз ҷониби аҳли илм ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба таври сазовор қадршиносӣ гардидани ин санади боадолати таърихӣ ҳамчун нахустин эъломия доир ба ҳуқуқҳои фитрии инсон дар таърихи башар як амри хайр аст.
Аз ин рў, тоҷикон, ки дорои фарҳанги волои инсондўстӣ мебошанд, татбиқи орзуву ормонҳои ниёгони гузаштаи хеш ва ҳадафу талошҳои донишмандону мутафаккирони худро дар хусуси инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, қадру қимат ва шаъну номуси ў ба Конститутсияи худ ҷой доданд».
Мавриди зикр аст, ки худшиносии миллӣ яке аз хислатҳои асосии ҳар миллат аст ва инкишофи он имкон медиҳад, ки миллат ҳамчун гурўҳи устувори таърихан ба вуҷудомадаи одамон, ки дар заминаи забони умумӣ, ҳудуди зист, ҳаёти иқтисодӣ, фарҳанг ва хислати ба худ хос ташаккул меёбад, фарқ карда, таркиб ёбад. Ин раванди худшиносӣ ва рушди хислати фарҳангӣ ва ба худ хоси миллат, инчунин хислати инсонӣ низ мебошад ва ба ў имконият медиҳад, ки ба кадом миллат мансуб буданашро муайян намояд.
Худогоҳии миллӣ худро ҳамчун миллат дарк кардани инсон аст. Ба таври дигар гўем, он аз тарафи инсон дарк кардани амалҳои худ, ҳиссиёт, андеша, мақсади рафтор, манфиат ва мавқеи худ дар ҷомеаро ифода мекунад ва рушди худогоҳӣ шарти муҳими ташаккули шахсият ба шумор меравад.
Агар ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ифтихормандӣ аз мансубият ба нажоди созандаю бунёдкор ва соҳибтамаддун, инчунин масъулияти инсонию шаҳрвандии фарзандони барумандӣ ин халқ нисбат ба ҳифз ва афзун гардонидани дастовардҳои гузаштагонашон намебуд, минбаъд ба давлатдорию девонсолорӣ, фарҳанги ҷаҳоншумул ва истиқлолияти миллӣ намерасидем.
Олими тоҷик С.Абдуллоев навиштааст: «Пўшида нест, ки тоҷикон аз аҳди бостон дар таъйиди муҳимтарин равандҳои таърихии машриқзамин ва бад-ин васила ҷомеаи башарӣ нақши умда ва созанда доштанд… дастгоҳҳои муназзам ва комили идорӣ, ки Сомониён бунёд ниҳоданд, дар тўли чанд қарни баъдина барои силсилаҳои Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва ғайра сармашқ ва чароғи ҳидоят буд».
Ё чуноне, ки алломаи араб Ҷоҳиз (ваф. 869) навишта буд «… ва мо ойин ва қавонини кишвар ва кишвардорӣ ва тартиб додани табақоти вижагон ва хавос ва соири табақоти оммаро аз онҳо гирифта ва сиёсатмадорӣ ва мардумнавозӣ аз онон омўхтем».
Ҳатто дар давраҳои алоҳидаи барои рушду такомули хеш басо номусоид ва вазнини таърихӣ авлодони гузаштаи мо на танҳо фано нагаштанд, онро инкишоф медоданд ва чуноне қайд карда мешавад, «ҳатто баъд аз нақли коргузории девонҳо ба забони арабӣ, ки мақсади аъроб аз он ҷилвагарӣ аз нуфузи фарзонагони Аҷам ва рўҳонияти миллии онҳо созмони идораи хилофат буд, донишварони ин сарзамини адабпарвар ба зудӣ ба забони араб тасаллут ёфта, девонҳои навтаъсиси арабиро таҳти нуфузи худ қарор доданд».
Ё магар Салмони Форс ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ надошт? Ў бо ақлу заковат ва хиради волои худ то ба дараҷаи саҳобагӣ ва наздикию дўстии Ҳазрати Паёмбар (с) ноил гардид. Ҳамин аст, ки Паёмбарамон ба мардуми форсу тоҷик таваҷҷуҳи хоса пайдо кард.
Зикр мегардад, ки рўзе Ҳазрати Паёмбар (с) оятеро мехонд, ки маънои он ин аст: агар эй араб, Шумо аз ин дин рўй бигардонед, қавме пайдо хоҳад шуд, ки кори ин динро пеш хоҳад бурд. Асҳоб аз ў суол карданд, ки он кадом қавм аст? Дар ин асно Салмони Форс дар паҳлўи вай нишаста буд. Паёмбар гуфт: Қавми Салмони Форс кори ин динро ба шоистагӣ пеш хоҳад бурд».
Шояд гуфтаи Ҳазрати Паёмбар (с) дар хусуси он ки «биҳиштиён бо забони арабӣ ва форсӣ такаллум мекунанд», аз ҳамнишинӣ, наздикӣ ва дўстии Ҳазрати Паёмбар бо Салмони Форс аст.
Ба ин масъала дахл карда, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «яке аз кўшишҳои ҷиддие, ки дар таърихи миллати мо барои пешгирии нуфузи забони арабӣ ва тамаддуни қавмҳои бегона корбаст гардид, ин бузургдошти забони модарӣ, пос доштани ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ дар замони давлатдории Сомониён буд». (Раҳмонов Э.Ш. Ҷавонон- ояндаи миллат. (Садои Мардум, 21 майи соли 1998)
Дар аҳди Сомониён, алалхусус амир Исмоили Сомонӣ ба итмом расидани ташаккули халқи тоҷик, шаҳодати нақши ин сулола ва амир Исмоил дар фароҳам овардани шароити мусоиди сиёсию иҷтимоӣ ва муҳими адабию фарҳангӣ дар роҳи шинохти ин миллат гардид.
«Ман девори Бухороям» гуфтани амир Исмоил низ аз сатҳи баланди худшиносиву худогоҳии ў дарак медиҳад, ки дар давраи салтанати худ тавонист амнияти давлату шаҳрвандон ва рушду такомули давлатро таъмин намояд, бо ҳамин ба ташаккули халқи тоҷик мусоидати назаррас намуд.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат таъкид доштанд: «Давраи эҳёи маданият, фарҳанг, рушди илму адабиёт ва шукўҳи иқтидори давлати тоҷикон ба аҳди Сомониён, хусусан шох Исмоили Сомонӣ марбут аст. Ин давронро метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори тамаддуни миллӣ ва авҷи камолоти давлатдорӣ, ташакули шахсиятҳои барўманд номид. Нирўи ақлу заковат ва созандагиву эҷодкорӣ маҳз дар ҳамин даврон ба авҷи аъло расид». (Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикон дар оинаи таърих.С.9-10.)
Халқи тоҷик то абад аз номи Гурдофарид, Томирис, Рухшона, Маликаи Бухордот, Робиаи Балхӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Зебунисо, Нодира ва даҳҳо дигар хоҳарону модарони фарзона, донишманду оқила, размандаву ҷасур бо эҳтиром ва бо ифтихор ёд мекунад. Онҳо дар баробари дигар фарзандони фарзонаи миллат бори ҳастии миллатро кашида, саҳм ва ҷойгаҳи муносиби онҳо дар шинохти миллӣ нақши арзандаро соҳиб аст.
Қаҳрмониҳои Шераки далер, Муқаннаъ, Спитамен, Темурмалик, Восеъ ва муборизаи онҳо ба муқобили истилогарони сарзамини мо ва истисморгарони халқ саҳифаҳои таърихи моро боз ҳам бою пурғановат гардонида, имрўзҳо низ боиси фахр ва намунаи ибрати ҳазорон ҷавонмардони миллатанд.
Мавриди зикр аст, ки истиқлолияти фарҳангии халқи тоҷик дар расидан ба истилолияти сиёсии он нақши калидӣ дорад. Дар ин замина забон, фарҳанг, адабиёт ва нобиғаҳои оламшумули халқамон, аз қабили Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ ва дигарон новобаста аз надоштани давлати миллӣ ва истиқлолияти сиёсӣ, ки тўли ҳазор соли охир идома дошт, ҳамчун муаррифгари халқу миллати тоҷик монда, роҳи моро мунаввар сохта, ба истиқлолиятхоҳию ватандорӣ ҳидоят мекарданд. Чуноне ки Фирдавсӣ менависад:
Басе ранҷ бурдам дар ин соли сӣ,
Аҷам зинда кардам бад — ин порсӣ!
Ё ки «Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома гашт», шаҳодати гуфтаҳои болоянд.
Ин рукнҳо ва ғояҳои асосии давлатдорӣ, минбаъд низ дар ташкили ҷумҳурии мухтори сотсиалистӣ (1924), ҷумҳурии алоҳидаи шўравӣ (1929) ва алалхусус давлати мустақили тоҷикон (1991) нақши калидӣ бозиданд.
Андеша ва ғояҳои инсондўстона, амалу рафтори олиҳимматона, нексириштӣ ва накўкорӣ, саховатпешагӣ ва ҷавонмардии аҷдодони дуру наздики мо барои наслҳои имрўзаву ояндаи мо ибратомўзанд, барои худшиносиву худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ мактаби нотакроранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба моҳияти истиқлолияти давлатӣ дахл карда, дар Паёмашон ба муносибати 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «мову шумо бояд ҳеҷ гоҳ фаромўш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо хуни ҳазорон далерону родмардони ватанпарвар навишта шуданд. Аз ин лиҳоз, давраи нуздаҳсолаи истиқлолияти Тоҷикистон дар умқи таърихи куҳанбунёдамон реша дорад ва ҳамеша аз он нерўву ғизо мегирад».
Ҳамин аст, ки истиқлолият «муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерўи таконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо» арзёбӣ мегардад.
Сарвари давлат моҳият ва ҷавҳари аслии истиқлолияти давлатиро амиқ дарк намуда, онро танҳо дар худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллии халқи тоҷик дарёфт. Дар давраи басо ҳасоси таърихи навини миллатамон «ман ба Шумо сулҳ меорам» ва «то он вақте ки як ҳамватани мо берун аз кишвар аст, ман худро ором ҳисобида наметавонам», натиҷаи олии шуҷоат, далерӣ ва мардонагӣ, ифтихор аз гузаштаи ноҳавори таърихи миллат ва фарзандони барўманди он ба шумор меравад, ки аз ҳисси баланди ватандўстӣ ва ҳуввияти миллии ў дарак медиҳад. Амалҳои ҷавонмардонаи ў ҳосили нек ба бор овардаанд, ки мо аз самараи онҳо бархӯрдор мебошем.
Пешвои миллат истиқлолияти миллиро пайваста тараннум, таъкид ва ҳифзи онро муқаддастарин вазифаи инсонию шаҳрвандии ҳар фарди бо нангу номуси миллат арзёбӣ менамояд ва худ парчамбардори ин давлати соҳибистиқлол пазируфта шудааст.
Дар аввалин санадҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, аз қабили Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 августи соли 1990). Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (9 сентябри соли 1991) нахустин бор масъалаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи Тоҷикистон ва давлати миллии он, ҳуқуқи ҳар халқ дар таъмини сарнавишти худ, эҳтироми тамоми халқу миллатҳо, таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як инсон эълон гардиданд.
Санадҳои таърихии зикршуда, ҳамчунин як қатор принсип ва институтҳои умумиэътирофшудаи давлатдории демократӣ, аз қабили: ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, мустақилият дар муносибатҳои байналмилалӣ, инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ, эътирофи шаклҳои гуногуни моликият, арзиши оллӣ будани инсон, ҳуқуқу озодиҳои онро эълон намуданд.
Пас истиқлолияти давлатӣ, ки аз замони ба даст овардани он 28 сол сипарӣ мешавад, ба халқи тоҷик чӣ дод?
Аввалан, истиқлолият- ин орзую омол ва муборизаи дуру дарози фарзандони баруманди халқи тоҷик аст, ки ҳамчун бузургтарин рўйдоди таърихӣ дар аввалҳои солҳои 90-уми садаи ХХ ба даст омад ва новобаста аз нобасомониҳои солҳои аввали истиқлолият он аз тарафи мардуми мо бо сарфарозӣ пазируфта шуд. Он то андозае ислоҳи таърихи нисбат ба сарнавишти халқи тоҷик ноодилона буда, ҳаққи ҳалолу раднопазири халқи мо мебошад. Ин руйдод ба халқи тоҷик шароити мусоиди сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард, ки бо дарки баланди масъулияти таърихӣ дар назди наслҳои гузашта, имрўзу оянда сарнавиш ва тақдири минбаъдаи худро ба дасти худ бигирад.
Баъдан, халқи тоҷик имконият пайдо намуд, ки бори аввал сарвари сиёсии худро дарёбад ва ўро тавассути раъйдиҳии умумихалқӣ якдилона ба роҳбарии худ пазирояд ва ба ў тақдири давлату миллатро бовар намояд.
Сарвари сиёсии мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аввалан ба ҳайси Раиси Шўрои Олӣ ва баъдан Президенти мамлакат тавонист дар вазъияти басо ноустувори сиёсию иҷтимоӣ самтҳои асосии марҳилаи аввали истиқлолияти давлатиро дурандешона муайян карда, давлати тозаистиқлолро аз парокандагӣ ва фаношавӣ эмин нигоҳ дорад. Ҳизбҳои сиёсию ҳаракатҳо ва гурўҳҳои гуногуни силоҳбадастро паси мизи гуфтушунид оварда, новобаста аз манфиатҳои гуногуни ба ҳам зидди онҳо манфиатҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро роҳандозӣ намуда, тавассути фарҳанги волои ваҳдати миллӣ дар мамлакат сулҳу салоҳро барқарор созад. Теъдоди зиёди гурезагон ва муҳоҷирони иҷбориро чӣ аз беруни кишвар ва чӣ аз дохили он ба ватан ва ба ҷои зисти муқимӣ баргардонида, дар дили онҳо шўълаи умед ва бовариро ба ояндаи худ барафрўзад. Онҳоро ба фаъолияти ободкорию созандагӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат ва идоракунии давлат сафарбар намояд.
Сеюм. Истиқлолияти давлатӣ барои расидан ба ваҳдати саросарии миллӣ дар мамлакат шароити сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард. Гуфтушунидҳо оид ба истиқрори сулҳ дар фазои давлати соҳибихтиёр баргузор мегардиданд, ки ин ҳолат ба раванди гуфтушунид, дарки масъулияти таърихӣ барои давлату миллат ва истиқлолияти ба дастомада бе таъсири мусбӣ намонд. Чуноне Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд — «маҳз бо ваҳдати миллӣ ва дар ин замина муттаҳид сохтани нерўҳои сиёсӣ, таъмин кардани ризоияти ҷомеа тавонистем, ки истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварамонро ҳифз кунем ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоем…
… Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо мебошад, ки ҳамдигарро нерўи тоза ва тақвият мебахшанд» («Ҷумҳурият», 29 июни соли 2011)
Чорум. Истиқлолияти давлатӣ ба мо имконият дод, ки бо дарку фаҳмиши худ, бо такя бо арзишҳои миллӣ ва арзишҳои умимиэътирофшудаи умумибашарӣ давлатдорӣ, хусусияти онро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягона ва низоми идоракунии онро интихоб намуда, моҳияти онро иҷтимоӣ арзёбӣ намоем. Тариқи раъйпурсӣ Конститутсияи давлати соҳибистиқлолро қабул намоем ва асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳукми қонунӣ бахшем. Сохтори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти низоми ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ, унсурҳои давлатдорӣ, аз қабили артиши миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амният, андозу гумрук ва дигарҳо таъсис дода шуда, фаъолияти онҳо ба ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, амният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона карда шуд.
Рамзҳои давлати миллӣ, аз қабили Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ва ҳама гуна арзишҳои ба таърих ва фарҳангу анъанаҳои давлатдории худро бунёд ва зинда намуда, онҳоро барои таъмини рушди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳӣ сафарбар намоем.
Панҷум, бо фарорасии ваҳдати миллӣ, давлат фаъолияти ҳамаҷонибаи худро ба ҳифз ва афзун гардонидани арзишҳои истиқлолият, ҳалли масъалаҳои муҳими давлатдорӣ ва давлатсозӣ ва бунёди асосҳои иқтисодӣ ва иҷтмоии ҷомеа сафарбар намуда, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани давлат, яъне муттаҳид намудани тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва аҳолии онҳо, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва стратегии худ арзёбӣ кард ва тамоми имкониятҳои сиёсию иқтисодии худро ба ҳалли масъалаҳои зикргардида равона намуд.
Натиҷаи ваҳдат ва ризоияти миллӣ ва дуруст муайян намудани дурномаи сиёсати иқтисодии мамлакат буд, ки аз соли 1997 сар карда, дар ҷумҳурӣ раванди пастравии иқтисодиёти миллӣ боздошта шуд, аз соли 2000 ба ҳама нобасомониҳои солҳои охир дар ҷаҳон нигоҳ накарда, рушди бемайлони он оғоз гардид.
Шашум, давлати Тоҷикистон ҳамун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ ва соҳибихтиёр сиёсати хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои миллӣ дар самтҳои ҳаётан муҳими давлатдорӣ амиқ муайян намуда, равобит ва ҳамкории судманд ва мутақобилаи худро пеш аз ҳама бо мамлакатҳои Осиёи Миёна, ки бо халқҳои ин давлатҳо умумиятҳои зиёди таърихию фарҳангӣ дорад, дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, бахусус Федератсияи Россия дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалии умумӣ ва минтақавӣ тавсеа бахшида, онҳоро барои ба амал баровардани манфиатҳои давлат ва ҷомеа равона месозад.
Ҳамкории судмандро бо мамлакатҳои Ғарб, Осиё, созмонҳои байналмилалии умумӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, муассисаҳои махсусгардонидашуда ва дигар мақомоти он, Созмони Конфронси Исломӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлат арзёбӣ мегарданд, ки натиҷаи ин ҳамкориҳо назаррас мебошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 таъкид доштанд, ки «метавонем бо итминон изҳор намоем, ки рисолат ва ҷавҳари ин сиёсат ҳимояи ҳамаҷонибаи манфиатҳои миллӣ, таъмини озодиву истиқлолияти мамлакат, амнияту суботи ҷомеа ва кафолати пешрафту тараққии кишвар, ҳамчунин тақвият бахшидан ба ҷойгоҳи хоси Тоҷикистон дар низоми навини робитаи байналмилалӣ ба шумор меравад… Тоҷикистон чун ҳамеша тарафдори ҳамкории созанда бо ҳар як ҷониби хайрхоҳ буда, сиёсати мутавозину мусолиатомез ва санҷидаву фарогиреро пеш гирифтааст, ки ҳадафи он ҳарчи зиёдтар намудани сафи дўстони Тоҷикистон аст…
… Мағзу мўҳтавои сиёсате, ки мо татбиқ менамоем ва онро бо номи «дарҳои кушода» ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаем, маҳз аз он иборат аст, ки мо бо ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ ва тамоми кишварҳо ҳамкории фаъол ва созанда дошта бошем».
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи шарафманди он дар рў ба рўи ҷашни 28-солагии истиқлолияти давлатӣ қарор доранд. Новобаста аз дастовардҳои 28 соли истиқлолият он аз ҳар вақти дигар дида ба ҳифз ва эҳтироми бештар ниёз дорад, зеро ҳодисаҳои пурпечутоб ва аз доираи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дури вақтҳои охир баръало нишон медиҳанд, ки халалдор намудани истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ба муноқишаи сиёсию ҳарбӣ кашидани халқҳо ва давлатҳо тавассути дасти соҳибқудратҳо ба амалияи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Пайдо намудан ва мустаҳкам гардондани нуфузи худ дар минтақаҳои гуногуни ҷуғрофии аз ҷиҳати стратегӣ муҳим ва дорои захираҳои бойи ашёи хом, соҳиб шудан ба бозорҳои ҷаҳонии энергетикӣ ва манфиатҳои ҳалкунанда дар сиёсати ҷаҳонӣ ба вазъи муносибатҳои байналмилалӣ тағйироти ҷиддӣ ворид намуданд.
Ин равандҳои номатлуб набояд аз ҷониби мо сарфи назар карда шаванд. Дар навбати худ, танҳо худшиносу худогоҳ будан, доштани ҳувияти миллӣ, дуруст дарк кардани манфиатҳои миллӣ, муттаҳидӣ дар атрофи Сарвари давлат ва муттаҳидии миллат метавонанд моро аз ҳама гуна нобасомониҳо манфии геополитикӣ раҳоӣ бахшанд.
Аз ҷониби дигар, муносибати ҳокимият ва ҷомеа бояд дар доираи манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат ва бе майлон баланд бардоштани вазъи иҷтимоӣ ва некўаҳволии халқ сурат бигирад. Дари идораи давлат бояд барои фарзандони баруманди ин миллат кушода бошад, ақлу заковат, фарҳанг ва қудратҳои зеҳнии мамлакат бояд атрофи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дурнамои рушди давлату давлатдорӣ гирд оварда шаванд. Унсурҳои барои давлатдорӣ ва идораи давлат бегона, аз қабили маҳаллу маҳалгароӣ, сарпарастии беасос ва бе салоҳиятӣ дар кору амали давлатдорӣ, ки боиси нофаҳмӣ дар ҷомеа, беэътибор ва заиф гаштани ҳокимият ва дар маҷмўъ давлат мегардад, бояд аз байн бурда шаванд.
Ҳақ ба ҷониби А.Маҳмадаминов аст, ки мегўяд: «ниҳоди кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба рўйдодҳои оғози саддаи XX шабоҳате дорад. Масъалаи худогоҳии миллӣ, шинохту посдории манфиатҳои мардуму кишвар, устувор доштани пояи истиқлолу ягонагӣ, боло бурдани сатҳи донишу огоҳии мардум, дуруст таъин кардани роҳи тараққиёти ҷомеа ва монанди инҳо аз он ҷумлаанд» (Мадаминов А. Адабиётшиносӣ ва худогоҳии миллӣ. Душанбе: Сино. 1998. С.7).
Истиқлолияти давлатӣ дар баробари ваҳдати миллӣ, ватан, ватандорӣ, худшиносиву, худогоҳӣ бояд мояи ифтихор ва нангу номуси миллии ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон гардад. Он бояд ғояи муттаҳидкунанда ва рушди фарҳанги миллии мо бошад. Зеро маҳз музаффариятҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва рушди устувори иқтисодиёти миллӣ моро ба сўи ҷомеаи ҳақиқатан демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ раҳнамун месозанд.
Пас мо бояд аз фарзандони фарзонаи ин миллат сабақ гирем, худшиносу худогоҳ бошем, ҳувияти миллӣ дошта бошем. Арзишҳои миллиро чун гавҳараи чашм ҳифз кунем ва тоҷик будан барои мо бояд мояи ифтихор гардад.
Танҳо дар ҳамин ҳолат давлати мо метавонад умри абад дошта бошад ва мо дар он осуда зиндагӣ ва ҳаёт ба сар бурда метавонем.
Карим КАРИМЗОДА,
муовини Раиси Суди
конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои сиёсӣ