Карим Каримзода, муовини Раиси Суди конститутсионӣ: «Истиқлолият ва худшиносию худогоҳӣ метавонанд моро аз ҳама гуна нобасомониҳои манфии геополитикӣ раҳоӣ бахшанд”

Сентябрь 8, 2019 09:27

ДУШАНБЕ, 08.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Таърихи тоҷикон шурўъ аз давраи зуҳури ин халқ ва ташаккули он ба сифати нажоди ориёӣ ва баъдан тоҷик аз рўйдодҳои муҳими сиё­сӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ саршор буда, як қисмати ноҳамвори таърихи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

Раванди пайдоиш ва ташаккули ин нажод аз замонҳои хеле қадим, яъне ҷамоаи авлодӣ ва қабилавӣ шурўъ гашта, расидани он ба дараҷаи хал­қият ё миллат ба осонӣ ва якранг ҷараён нагирифтааст. Бунёди халқи маз­кур дар як минтақаи ҷуғрофии алоҳида ба туфайли омезиши авлоду қа­билаҳои гуногуни сарзамини ориёӣ, ташаккули муносибатҳои хешу­таборчигӣ, пайдоиши забон ва расму оини ягона асос ёфтааст. Саҳи­фа­ҳои таърихи он аз муборизаҳои хунин барои мавҷудият, инчунин оме­зиши тамаддун, фарҳанг, забон ва нажодҳо низ орӣ нест.

Дар як сарзамини тулонӣ, аз Шимол — аз ҳавзаи рўдхонаи Волга то ба Ҳиндустони Марказӣ ва аз Шарқ — аз Чину Муғулистон то ба рўд­хо­наи Дунаю минтақаи Осиёи Хурд арзи ҳастӣ намудан, мубориза ва исто­дагарӣ дар назди табиати сангин, омўхтан ва истифодаи табиат ба мақ­­сади баҳрабардорӣ ва беҳ намудани шароити зист, ром ва мутеи худ на­мудани ҳайвоноти ваҳшӣ, рў овардан ба чорводорӣ, даст задан ба за­миндорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозию давлатдорӣ аз ҷидду ҷаҳди ҳанўз бар­­маҳали онҳо барои ҳастӣ, мавҷудият ва рушду такомул шаҳодат ме­диҳад.

Бавуҷудоварандаи аввалин дин будан, доштани пайғамбари соҳиб­китоб бо номи Зардушт ва китоби ў Авасто, аввалин алифбо ва им­перияи бузурги ҷаҳонӣ бунёд кардан, фарҳанги оламшумул, осори хаттӣ ва ёдгориҳои меъморӣ ба мерос гузоштани онҳо нишони худ­ши­носию худогоҳии гузаштагони мо мебошад.

Миллате дар ҷа­ҳон чунин асари гаронбаҳои таърихӣ, ба монанди Авасто надорад ва он  барҳақ сарчашмаи маънавиёти миллати мо ба шу­мор меравад. Дар ҳамон замон дар ду нусха дар 12 ҳазор пўсти гов ва бо оби тилло  навишта шудани 1200 боб  аз худшинос  ва  соҳибтамаддун бу­да­ни хал­қи мо башорат медиҳад. Мувофиқи гуфтаи муаррихи юнонӣ Пли­нӣ, Авастои Зардушт китоби бузургтарин дар ҷаҳон буда, аз 2 мил­лион байт иборат буд.

Дар ин асари търихӣ аҷдодони мо мазмуни фаъолияти инсони муътақидро дар сегонаи зардуштӣ: ҳумата, ҳухта, ҳварита «рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек» муайян намуда, он­ро ба «рафтори бад, гуф­тори бад ва пиндори бад»-и инсони ғайри мўъ­тақид муқобил гузоштаанд.

Ин таълимот дар тамоми давраи мавҷудияти халқи тоҷик ҳамчун сарчашмаи рафтору амали онҳо  боқӣ монд.

Ҳамин аст, ки 2500 сол пеш аз ин аҷдоди гузаштаи мо Куруши Ка­бир амали ин­сон­дўстонае содир намуд, ки мислаш дар таърихи давлат­дорӣ дида на­шуда буд. Ў эълон кард, ки «ҳар кас дар интихоби дин озод аст. Ода­мон метавонанд кадом мазҳаб ва динеро, ки ба он эътиқод до­ранд, қабул намоянд, инчунин барои худ касб интихоб намоянд, ба шар­те, ки ҳуқуқи дигаронро поймол накунанд».

Ҳамаи яҳудиёнро аз асорат озод намуда, супориш медиҳад, ки та­моми тиллову нуқраи аз онҳо гирифташударо ба онҳо баргардонанд, барои онҳо ҳама чизи заруриро муҳайё сохта, онҳоро ба Замини Муқад­дас гусел намоянд. Ў ба яҳудиён мефармояд, ки дар Байтулмуқаддас ибодатгоҳи дуюми ҳазрати Сулаймонро (шоҳи сеюми яҳудиҳо, ҳокими афсонавии шоҳии Исроил дар солҳои 965-928 то солшумории мо, давраи гулгулшукуфии шоҳии Исроил, писари шоҳ Довуд, ки дар замони подшоҳиаш ибодатгоҳи Байтулмуқаддасро сохта буд) бунёд намоянд. Барои ин амали олиҳимматона Куруши Кабир дар Китоби Эзра, ки соли 460 то солшумории мо дар Байтулмуқаддас навишта шудааст, Нузули Ма­сеҳ (Мессия) зикр мешавад. Бо ин сабаб Куруши Кабир дар Аҳди Қа­дим (Таврот) 23 маротиба зикр шуда, чандин маротиба дар назар дошта шудааст.

Барои некўкорию олиҳимматӣ дар Инҷил Куруш абадзинда эълон гардида, аз тарафи худо ба ў дода шудани тахту тоҷи шоҳӣ қайд карда мешавад.  Аз ин рў, яҳудиён дар тамоми давраи дуру дарози таърихӣ ба наслҳои Куруш ҳамчун ба дўстон ва ҳимоятгарони худ аз истисморга­рони селевидҳо ва римиҳо муносибат мекарданд.

Дар Эъломия дарҷ гардидаст, ки ҳамаи аҳолӣ аз эътиқод ва одатҳои гузаштагони мо ифтихор ва қаноатмандӣ мекарданд. Ҳатто юнониҳо, ки душманони доимии форсҳо ба ҳисоб мерафтанд, Курушро «қо­нун­гузор» меномиданд. Ўро, инчунин бо номи Куруш-адолатпарвар, Ку­руш-олиҳиммат, Куруш-фотеҳи тавоно, Куруш-подшоҳи ботаҳаммул  ном мебурданд ва шахсе, ки дар дунёи қадим то ин дараҷа ба таҳсину офа­­рини шоҳону императорон сазовор шуда бошад, чуноне ки Куруши Кабир сазовор шудааст, дигар вуҷуд надорад.

Соли 1971 «Силиндри Куруш» аз ҷониби СММ аввалин Эъломияи ҳу­­қуқи башар дар таърих эълон карда шудааст. Нусхаи Эъломия ба ҳа­ма­и забонҳои расмии СММ тарҷума ва дар СММ маҳфуз нигоҳ дошта ме­ша­вад.

Бо ин назардошт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои мил­лат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон иброз намуданд:

«Гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эъти­рофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бо­бат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиё­да аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист.

Бояд гуфт, ки санади мазкур нахустин маротиба дар таърихи башар ҳуқуқ ба озодии виҷдон, ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзилро эътироф ва татбиқ кардааст.

Ба андешаи мо, аз ҷониби аҳли илм ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба таври сазовор қадршиносӣ гардидани ин санади боадолати таърихӣ ҳамчун нахустин эъломия доир ба ҳуқуқҳои фитрии инсон дар таърихи башар як амри хайр аст.

Аз ин рў, тоҷикон, ки дорои фарҳанги волои инсондўстӣ мебо­шанд, татбиқи орзуву ормонҳои ниёгони гузаштаи хеш ва ҳадафу талош­ҳои дониш­мандону мутафаккирони худро дар хусуси инсон ва ҳуқуқу озо­диҳои он, қадру қимат ва шаъну номуси ў ба Конститутсияи худ ҷой доданд».

Мавриди зикр аст, ки худшиносии миллӣ яке аз хислатҳои асосии ҳар миллат аст ва инкишофи он имкон медиҳад, ки миллат ҳамчун гу­рўҳи устувори таърихан ба вуҷудомадаи одамон, ки дар заминаи забони умумӣ, ҳудуди зист, ҳаёти иқтисодӣ, фарҳанг ва хислати ба худ хос ташаккул меёбад, фарқ карда, таркиб ёбад. Ин раванди худшиносӣ ва рушди хислати фарҳангӣ ва ба худ хоси миллат, инчунин хислати инсонӣ низ мебошад ва ба ў имконият медиҳад, ки ба кадом миллат мансуб бу­данашро муайян намояд.

Худогоҳии миллӣ худро ҳамчун миллат дарк кардани инсон аст. Ба таври дигар гўем, он аз тарафи инсон дарк кардани амалҳои худ, ҳис­сиёт, андеша, мақсади рафтор, манфиат ва мавқеи худ дар ҷомеаро ифо­да мекунад ва рушди худогоҳӣ шарти муҳими ташаккули шахсият ба шумор меравад.

Агар ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ифтихормандӣ аз мансубият ба нажоди созандаю бунёдкор ва соҳибтамаддун, инчунин масъулияти инсонию шаҳрвандии фарзандони барумандӣ ин халқ нисбат ба ҳифз ва афзун гардонидани дастовардҳои гузаштагонашон намебуд, минбаъд ба давлатдорию девонсолорӣ, фарҳанги ҷаҳоншумул ва истиқлолияти мил­лӣ намерасидем.

Олими тоҷик С.Абдуллоев навиштааст: «Пўшида нест, ки тоҷи­кон аз аҳди бостон дар таъйиди муҳимтарин равандҳои таърихии машриқ­замин ва бад-ин васила ҷомеаи башарӣ нақши умда ва созанда дош­танд… дастгоҳҳои муназзам ва комили идорӣ, ки Сомониён бунёд ни­ҳоданд, дар тўли чанд қарни баъдина барои силсилаҳои Ғазнавиён, Сал­ҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва ғайра сармашқ ва чароғи ҳидоят буд».

Ё чуноне, ки алломаи араб Ҷоҳиз (ваф. 869) навишта буд «… ва мо ойин ва қавонини кишвар ва кишвардорӣ ва тартиб додани табақоти вижагон ва хавос ва соири табақоти оммаро аз онҳо  гирифта ва сиёсат­мадорӣ ва мардумнавозӣ аз онон омўхтем».

Ҳатто дар давраҳои алоҳидаи барои рушду такомули хеш басо номусоид ва вазнини таърихӣ авлодони гузаштаи мо на танҳо фано нагаштанд, онро инкишоф медоданд ва чуноне қайд карда мешавад, «ҳатто баъд аз нақли коргузории девонҳо ба забони арабӣ, ки мақсади аъроб аз он ҷилвагарӣ аз нуфузи фарзонагони Аҷам ва рўҳонияти миллии онҳо созмони идораи хилофат буд, донишварони ин сарзамини адабпарвар ба зудӣ ба забони араб тасаллут ёфта, девонҳои навтаъсиси арабиро таҳти нуфузи худ қарор доданд».

Ё магар Салмони Форс ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ надошт? Ў бо ақлу заковат ва хиради волои худ то ба дараҷаи  саҳобагӣ ва наздикию дўстии  Ҳазрати Паёмбар (с) ноил гардид. Ҳамин аст, ки Паёмбарамон ба мардуми  форсу тоҷик таваҷҷуҳи хоса пайдо кард.

Зикр мегардад, ки рўзе Ҳазрати Паёмбар (с) оятеро мехонд, ки маънои он ин аст: агар эй араб, Шумо аз ин дин рўй бигардонед, қавме пайдо хоҳад шуд, ки кори ин динро пеш хоҳад бурд. Асҳоб аз ў суол карданд, ки он кадом қавм аст? Дар ин асно Салмони Форс дар паҳлўи вай нишаста буд. Паёмбар гуфт: Қавми  Салмони Форс кори ин динро ба шоистагӣ пеш хоҳад бурд».

Шояд гуфтаи Ҳазрати Паёмбар (с)  дар хусуси он ки «биҳиштиён бо забони арабӣ ва форсӣ такаллум  мекунанд», аз ҳамнишинӣ, наздикӣ ва дўстии  Ҳазрати Паёмбар бо Салмони Форс аст.

Ба ин масъала дахл карда, Пешвои  миллат Эмомалӣ Раҳмон таъ­кид доштанд, ки «яке аз кўшишҳои ҷиддие, ки дар таърихи миллати мо барои пешгирии нуфузи забони арабӣ ва тамаддуни қавмҳои бегона кор­баст гардид, ин бузургдошти забони модарӣ, пос доштани ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ дар замони давлатдории Сомониён буд». (Раҳмонов Э.Ш. Ҷавонон- ояндаи миллат. (Садои Мардум, 21 майи соли 1998)

Дар  аҳди Сомониён, алалхусус амир Исмоили Сомонӣ  ба итмом ра­­сидани  ташаккули халқи тоҷик, шаҳодати нақши ин сулола ва амир Исмоил дар фа­­роҳам овардани шароити мусоиди  сиёсию иҷтимоӣ ва муҳи­ми адабию фарҳангӣ дар роҳи шинохти ин миллат гардид.

«Ман девори Бухороям» гуфтани амир Исмоил низ аз сатҳи баланди худ­­шиносиву худогоҳии ў дарак  медиҳад, ки дар давраи салтанати худ тавонист  амнияти давлату шаҳрвандон ва рушду такомули давлатро таъ­мин намояд, бо ҳамин ба ташаккули халқи тоҷик мусоидати назаррас намуд.

Чуноне ки Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат таъкид доштанд: «Давраи эҳёи маданият, фарҳанг, рушди илму адабиёт ва шукўҳи  иқтидори  давлати тоҷикон  ба аҳди Сомониён, хусусан шох Исмоили Сомонӣ марбут аст.  Ин давронро метавон марҳалаи дурах­шо­ну пурифтихори тамаддуни  миллӣ ва авҷи камолоти давлатдорӣ, та­шакули шахсиятҳои барўманд номид. Нирўи ақлу заковат ва созан­да­гиву эҷод­корӣ маҳз дар ҳамин даврон ба авҷи аъло расид». (Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикон дар оинаи таърих.С.9-10.)

Халқи тоҷик то абад аз номи Гурдо­фарид, То­ми­рис, Рух­шона, Ма­ликаи Бухордот, Робиаи  Балхӣ, Маҳастии Ху­ҷандӣ, Зебу­нисо, Нодира ва даҳҳо дигар хоҳарону модарони  фарзона, до­ниш­­манду оқила, размандаву ҷасур бо эҳтиром ва бо ифтихор ёд ме­кунад. Онҳо дар баро­бари дигар фарзандони фарзонаи миллат бори ҳастии миллатро ка­шида, саҳм ва ҷойгаҳи  муносиби онҳо дар шинохти миллӣ нақши арзандаро соҳиб аст.

Қаҳрмониҳои Шераки далер, Муқаннаъ, Спитамен, Темурмалик, Восеъ ва муборизаи онҳо ба муқобили истилогарони сарзамини мо ва истис­моргарони халқ саҳифаҳои  таърихи моро боз ҳам бою пурғановат гар­донида,  имрўзҳо низ боиси фахр ва намунаи  ибрати ҳазорон ҷавон­мардони миллатанд.

Мавриди зикр аст, ки истиқлолияти фарҳангии халқи тоҷик дар расидан ба истилолияти сиёсии он нақши  калидӣ дорад. Дар ин замина забон, фарҳанг, адабиёт ва нобиғаҳои оламшумули халқамон, аз қабили Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ ва дигарон новобаста аз надоштани давлати миллӣ ва истиқлолияти сиёсӣ, ки тўли ҳазор соли охир идома дошт, ҳамчун муаррифгари халқу мил­ла­ти тоҷик монда, роҳи моро мунаввар сохта, ба истиқлолиятхоҳию ватан­дорӣ ҳидоят ме­кар­­данд. Чуноне ки Фирдавсӣ менависад:

Басе ранҷ бурдам дар ин соли сӣ,

Аҷам зинда кардам бад — ин порсӣ!

Ё ки «Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома гашт», шаҳодати гуфтаҳои болоянд.

Ин рукнҳо ва ғояҳои асосии давлатдорӣ, минбаъд низ дар таш­ки­ли ҷумҳурии мухтори сотсиалистӣ (1924), ҷумҳурии алоҳидаи шўравӣ (1929) ва алалхусус давлати мустақили тоҷикон (1991) нақши калидӣ бозиданд.

Андеша ва ғояҳои инсондўстона, амалу рафтори олиҳимматона,  нексириштӣ ва накўкорӣ, саховатпешагӣ ва ҷавонмардии аҷдодони дуру наздики мо барои наслҳои имрўзаву ояндаи мо ибратомўзанд, барои худ­шиносиву худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ мактаби нотакроранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷум­­­ҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба моҳияти истиқлолияти дав­ла­тӣ дахл карда, дар Паёмашон ба муносибати 19-умин солгарди Истиқ­лолияти давлатии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «мову шумо бояд ҳеҷ гоҳ фаромўш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва воло­тарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пури­фтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо хуни ҳазорон далерону родмардони ва­танпарвар навишта шуданд. Аз ин лиҳоз, давраи нуздаҳсолаи истиқ­лолияти Тоҷикистон дар умқи таърихи куҳанбунёдамон реша дорад ва ҳамеша аз он нерўву ғизо мегирад».

Ҳамин аст, ки истиқлолият «муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерўи таконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо» арзёбӣ мегардад.

Сарвари давлат моҳият ва ҷавҳари аслии истиқлолияти давлатиро амиқ дарк намуда, онро танҳо дар худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти  мил­лии халқи тоҷик дарёфт. Дар давраи басо ҳасоси таърихи навини мил­латамон «ман ба Шумо сулҳ меорам» ва «то он вақте ки як ҳам­ва­тани мо берун аз кишвар аст, ман худро ором ҳисобида наме­тавонам», нати­ҷаи олии шуҷоат, далерӣ ва мардонагӣ,  ифтихор аз гузаштаи  ноҳа­вори таъ­рихи миллат ва фарзандони барўманди он ба шумор  меравад, ки аз ҳисси ба­ланди ватандўстӣ ва ҳуввияти миллии ў дарак медиҳад. Амалҳои ҷавон­мардонаи ў ҳосили нек ба бор овардаанд, ки мо аз са­мараи онҳо бархӯрдор мебошем.

Пешвои миллат истиқлолияти миллиро пайваста тараннум, таъ­кид ва ҳифзи онро муқаддастарин вазифаи инсонию шаҳрвандии ҳар фар­­­ди бо нангу номуси мил­лат арзёбӣ менамояд ва худ парчамбардори ин давлати соҳибистиқлол па­зируфта шудааст.

Дар аввалин санадҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, аз қабили Эъломияи истиқ­лолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 августи соли 1990). Изҳорот дар бо­раи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти дав­латии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (9 сентябри соли 1991) нахустин бор мас­ъалаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла масъулияти таърихӣ барои тақдири хал­қи Тоҷикистон ва давлати миллии он, ҳуқуқи ҳар халқ дар таъмини сар­навишти худ, эҳтироми тамоми халқу миллатҳо, таъмини зиндагии шо­иста барои ҳар як инсон эълон гардиданд.

Санадҳои таърихии зикршуда, ҳамчунин як қатор принсип ва инс­титутҳои умумиэътирофшудаи давлатдории демократӣ, аз қабили: яго­нагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми қаламрави Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонун­гузор, иҷроия ва судӣ, мустақилият дар муносибатҳои байнал­милалӣ, инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ, эътирофи шаклҳои гуногуни моликият, арзиши оллӣ будани инсон, ҳу­қуқу озодиҳои онро эълон намуданд.

Пас истиқлолияти давлатӣ, ки аз замони ба даст овардани он 28 сол сипарӣ мешавад, ба халқи тоҷик чӣ дод?

Аввалан, истиқлолият- ин орзую омол ва муборизаи дуру дарози фарзандони баруманди халқи тоҷик аст, ки ҳамчун бузургтарин рўйдоди таърихӣ дар аввалҳои солҳои 90-уми садаи ХХ ба даст омад ва новобаста аз нобасомониҳои солҳои аввали истиқлолият он аз тарафи мардуми мо бо сарфарозӣ пазируфта шуд. Он то андозае ислоҳи таърихи нисбат ба сарнавишти халқи тоҷик ноодилона буда, ҳаққи ҳалолу раднопазири халқи мо мебошад. Ин руйдод ба халқи тоҷик шароити мусоиди сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард, ки бо дарки баланди масъулияти таърихӣ дар назди наслҳои гузашта, имрўзу оянда сарнавиш ва тақдири минбаъдаи худро ба дасти худ бигирад.

Баъдан, халқи тоҷик имконият пайдо намуд, ки бори аввал сар­вари сиёсии худро дарёбад ва ўро тавассути раъйдиҳии умумихалқӣ  як­дилона ба роҳбарии худ пазирояд ва ба ў тақдири давлату миллатро бо­вар намояд.

Сарвари сиёсии мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аввалан ба ҳайси Раи­си Шўрои Олӣ ва баъдан Президенти мамлакат тавонист дар вазъияти басо ноустувори сиёсию иҷтимоӣ самтҳои асосии марҳилаи аввали ис­тиқ­­лолияти давлатиро дурандешона муайян карда, давлати тоза­истиқ­лолро аз парокандагӣ ва фаношавӣ эмин нигоҳ дорад. Ҳизбҳои сиё­сию ҳаракатҳо ва гурўҳҳои гуногуни силоҳбадастро паси мизи гуфту­шунид оварда, новобаста аз манфиатҳои гуногуни ба ҳам зидди онҳо ман­фиатҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро роҳандозӣ на­муда, тавассути фарҳанги волои ваҳдати миллӣ дар мамлакат сулҳу са­лоҳро барқарор созад. Теъдоди зиёди гурезагон ва муҳоҷирони иҷ­бориро чӣ аз беруни кишвар ва чӣ аз дохили он ба ватан ва ба ҷои зисти муқимӣ бар­гардонида, дар дили онҳо шўълаи умед ва бовариро ба ояндаи худ ба­рафрўзад. Онҳоро ба фаъолияти ободкорию созандагӣ ва иштироки фаъо­лона дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат ва идоракунии давлат сафарбар намояд.

Сеюм. Истиқлолияти давлатӣ барои расидан ба ваҳдати саро­сарии миллӣ дар мамлакат шароити сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард. Гуф­ту­шунидҳо оид ба истиқрори сулҳ дар фазои давлати соҳибихтиёр бар­гузор мегардиданд, ки ин ҳолат ба раванди гуфтушунид, дарки масъ­улияти таъ­рихӣ барои давлату миллат ва истиқлолияти ба дастомада бе таъсири мусбӣ намонд. Чуноне Пешвои мил­­лат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дош­танд  — «маҳз бо ваҳдати миллӣ ва дар ин замина муттаҳид сохтани нерў­ҳои сиёсӣ, таъмин кардани ризоияти ҷомеа тавонистем, ки истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии киш­ва­ра­мон­ро ҳифз кунем ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоем…

… Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳ­варии фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо мебошад, ки ҳам­ди­гар­ро нерўи тоза ва тақвият мебахшанд» («Ҷумҳурият», 29 июни соли 2011)

Чорум. Истиқлолияти давлатӣ ба мо имконият дод, ки бо дарку фаҳмиши худ, бо такя бо арзишҳои миллӣ ва арзишҳои умими­эъ­ти­роф­шудаи умумибашарӣ  давлат­дорӣ, хусусияти  онро ҳамчун давлати де­­мок­­ративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягона ва низоми идоракунии онро инт­ихоб намуда, моҳияти онро иҷтимоӣ арзёбӣ намоем. Тариқи раъй­пурсӣ Конститутсияи давлати соҳибистиқлолро қабул намоем ва асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳукми қонунӣ бах­шем. Сохтори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти низоми ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ, унсурҳои давлатдорӣ, аз қабили артиши миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амният, андозу гумрук ва дигарҳо таъсис дода шуда, фаъолияти онҳо ба ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, амният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона карда шуд.

Рамзҳои давлати миллӣ, аз қабили Парчам, Нишон ва Суруди мил­лӣ ва ҳама гуна арзишҳои  ба таърих ва фар­ҳангу анъанаҳои дав­лат­до­рии худро бунёд ва зинда намуда, онҳоро барои таъмини рушди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳӣ  сафарбар намоем.

Панҷум, бо фарорасии ваҳдати миллӣ, давлат фаъолияти ҳама­ҷонибаи худро ба ҳифз ва афзун гардонидани арзишҳои истиқлолият, ҳалли масъалаҳои муҳими давлатдорӣ ва давлатсозӣ   ва бунёди асосҳои иқти­содӣ ва иҷтмоии ҷомеа  сафарбар на­муда, аз бунбасти комму­ни­кат­сионӣ баровардани давлат, яъне муттаҳид наму­дани тамоми минта­қаҳои ҷумҳурӣ ва аҳолии онҳо,  расидан ба истиқ­ло­лияти энергетикӣ ва таъ­мини амнияти озуқавориро аз вазифаҳои авва­линдараҷа ва стратегии худ арзёбӣ кард ва тамоми имкониятҳои сиёсию иқтисодии худро ба ҳалли масъалаҳои зикргардида равона намуд.

Натиҷаи ваҳдат ва ризоияти миллӣ ва дуруст муайян намудани дур­номаи сиёсати иқтисодии мамлакат буд, ки аз соли 1997 сар карда, дар ҷумҳурӣ раванди пастравии иқтисодиёти миллӣ боздошта шуд, аз соли 2000 ба ҳама нобасомониҳои солҳои охир  дар ҷаҳон нигоҳ на­карда, рушди бемайлони он оғоз гардид.

Шашум, давлати Тоҷикистон ҳамун субъекти комилҳуқуқи бай­налмилалӣ ва соҳибихтиёр сиёсати хо­риҷии худ­ро бо назар­дошти ман­фиатҳои миллӣ дар самтҳои ҳаётан муҳими давлатдорӣ амиқ муайян на­муда, равобит ва ҳамкории судманд ва мутақобилаи худро пеш аз ҳама бо мам­ла­катҳои Осиёи Миёна, ки бо халқҳои ин давлатҳо умумиятҳои зиёди таърихию фарҳангӣ дорад, дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шў­равӣ, бахусус Феде­ратсияи Россия дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва дар дои­раи соз­мон­ҳои байналмилалии умумӣ ва минтақавӣ тавсеа бахшида, онҳоро барои ба амал баровардани манфиатҳои давлат ва ҷомеа равона месозад.

Ҳамкории судмандро бо мамлакатҳои Ғарб, Осиё, соз­монҳои бай­нал­милалии умумӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, муас­сисаҳои махсус­гардонидашуда ва дигар мақомоти он, Созмони Конф­ронси Исломӣ, соз­монҳои байналмилалии молиявӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлат арзёбӣ мегарданд, ки натиҷаи ин ҳамкориҳо назаррас мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси О­лии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 20 апрели соли 2011 таъкид доштанд, ки «метавонем бо итминон изҳор намоем, ки рисолат ва ҷавҳари ин сиёсат ҳимояи ҳамаҷонибаи манфиатҳои миллӣ, таъмини озодиву истиқлолияти мамлакат, амнияту суботи ҷомеа ва кафолати пешрафту тараққии киш­вар, ҳамчунин тақвият бахшидан ба ҷойгоҳи хоси Тоҷикистон дар ни­зоми навини робитаи байналмилалӣ ба шумор меравад… Тоҷикистон чун ҳамеша тарафдори ҳамкории созанда бо ҳар як ҷониби хайрхоҳ буда, сиёсати мутавозину мусолиатомез ва санҷидаву фарогиреро пеш гириф­тааст, ки ҳадафи он ҳарчи зиёдтар намудани сафи дўстони Тоҷикистон аст…

… Мағзу мўҳтавои сиёсате, ки мо татбиқ менамоем ва онро бо но­ми «дарҳои кушода» ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаем, маҳз аз он иборат аст, ки мо бо ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ ва тамоми кишварҳо ҳам­кории фаъол ва созанда дошта бошем».

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи шарафманди он дар рў ба рўи ҷаш­ни 28-солагии истиқлолияти давлатӣ қарор доранд. Новобаста аз дас­т­­о­вардҳои 28 соли истиқлолият он аз ҳар вақти дигар дида ба ҳифз ва эҳ­тироми бештар ниёз дорад, зеро ҳодисаҳои пурпечутоб ва аз доираи прин­сипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дури вақтҳои охир баръало нишон ме­ди­ҳанд, ки халалдор намудани истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ба муноқи­шаи сиёсию ҳарбӣ кашидани халқҳо ва давлатҳо тавассути дасти соҳиб­қудратҳо ба амалияи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Пайдо на­мудан ва мустаҳкам гардондани нуфузи худ дар минтақаҳои гуногуни ҷуғ­рофии аз ҷиҳати стратегӣ муҳим ва дорои захираҳои бойи ашёи хом, соҳиб шудан ба бозорҳои ҷаҳонии энергетикӣ ва манфиатҳои ҳалкунанда дар сиёсати ҷаҳонӣ ба вазъи муносибатҳои байналмилалӣ тағйироти ҷид­дӣ ворид намуданд.

Ин  равандҳои номатлуб набояд аз ҷониби мо сарфи назар карда шаванд. Дар навбати худ, танҳо худшиносу худогоҳ будан, доштани ҳув­ияти миллӣ, ду­руст дарк кардани манфиатҳои миллӣ, муттаҳидӣ дар ат­рофи Сарвари давлат ва муттаҳидии миллат  метавонанд моро аз ҳама гуна нобасомониҳо манфии геополитикӣ раҳоӣ бахшанд.

Аз ҷониби дигар, муносибати ҳокимият ва ҷомеа бояд дар доираи манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат ва бе майлон баланд бардоштани вазъи иҷтимоӣ ва некўаҳ­волии халқ сурат бигирад. Дари идораи давлат бояд барои фар­зандони баруманди ин миллат кушода бошад, ақлу за­коват, фарҳанг ва қуд­ратҳои зеҳнии мамлакат бояд атрофи ҳифзи ман­фиатҳои миллӣ  ва дур­намои рушди давлату давлатдорӣ гирд оварда ша­ванд. Унсурҳои ба­рои давлатдорӣ ва идораи давлат бегона, аз қабили маҳаллу маҳалгароӣ, сар­парастии беасос ва бе салоҳиятӣ дар кору амали давлатдорӣ, ки бои­си нофаҳмӣ дар ҷомеа, беэътибор ва заиф гаштани ҳокимият ва дар маҷмўъ давлат мегардад, бояд аз байн бурда шаванд.

Ҳақ ба ҷониби А.Маҳмадаминов аст, ки мегўяд: «ниҳоди кунунии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба рўйдодҳои оғози саддаи XX ша­боҳате дорад. Масъалаи худогоҳии миллӣ, шинохту посдории манфи­атҳои мардуму кишвар, устувор доштани пояи истиқлолу ягонагӣ, боло бурдани сатҳи донишу огоҳии мардум, дуруст таъин кардани роҳи тараққиёти ҷомеа ва монанди инҳо аз он ҷумлаанд» (Мадаминов А. Адабиётшиносӣ ва худогоҳии миллӣ. Душанбе: Сино. 1998. С.7).

Истиқлолияти давлатӣ дар баробари ваҳдати миллӣ, ватан, ва­тан­дорӣ, худшиносиву, худогоҳӣ бояд мояи ифтихор ва нангу номуси мил­лии ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон гардад. Он бояд ғояи муттаҳид­ку­нанда ва рушди фарҳанги миллии мо бошад. Зеро маҳз музаффа­рият­ҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва рушди устувори иқтисодиёти миллӣ мо­ро ба сўи ҷомеаи ҳақиқатан демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ раҳ­на­мун ме­созанд.

Пас мо бояд аз фарзандони фарзонаи ин миллат сабақ гирем, худ­шиносу худогоҳ бошем, ҳувияти миллӣ дошта бошем. Арзишҳои мил­лиро чун гавҳараи чашм ҳифз кунем ва тоҷик  будан барои мо бояд мояи ифтихор гардад.

Танҳо дар ҳамин ҳолат давлати мо метавонад умри абад дошта бошад ва мо дар он осуда  зиндагӣ ва ҳаёт ба сар бурда мета­во­нем.

 Карим КАРИМЗОДА,
муовини Раиси Суди
     конститутсионии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои сиёсӣ

Сентябрь 8, 2019 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии миллати мо давоми садсолаҳо ташаккул ёфтааст