Манзараҳои зебои Сари Хосор ва дигар мавзеъҳои Балҷувон сайёҳонро мафтун намудаанд

Сентябрь 21, 2019 11:29

БАЛҶУВОН, 21.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Манзараҳои зебои Ҷамоати деҳоти Сари Хосор ва дигар мавзеъҳои зебои ноҳияи Балҷувон таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро бештар ҷалб намуда, онҳоро мафтуни худ гардонидаанд. Дар инҷо барои қабули сайёҳон шароити мусоид ташкил гардида истодааст.

Тавре мудири бахши фарҳанги ноҳия Азизулло Талбов иттилоъ дод, дар ноҳия ширкатҳои сайёҳӣ ташкил гардида, хатсайрҳои сайёҳӣ низ тартиб дода шудаанд. Дар инҷо сайёҳии кӯҳнавардӣ, шикорӣ, экологӣ ва табобатӣ ба роҳ монда шудааст, ки таваҷҷуҳи сайёҳон ба он зиёд аст.

Ноҳияи Балҷувон бо табиати нотакрор ва мавзеъҳои таърихии худ кайҳост, ки диққати сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Дар бунёду навсозӣ ва  муҳайё намудани шароити мусоид барои сайёҳон соҳибкорони маҳаллӣ саҳми хешро мегузоранд.

Ба иттилои масъулин, дар ноҳияи Балҷувон имсол нисбат ба соли гузашта шумораи сайёҳон як баробар афзоиш ёфта, барои рушди соҳа инфрасохтору дигар шароит муҳайё гардонида мешавад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Балҷувон чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ободу зебо гардида, дар он даҳҳо иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд. Ин имкон дод, ки сокинони ноҳия бо ҷои кор ва шуғли доимӣ таъмин гарданд.

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб рафта, аксари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ин ҳисоб ба буҷаи кишварашон миллионҳо доллар фоида меоранд. Зимни сафар сайёҳон бо таъриху маданият ва фарҳанги мардумони ин сарзаминҳо шинос шуда, садҳо нафарони дигарро ба ин ҷойҳо ҷалб мекунанд.

Сентябрь 21, 2019 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид