Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳо машварати кории илмӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 21.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбарият ва намояндагони як зумра вазорату идораҳо, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар муассисаҳои илмиву таълимӣ машварати кории илмӣ доир намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни машварат иттилоъ медиҳад, дар он инчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доираи васеи олимону муҳаққон иштирок ва мубодилаи афкор намуданд.
Зикр шуд, ки мақсад аз баргузории машварати имрӯза баррасии масъалаи алоқаи илм бо истеҳсолот мебошад.«Мо бо муҳокимаи ҷиддии масъалаи мазкур мехоҳем дар оянда саҳми илми тоҷикро дар пешрафти иқтисодиёт ва рушди саноат бештар бубинем», — афзуд Азим Иброҳим.
Муовини Сарвазири мамлакат оид ба вазъи воқеии алоқаи илм бо истеҳсолот ва таҳлили ҳолати имрӯзаи ҳамкории олимон бо истеҳсолотчиён чунин гуфт: «Дар замони муосир таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохт, ки илму техника ҳамчун омили асосӣ ва муҳими рушди босуръати саноат маҳсуб ёфта, мавқеъ ва мақоми худро пайдо намудаанд».
Гуфта шуд, ки бо мақсади рушди саноат масъалаи таъмини алоқаи илм бо истеҳсолот дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
«Дар ин робита мақсади асосӣ дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмию техникии олимони мамлакат, технологияи пешқадам, ташаккул ва рушди фаъолияти навоварӣ – инноватсионӣ ва ба ин васила афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, зиёд намудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад», -афзуд мавсуф.
Зимнан, баррасии масъалаи мазкур дар ҳолест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуда, дар ин замина барои бунёди корхонаҳои муосири саноатӣ имтиёзҳои андозиву гумрукӣ фароҳам оварда шудааст. Яъне ин тадбирҳо имконият фароҳам меоранд, ки дастовардҳои муосир ва ба талаботи бозор ҷавобгӯи олимони тоҷик дар корхонаҳои саноатии мамлакат татбиқ ва коркард карда шаванд.
Азим Иброҳим қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Дар бораи парки технологӣ», «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Дар бораи ихтироот», як зумра қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва стартегияву барономаҳои давлатиро мисоли бебаҳси гуфтаҳои боло номид.
Бо вуҷуди он, ки чунин заминаи мустаҳками ҳуқуқии соҳавӣ амал мекунад, муовини Сарвазири мамлакат аз раванди мавҷудаи ҳамгироии илм ва корҳои илмиву тадқиқотии анҷомдодаи олимони тоҷик бо истеҳсолот изҳори нигаронӣ намуда, иҷрои старатегияву барномаҳои давлатии қабулгардидаро нигаронкунанда номид.
«Аз ҷумла, муҳлати татбиқи Барномаи комплексии мақсадноки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи дарёҳои хурд, офтоб, шамол, биомасса ва энергияи манбаҳои зеризаминӣ барои солҳои 2007-2015 ба анҷом расид, вале мутаассифона, ягон пешниҳоди дуруст дар ин мавзӯъ нест», — изҳори ташвиш намуд мавсуф.
Масалан, — гуфт Азим Иброҳим, дар дарёчаҳои кӯҳии Тоҷикистон қариб 320 неругоҳи барқии обии хурд сохта шудаанд, ки дар фасли зимистон қариб 160-170- тояш кор намекунад.
«Дар ин ҷо олимоне, ки вобаста ба обу гирдоэнергетика корҳои илмиву тадқиқотӣ анҷом медиҳанд, бояд ҳаҷм, суръат ва ҳарорати обро дар фаслҳои мухталифи сол таҳлил ва ба инобат гирифта, сипас пешниҳод менамуданд, — гуфт мавсуф ва илова намуд, ки мо олимоне дорем, ки дар соҳаи энергетика ва техника рисолаи номзадиву докторӣ ҳимоя кардаанд, вале мавзӯи самаранокии истифодаи дарёчаҳо барои гирифтани неруи барқ дар мо, мутаассифона, камсамар аст».
Дар машварат инчунин муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳаким Розиқзода ва дигарон оид ба масъалаи болозикр сухан карданд.
Мавриди зикр аст, ки иштирокдорон оид ба мавзӯъҳои муайян кардани имконияту заминаи воқеии илми тоҷик вобаста ба талаботи истеҳсолот ва нақши он дар рушди саноату иқтисодиёти миллии мамлакат дар замони муосир, мавқеи воқеии илми тоҷик дар рушди техникаву технологияи мамлакат, инчунин масъалаҳои ҷорӣ намудани натиҷаҳои илмӣ дар саноат ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ва роҳу усулҳои наздик намудани илм бо истеҳсолот мубодилаи афкор намуданд.
Азим Иброҳим бо таваҷҷуҳ ба анҷом додани корҳои илмӣ — бунёдии ба талаботи корхонаҳои саноатии ватанӣ ҷавобгӯ ва ба роҳ мондани ҳамкории судманди олимон бо саноатчиён ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»













Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд
ОГОҲӢ. То 14 феврал дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» се маротиба тағйиру илова ворид карда шуд






