Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳо машварати кории илмӣ доир намуд

Сентябрь 21, 2019 13:02

ДУШАНБЕ, 21.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбарият ва намояндагони як зумра  вазорату идораҳо, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар муассисаҳои илмиву таълимӣ машварати кории илмӣ доир намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни машварат иттилоъ медиҳад, дар он инчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доираи васеи олимону муҳаққон иштирок ва мубодилаи афкор намуданд.

Зикр шуд, ки мақсад аз баргузории машварати имрӯза баррасии масъалаи алоқаи илм бо истеҳсолот мебошад.«Мо бо муҳокимаи ҷиддии масъалаи мазкур мехоҳем дар оянда саҳми илми тоҷикро дар пешрафти иқтисодиёт ва рушди саноат бештар бубинем», — афзуд  Азим Иброҳим.

Муовини Сарвазири мамлакат оид ба вазъи воқеии алоқаи илм бо истеҳсолот ва таҳлили ҳолати имрӯзаи ҳамкории олимон бо истеҳсолотчиён чунин гуфт:  «Дар замони муосир таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохт, ки илму техника ҳамчун омили асосӣ ва муҳими рушди босуръати саноат маҳсуб ёфта, мавқеъ ва мақоми худро пайдо намудаанд».

Гуфта шуд, ки бо мақсади рушди саноат масъалаи таъмини алоқаи илм бо истеҳсолот дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

«Дар ин робита мақсади асосӣ дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмию техникии  олимони мамлакат, технологияи пешқадам, ташаккул ва рушди фаъолияти навоварӣ – инноватсионӣ ва ба ин васила афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, зиёд намудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат ва  баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад», -афзуд мавсуф.

Зимнан, баррасии масъалаи мазкур дар ҳолест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуда, дар ин замина барои бунёди корхонаҳои муосири саноатӣ имтиёзҳои андозиву гумрукӣ фароҳам оварда шудааст. Яъне ин тадбирҳо имконият фароҳам меоранд, ки дастовардҳои муосир ва ба талаботи бозор ҷавобгӯи олимони тоҷик  дар корхонаҳои саноатии мамлакат татбиқ ва коркард карда шаванд.

Азим Иброҳим қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати  давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Дар бораи парки технологӣ», «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Дар бораи ихтироот», як зумра қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва стартегияву барономаҳои давлатиро мисоли бебаҳси гуфтаҳои боло номид.

Бо вуҷуди он, ки чунин заминаи мустаҳками ҳуқуқии соҳавӣ амал мекунад, муовини Сарвазири мамлакат аз раванди мавҷудаи ҳамгироии илм ва корҳои илмиву тадқиқотии анҷомдодаи олимони тоҷик бо истеҳсолот изҳори нигаронӣ намуда, иҷрои старатегияву барномаҳои давлатии қабулгардидаро нигаронкунанда номид.

«Аз ҷумла, муҳлати татбиқи Барномаи комплексии мақсадноки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи дарёҳои хурд, офтоб, шамол, биомасса ва энергияи манбаҳои зеризаминӣ барои солҳои 2007-2015 ба анҷом расид, вале  мутаассифона, ягон пешниҳоди дуруст дар ин мавзӯъ нест», — изҳори ташвиш намуд мавсуф.

Масалан, — гуфт Азим Иброҳим, дар дарёчаҳои кӯҳии Тоҷикистон қариб 320 неругоҳи барқии обии хурд сохта шудаанд, ки дар фасли зимистон қариб 160-170- тояш кор намекунад.

«Дар ин ҷо олимоне, ки вобаста ба обу гирдоэнергетика корҳои илмиву тадқиқотӣ анҷом медиҳанд, бояд ҳаҷм, суръат ва ҳарорати обро дар фаслҳои мухталифи сол таҳлил ва ба инобат гирифта, сипас пешниҳод менамуданд, — гуфт мавсуф ва илова намуд, ки мо олимоне дорем, ки дар соҳаи энергетика ва техника рисолаи номзадиву докторӣ ҳимоя кардаанд, вале мавзӯи самаранокии истифодаи дарёчаҳо барои гирифтани неруи барқ дар мо, мутаассифона, камсамар аст».

Дар машварат инчунин муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳаким Розиқзода ва дигарон оид ба масъалаи болозикр сухан карданд.

Мавриди зикр аст, ки иштирокдорон оид ба мавзӯъҳои муайян кардани имконияту заминаи воқеии илми тоҷик вобаста ба талаботи истеҳсолот ва нақши он дар рушди саноату иқтисодиёти миллии мамлакат дар замони муосир, мавқеи воқеии илми тоҷик дар рушди техникаву технологияи мамлакат, инчунин масъалаҳои ҷорӣ намудани натиҷаҳои илмӣ дар саноат ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ва роҳу усулҳои наздик намудани илм бо истеҳсолот мубодилаи афкор намуданд.

Азим Иброҳим бо таваҷҷуҳ ба анҷом додани корҳои илмӣ — бунёдии ба талаботи корхонаҳои саноатии ватанӣ ҷавобгӯ ва ба роҳ мондани ҳамкории судманди олимон бо саноатчиён ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

 

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 21, 2019 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Умед Бобозода ва Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ масоили ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои нав ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ному осори Абуалӣ ибни Сино боиси сарфарозии тамоми инсоният гардидааст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат мебошад»
Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид
«ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ». Гурӯҳи тарғиботӣ — ташвиқотӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва Шаҳринав дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро муаррифӣ намуд
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
10 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Баррӯшон соҳиби манзилҳои нав мешаванд
Бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода самти асосии фаъолияти ин ниҳод аст