Мусобиқаи футзал барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои хориҷӣ-2019» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 17.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ аз 17 то 28 сентябр дар Маҷмааи варзишии Вазорат миёни дастаҳои корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорат мусобиқаи футзал барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои хориҷӣ-2019» баргузор мегардад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар назар аст, ки зимни мусобиқаи мазкур дастаҳои сафоратҳои муқими мамлакат, аз ҷумла, ИМА, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Покистон, Россия, Украина, Ӯзбекистон, Иттиҳоди Аврупо ва дастаҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО), Ҷамъияти германии ҳамкории байналмилалӣ, ҶСП “Бонки Покистон”, инчунин ду дастаи Вазорат иштирок намоянд.
Бояд зикр намуд, ки тибқи барнома мусобиқа ҳамарӯза аз соати 17:00 то 19:00 идома меёбад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






